ШУМО ДАР САХИФАИ КОШОНАИ ШАХЛО БЕШТАР ЧИ ГУНА МАВОДХОРО ДИДАН МЕХОХЕД?

ШАХРИ МАРДУМ-ШАХРИ ЗАРД

ШАХРИ МАРДУМ ШАХРИ ДАРД,

ШАХРИ МАРДУМ ШАХРИ ЗАРД,

ШАХРИ МАРДУМ ШАХРИ ГАРД, 

ШАХРИ МАРДУМ ШАХРИ САРД

Мой список блогов

Популярные сообщения

вторник, 17 мая 2011 г.

КИ АБДУЛМАНОНИ ВОСЕЪГИРО КУШТ?


ТАВРЕ ХАБАР ДОДЕМ, ТАЪРИХИ 15УМИ МАЙИ СОЛИ ЧОРИ ШАХРВАНДИ ТОЧИКИСТОН, СОКИНИ НОХИЯИ ВОСЕЪ, БАРОТОВ АБДУЛМАНОН АБДУЛВАХОБОВИЧ, СОЛИ ТАВЛИДАШ 22 УМИ МАРТИ СОЛИ 1988, СОАТИ ТАХМИНАН 8-9 И БЕГОХИ ХАНГОМИ БО МОШИНИ САБУКРАВАШ БА СУЙИ МАСЧИД РАХСИПОР МЕГАРДАД ВА ХАМИН ЛАХЗА БА МОШИНИ КАМАЗЕ БАРМЕХУРАД ВА САДАМАИ АВТОМОБИЛИ РУХ МЕДИХАД. 
РОНАНДАИ КАМАЗ ШАХРВАНДИ РУСИЯ НИКОЛАЙ ПРИПАНОВ КИ ДАР ХОЛАТИ МАСТИ КАРОР ДОШТ, АЙНИ ЗАМОН ДАСТГИР ШУДА ТАФТИШОТИ СУДИ ИДОМА ДОРАД. АБДУЛМАНОН ХАНУЗ ШАХДИ ДОМОДИРО НАЧАШИДА БУДУ ОРЗУХОИ ЗИЁДЕ ДАР ДИЛ МЕПАРВАРИД.ЧУН ХАНУЗ ДАВРАИ КУДАКИАШОН ПАДАР БАРМАХАЛ АЗ КАСАЛИ ВАФОТ КАРДА ОНХОРО ТАРК НАМУДА БУД, У САРОБОНИ ОИЛА БА ХИСОБ МЕРАФТ. ИН ЧАВОНМАРДИ БОИМОНУ НАМОЗХОНРО ДАР МАХАЛЛАИ ИРИНОВСКИЙИ ШАХРИ ПИТЕР ХАМА МЕШИНОХТАНДУ ЭХТИРОМАШ МЕКАРДАНД. ХАРЧАНД ЧАВОН ХАМ БОШАД АЛЛАКАЙ УРО ХАМЧУН ЯК ЧАВОНИ БОМАЪРИФАТУ ИЛМОМУЗ МЕДОНИСТАНД. ОН БЕГОХИИ ВОПАСИНИ ХАЁТАШ У БА МАСЧИД ШИТОБ ДОШТ. АММО....

ВАКТЕ КИ ИН ГУРАМАРГРО БА БЕМОРХОНА ОВАРДАНД, АЛЛАКАЙ ЧИСМАШ САРД ШУДА АРМОНИ ИН ДУНЁРО ТАРК НАМУДА БУД. 
ХАНГОМЕ КИ БА БЕМОРХОНА АКАИ НЕЪМАТ БОБОЧОНОВ, КОРИ АМРУЛЛОХ, МУЛЛО НАСУЛЛО ОМАДАНД, КОРМАНДОНИ БЕМОРХОНА БА ОНХО АВВАЛ ДУРУГ ГУФТА ТАЪКИД КАРДАНД, КИ ГУЁ АЛЛАКАЙ ЧАСАДИ МАХТУЛРО БА МОРГ БУРДА БОШАНД. АММО НЕЪМАТ БОБОЧОНОВ ГУФТ КИ "ЧАРО ФИРЕБ МЕКУНЕД? КАНИ ЧАСАДИ ИН ТОЧИКИ ГУРАМАРГ?"
ДУХТУРИ НАВБАТДОР НОИЛОЧ ЧАСАДРО БА ОНХО НИШОН ДОД. ХАМОН ЧО ЧАВОНМАРДОНИ ТОЧИК ИН ГУРАМАРГИ НАВБАТИРО БО РАСМУ РУСУМИ МУСУЛМОНИ КАФАН КАРДА СУБХАШ БА ВАТАН ФИРИСТОДАНД. САБАБИ ПИНХОН КАРДАНИ ЧАСАДИ ИН ТОЧИКБАЧА  ТО ХОЛ НОМАЪЛУМ АСТ.
ХАНУЗАМ БА СУОЛХОИ ХУД ЧАВОБ МЕЧУЯМ...
1. ЧАРО ВАКТЕ КИ ДУ МОХ ПЕШТАР ХИММАТШОИ ДАРВОЗИРО ДАР НАЗДИ МЕТРОИ РИБАТСКОЕИ ШАХРИ ПИТЕР РОНАНДА БАДМАСТ СОАТИ 7-СУБХ БО МОШИНАШ ЗЕР КАРД, КАСЕ АЗ ВАО-И РУСИЯ ЧИЗЕ НАГУФТ. АММО ВАКТЕ КИ ЯК ТОЧИКБАЧАРО ХАНГОМИ КОР КАРДАНАШ ДАР СОХТМОНИ САРДУ ЗАХ БАРОИ БЕ ХУЧЧАТИ ИЧОЗАТИ КОР НАДОШТАНАШ ДАСТГИР НАМОЯНД, БА ТАМОМИ РУЗНОМАВУ САЙТХОЯШОН ЛАХЗА БА ЛАХЗА ДАР ИН ХУСУС МЕНАВИСАНДУ МЕНАВИСАНД. ВАКТЕ КИ РОНАНДАРО СУБХИ СОЛЕХОН ДАР ХОЛАТИ МАСТИ ДАСТГИР МЕКУНАНД, ЧОРАЕ ДИДА НАМЕШАВАД.
2.ЧАРО КИ БАЪДИ БО КАМАЗ ЗЕР КАРДАНАШ ИН РОНАНДАИ БАДМАСТ ТО ХОЛ АККАЛАН ЧУБРОНЕ БАРОИ ИН ГУРАМАРГ НАСУПОРИДААСТ. ЧАРО КИ ЧАСАДИ ИН ТОЧИКБАЧАРО АЗ ХАМВАТАНОН ПИНХОН КАРДАН ХОСТАНД.
БОЗ ЧАРО ВА ЧАРОХОИ ЗИЁДЕ.....
РУХИ ХАМАИ ГУРАМАРГОН ШОД БОД!
ХАР НАВБАТЕ КИ БО БАРОДАРОН НЕЪМАТУ КОРИ АМРУЛЛОХ МО БА МОРГ МЕРАВЕМ, ОХИ САРДЕ МЕКАШЕМ АЗ ДИДАНИ ЧАШМОНИ АРМОНИВУ НОПУШИДАИ ТОЧИКБАЧАХОИ ХАНУЗ ЧОМАИ ДОМОДИ НАПУШИДА.....

 

понедельник, 9 мая 2011 г.

ТУЙЧИ ЭРДЖИГИТОВРО ДАР ПИТЕР ЁФТЕМ...


МЕГУЯНД КИ КАХРАМОНОНИ МИЛЛАТ ХЕЧ ГОХ НАМЕМИРАНД. ОРЕ ТО ИМРУЗ ЧАВОНМАРДИИ ЧАВОНОНИ ТОЧИК ДАР ЧАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИ ВИРДИ ЗАБОНИ ХАМАГОН АСТ. ХАРЧАНД АЗ БАЙН 66 СОЛ ГУЗАШТААСТ, АММО НОМИ НЕКИ ЭШОН ДАР ДИЛИ ТАМОМИ ХАЛКХОИ ДУНЁ МАХФУЗ АСТ. ХАНУЗ АЗ ТАЪРИХ ДАР ДАВРАИ МАКТАБХОНИ ХОНДА БУДЕМ, КИ КАХРАМОНИ ЧАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИ ТОЧИКПИСАР АЗ КОЛХОЗИ ПАХТАКОРИ ВИЛОЯТИ СУГД ТУЙЧИ ЭРДЧИГИТОВ 5 ОКТЯБРИ 1943 ДАР ДЕХАИ СМИРДИНИЯИ ШАХРАКИ ЛЮБАНИ САНКТ-ПЕТЕРБУРГИ РУСИЯ КАХРАМОНОНА СИНАИ ХУДРО ХАДАФИ ГРАНАТАИ ДУШМАН КАРДА ЧОНИ ДИГАР ЧАНГОВАРОНРО РАХОНИДААСТ. ТУЙЧИ ЭРДЧИГИТОВ ХЕЛЕ ЧАВОН АЗ ДУНЁ РАФТ, ХАРЧАНД 66 СОЛ СИПАРИ ГАРДИДААСТ, ВАЛЕ НОМИ У ЧОВИДОН АСТ. ДАР ДЕХАИ ЛЮБАН КУЧАЕ ХАСТ БО НОМИ ЭРДЧИГИТОВ. АЗ РУЗИ ОМАДАНАМ ОРЗУ ДОШТАМ КИ ХАМЧУН ЯК ХАМВАТАН АЗ МАРКАДИ ИН ЧАВОНМАРДИ ПАХЛАВОНИ ТОЧИК ШОДРАВОН ТУЙЧИ ЭРДЧИГИТОВ ДИДАН НАМОЯМ. ВА ИМРУЗ ДАР ИДИ ГАЛАБА БО ДАСТГИРИИ БАРОДАРИ ХАЙРМАНД НЕЪМАТ БОБОЧОНОВ ИН ОРЗУИ ЧАНДИНСОЛААМ АМАЛИ ГАШТ. МО КОФТА-КОФТА БА ШАХРАКИ ЛЮБАН ОМАДЕМ. МАРДУМИ ДЕХАИ БА НОМИ ЭРДЧИГИТОВ ГУЗОШТА ШУДА ЧАМЪ ШУДА МОРО ХЕЛЕ ГАРМУ САМИМИ ПЕШВОЗУ ПАЗИРОИ КАРДАНД, КИ ИН МОРО САХТ БА ХАЙРАТ ГУЗОШТ.

РАИСИ ФЕДЕРАТСИЯИ ИШТИРОКДОРОНИ ЧАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИ ДМИТРИЙ НИКОЛАЕВ МОРО БА ХОНААШ ДАЪВАТ КАРДА АШКИ ШОДИ МЕРЕХТ ВА ДАМ БА ДАМ  МЕГУФТ:
-ЧИ ХУБЕ КИ ТОЧИКОН БА ШАХРАКИ МО МЕХМОН ШУДЕД.
У ДАР РАФТИ СУХБАТ НАКЛ КАРД, КИ 40 СОЛ ПЕШТАР МОДАРИ ТУЙЧИ ЭРДЧИГИТОВ АЗ ТОЧИКИСТОН БА МАРКАДИ ПИСАРАШ ОМАДА БУДУ ХАЛОС. ДИГАР ТОЧИКЕРО ИН ЧО НАДИДААСТ.
МО БО ХАМРОХИИ БАРОДАРОН НЕЪМАТ БОБОЧОНОВ, ДАВЛАТ, ШОИРИ МУХОЧИРИ ТОЧИК ХАСАН ХОЛОВ ГУЛЧАНБАРИ ФАРМОИШИРО БА НАЗДИ МАРКАДИ ШОДРАВОН ЭРДЧИГИТОВ ГУЗОШТА БАРОИ РУХИ У ФОТИХА ХОНДЕМ.

ОРЕ, КАХРАМОНОН НАМЕМИРАНД. МО БА МАРДУМИ РУС БОЗ МЕГУЕМ, КИ МО ТОЧИКОН САРБАЛАНДЕМ ВА САРБАЛАНД ХОХЕМ МОНД. ЧИ ГУФТЕД?

суббота, 7 мая 2011 г.

БОЗ ГУРАМАРГИ НАВБАТИ ДАР ШАХРИ ПИТЕР

АЧАЛ НАМЕПУРСАД, КИ КИСТ НАВШАХУ КИСТ АРМОНИ. 4 МАЙИ СОЛИ ЧОРИ, ШАХРВАНДИ ТОЧИКИСТОН, ВИЛОЯТИ ХАТЛОН, ДЕХАИ ЧИЛИМШИИ НОХИЯИ КУБОДИЁН, АСОМИДДИН РАЧАБОВ ЧАБОРОВИЧ, СОЛИ ТАВЛИДАШ 25 ДЕКАБРИ СОЛИ 1990 ДАР ПОСЁЛКАИ ТОКСОВОИ НОХИЯИ ВСЕВОЛОЖСКИЙИ ШАХРИ ПИТЕР БАР АСАРИ МОДДАХОИ ЗАХРОЛУДГАРДОНИДАИ БАДАН БА ХАЛОКАТ РАСИД. ВАКТЕ КИ БА БЕМОРХОНА БУРДАНД, АВВАЛ ГУФТАНД, КИ БЕМОРИИ ИЛТИХОБИ ТАЛХАДОН, АММО БАЪД ТАБИБОН ТАШХИСИ ТИББИ ГУЗАРОНИДА ДАР ХУЛОСАИ ТИББИ НАВИШТАНД: "ОТРАВЛЕНИЕ". ЧАСАДИ ИН ГУРАМАРГ БА МОРГИ ХАМОН ПОСЕЛКА БУРДА ШУД.
САД ХАЙФО КИ АСОМИДДИН РУЗИ ЯКШАНБЕ ТУЙИ ДОМОДИ ДОШТУ ХАМАИ МЕХМОНОН БОЯД БА МАЪРАКА МЕОМАДАНД. ИМРУЗ ХАНГОМИ ГУСЕЛОНИДАНИ ИН ТОБУТИ ГУРАМАРГ ЧАВОНМАРДИ ХАЙРХОХ НЕЪМАТ БОБОЧОНОВ ЧАСАДРО КАФАН КАРДА ХАМОН ЧО ЧАНОЗА ХОНДАНД. ДОДАРИ АСОМИДДИН БО ДИЛИ ГИРЕН ГУФТ, КИ БАРОДАРАМ РУЗИ ДУШАНБЕ МАОШАШРО ГИРИФТА БА МОДАР ФИРИСТОД, РУЗИ ЯКШАНБЕ ТУЙИ ДОМОДИАШ БУД. ОХ, ДАРЕГ МОДАРАМ ТО ХОЗИР НАМЕДОНАД, КИ БА ЧОЙИ НАВШАХИ ХАНДОНАШ ЧАСАДИ БЕЧОНИ УРО МЕГИРАД.
РУХАШ ШОД БОДО!

пятница, 6 мая 2011 г.

КОШОНАИ ШАХЛО: КАЛОНИ ШАВИ КИ МЕШАВИ , МУХОЧИР?

КОШОНАИ ШАХЛО: КАЛОНИ ШАВИ КИ МЕШАВИ , МУХОЧИР?: "КАЛОН ШАВИ, КИ МЕШАВИ? МУХОЧИР КОРЧУ, КОРДИХАНДА. ИМРУЗХО ИН ДУ МАФХУМХО ДАР БАЙНИ МАРДУМ БА МУД ДАРОМАДА,АКНУН ОДАМОН БА ДУ ТАБАКА ЧУДО М..."

МАХБАСИ ЗИНДАГИ

МАХБАСИ ЗИНДАГИ

АЗ МУАЛЛИФ
ЭЙ ТАКДИРИ ОДАМИ, ИН КАДАР ТУ ПИНХОНУ БЕРАХМИ. ЯКЕРО ДАВЛАТУ САРВАТ МЕДИХИВУ ДИГАРЕРО АШКУ ГАМУ АНДУХ. ОХ, ГАМ ЧИ КАДАРХО ТУ БУЗУРГИ. ОХИСТА ОХИСТА КАЛБИ ОДАМИРО МЕШИКОФИВУ РУХИ УРО МЕЁЗОРИ НОВАКТУ АРМОНИ....

ГУЛНИСО БАЪДИ АЗ МАХБАС ОЗОД ШУДАН ТАМОМАН ЗОХИРАНУ БОТИНАН ТАЙГИР ЁФТ. АЗ ЗАНИ ХУШЧАКЧАКУ ХАМЕША ЗЕБОВУ БОТАРОВАТ БА ПИРАЗАНИ ФАРСУДАВУ ХАЕЛИЕ МУБАДДАЛ ГАШТ. ЗАМОНЕ ХАМЧУН НАТОКИ ШИРИНСУХАНУ ЗЕБОТАРИН МАШХУРИ ХУРДУ КАЛОНИ ЧУМХУРИ БА ШУМОР МЕРАФТ. КАСИ УРО ЯК БОР ДИДАГИ БОЗ ОРЗУИ ДИДАНИ УРО МЕКАРД. БА ДИЛУ ДИДА ЗУД ЧО ГИРИФТ СИМОИ ГАРМАШ. ВАКТЕ НОГАХОНИТАРИКИ ТЕЛЕВИЗИОН ГУЛНИСОРО ХАНГОМИ БУРДАНИ МАВОДИ МУХАДДИР ДАСТГИР КАРДАН НИШОН ДОДАНД, НИСФИ ЗИЁДИ МАРДУМ КИ МУШТАРИИ ОВОЗИ ХУШИ У БУДАНД., УРО ДАР ТЕЛЕВИЗИОН ДИДА ДАР ХАЙРАТ ФИТОДАНД. ПАГОХАШ ДАР ШАХР ФАКАТ ГАП ГАПИ ГУЛНИСО БУД. ГУМОНУ ТАХМИНУ ОВОЗАХО ХЕЛЕ ЗИЕД БУДАНД. КАСЕ АЗ ШИНОСУ НАЗДИКОН БОВАР НАДОШТ, КИ ГУЛНИСО БА ИН АМАЛ КОДИР БОШАД.
ГУЛНИСО СЕ СОЛ БОЗ ПИНХОНИ БА КОЧОКИ МАВОДИ МУХАДДИРИ МАШГУЛ БУД. ВА КАСЕ ИНРО ГАЙРИ ЯК ДУГОНАИ НАЗДИКАШ НАМЕДОНИСТ. ХАМАИ ИН АЗ ТАНКИСИИ РУЗГОРУ БЕПУЛИ ОГОЗ ЁФТА БУД. ГУЛНИСО БАРВАКТ АЗ МОДАР ЯТИМ МОНДА ЗЕРИ САРПАРАСТИИ ПАДАРУ МОИНДАР ТАРБИЯ ЁФТА ДОИМО ШАТТАВУ ШАЛЛОК МЕХУРД. ШАБАШРО ДАР ОГИЛИ ГОВ РУЗ МЕКАРД. ДОДАРОНУ ХОХАРОНИ УГАЙРО НИГОХУБИН МЕКАРД. БА ХАМА ХОРИВУ ЗОРИ САБР МЕНАМУД. ДИЛИ КУШОДИ ПУРОРЗУЕ ДОШТ. ОРЗУИ НАТТОКИ ТЕЛЕВИЗИОН ШУДАНРО МЕПАРВАРИД. У БА ОРЗУЯШ РАСИДУ НАТТОК ШУД. ТАЛАБГОРОНАШ ХЕЛЕ ЗИЕД БУДАНД. БО САИД АХДУ ПАЙМОН БАСТА ХОНАДОР ГАРДИД. ЗИНДАГИИ ОИЛАВИАШ ХУШУ ОСУДА МЕГАШТ. ГУЛНИСО ОН КАДАР ХУШБАХТ БУД, КИ АЗ БАХТИ ХУДОДОДАШ МЕБОЛИДУ ШУКР МЕГУФТ. АММО БАЪДИ БА БЕМОРИИ САРАТОН ГИРИФТОР ШУДАНИ ШАВХАРАШ ЗИНДАГИИ ОИЛАВИИ У ГУЁ ЯКБОРА ФАНО ГАРДИД. МАОШИ НОЧИЗИ НАТТОКИАШ БАЗУР БАРОИ ХАРИДИ ЯК ХАЛТА ОРД МЕРАСИДУ ХАЛОС. ФАРЗАНДОНАШ КАЛОН ШУДА ТАЛАБОТИ МОДДИАШОН ЗИЁДТАР МЕГАРДИД.. ШАВХАРАШ БИСТАРИ ГАРДИД. ГУЛНИСО ФАКАТ ДАР ИН КОРГОХ ГАМИ ХОНААШРО ФАРОМУШ МЕКАРД.ДАР ТАНХОИ БОШАД, ДОИМО МЕГИРИСТ. ХАТТО БЕГОХИХОЕ МЕШУД, КИ САРИ ДАСТАРХОНАШОН НОНЕ НАДОШТ. ХУД ГУРУСНА ХОБ МЕРАФТУ ЛУКМАИ ДАХОНАШРО БА ШАВХАР МЕДОД. ЗИНДАГИИ КАШОККОНА ОН ЧУНОН БА ДИЛАШ ЗАДА БУД, КИ МАРГРО АВЛОТАР МЕДОНИСТ. СОАТ БА СОАТ ЗИНДАГИАШОН КАШШОКТАР МЕГАШТ. ГУЛНИСО САХТ БА АНДЕША ФИТОД, КИ КАМУ КОСТИ РУЗГОРРО ЧИ ГУНА БА СОМОН БИЁРАД. БА ТИЧОРАТ МАШГУЛ ШУДА НАМЕТАВОНИСТ, ЧУНКИ ПУЛИ КИРОИ ДАРКОР БУД БАРОИ ЧИЗЕРО ЯКЛУХТ ХАРИДА БАЪД ОНРО КИММАТАР ФУРУХТА ФОИДА БА ДАСТ ОВАРДАН.
ФИКР КАРДУ ОКИБАТ БА НАЗДИ ЯК ДУГОНАИ ТОЧИРУ САРВАТМАНДАШ РАФТ. АЗ У КАРЗ ПУРСИД. У ГУФТ КИ АГАР БО У ХАМРОХИ КАРДА БА РУСИЯ РАВАД, КАРЗИ БЕФОИЗ МЕДИХАД. ГУЛНИСО НЕВУ НЕСТОН НАКАРДА РОЗИ ШУД. У АЛЛАКАЙ ЭХСОС КАРДА БУД, КИ ЧИ РОХЕРО ИНТИХОБ НАМУДААСТ. ВАЛЕ ГУШНА БО ШЕР МЕЗАНАД РО ШИОРИ ЗИНДАГИИ ХУД КАРОР ДОДУ РАФТ. АКНУН ШАШ МОХ ПАС САФАР МЕКАРДУ БО ПУЛИ КАЛОН БОЗМЕГАШТ. ХАВЛИАШРО ТАЪМИРУ ТАРМИМ КАРДА ШАВХАРАШРО БА РУСИЯ БАРОИ ТАБОБАТ БУРД. ФАРЗАНДОНАШ ДИГАР АЗ ЧИЗЕ ТАНКИСИ НАМЕКАШИДАНД. ГУЛНИСО ЗОХИРАН ХУРСАНД БУД АЗ ИН САРВАТИ ДУНЯВИ. ВАЛЕ ХАМЕША ЯК ТАРАФИ ДИЛАШ ХИЧИЛ БУД. БА ХУД КАВЛ ДОД, КИ ХАМИН БОР ОХИРИН НАВБАТ БА САФАР МЕБАРОЯДУ ДИГАР НАМЕРАВАД. БА ХАМКОРОН ГУФТ, КИ БАРОИ ХАБАРГИРИИ ЯК ХЕШАШОН БА РУСИЯ МЕРАВАД. ВАЛЕ КАСЕ ГУМОН НАМЕБУРД, КИ У БА ЧИ ГУНА ТИЧОРАТ МАШГУЛ АСТ.
ГУЛНИСОРО ХЕЧ ОН ШАБ ТАМОМАН ХОБ НАБУРД. ФАРЗАНДОНУ ШАВХАРАШ НИЗ ХОБ НАРАФТАНД. ДАР ФУРУДГОХИ ХАВОИ НИЗ КИМ ЧИ ХЕЛ ДИЛАШРО СИЯХИ ПАХШ НАМУД. БА КУТТИХОИ МЕВАИ АНОР НИГАРИСТА ДИЛАШРО ВОХИМА ПАХШ МЕНАМУД, ДУ РУЗ ПЕШ ХОБ ДИД, КИ МОРИ КАЛОНИ СИЯХЕ АЗ ГУЛУЯШ ГАЗИДУ ЛУКМАИ ДАХОНАШ КАРД. ДАР ГУМРУКИ ХАВОИИ ФУРУДГОХИ ШАХРИ МАСКАВ КУТТИХОИ АНОРРО ДУРУСТАКАК ТАФТИШ НАМУДАНД. АЗ АНОРХОИ ДАР ПОИН ЧИДА ШУДА ХОКАИ САФЕД БАРОМАД. ГУЛНИСО БЕХУШУ БЕМАДОР БА ЗАМИН ФИТОД. ВАКТЕ КИ БА ХУД ОМАД, ХУДРО ДАР ХУЧРАИ НИМТОРИК ДИД. ИРОДАВУ МАТОНАТАШРО ГУМ НАКАРДА ДАРИ ХУЧРАРО ТАК ТАК КАРД. ТАЛАБ КАРД КИ БАРОИ ТЕЛЕФОН НАМУДАН БО ШАВХАРАШ ИЧОЗАТ ДИХАНД. ДАР ТЕЛЕФОН БА ШАВХАРАШ ГУФТ, КИ ХАВЛИРО ФУРУШАДУ БА ЧОЯШ ЯК ХОНАГИИ ОДДИ ХАРАД. ПУЛИ БОКИМОНДАРО БОШАД БА ДАСТИ ДУГОНААШ ФИРИСТОД. МЕДОНИСТ КИ ДУГОНААШ ШИНОСХОИ ЗУР ДОРАД, ВАЛЕ ШАВХАРАШ ГУШАКРО ЗУД БА ЧОЯШ ГУЗОШТУ ДИГАР ОНРО НАБАРДОШТ. ГУЛНИСО БА ГАЗАБ ОМАДА ЧИ ИЛОЧ ЧУСТАНАШРО НАМЕДОНИСТ. ГИРЯВУ ЗОРИХОЯШРО КИ БА НАЗАР ХАМ МЕГИРИФТ. МУРОФИАИ СУДИ ЗУД БАРГУЗОР ГАШТУ УРО БА МУДДАТИ 9 СОЛ АЗ ОЗОДИ МАХРУМ НАМУДАНД. ГУЛНИСО БА ТАКДИР ТАН ДОДУ ИНТИЗОРИ ГУЗШТАНИ РУЗУ СОЛХО ГАРДИД. ЯК РУЗИ МАХБАС БА НАЗАРАШ 10 СОЛ МЕНАМУД. АВВАЛХО ДИГАР ЗАНХОИ МАХБАСИ БА СУЯШ НИГАРИСТА КАЧ КАЧ ТАЪКИРАШ МЕКАРДАНД. ХУРОКАШРО АЗ ПЕШАШ ГИРИФТА БА ФАРШ МЕПАРТОФТАНД. У ДАНДОН БА ДАНДОН МОНДА ТОКАТ МЕКАРДУ ТАЪКИРУ ДАШНОМХОИ ОНХОРО ФАРОМУШ МЕКАРД. ЧУНКИ МАХБАС МАХБАС БУД. ИН ЧО ХУКМИ ХУДРО ДОШТ. ВАЙ БА ХУД КОНУНХОИ МАХСУС ДОШТА КАСЕ ХАТТО АЗ КОРМАНДОНИ МАХБАС ЧУРЪАТ НАДОШТ, КИ БА ЧАНГУ ЧАНЧОЛИ ОНХО ДАХОЛАТ НАМОЯД. ВАЛЕ БАЪДТАР ГУЛНИСО ХАМ ЧАСОРАТИ ГАЙРИИХТИЕРИЕ ПАЙДО НАМУДУ ХАР ЛАХЗА БО ЗАНХОИ БА КАВЛЕ ЛИДЕР ДАСТ БА ГИРЕБОН МЕШУД. АЗ ЧИЗЕВУ КАСЕ НАМЕТАРСИД. ДИГАР У ЧИНСИ ЛАТИФ ЗАН НАБУД. МАХБАСИ БУДУ ДИДАНИ ЗИНДАГИИ ОЗОД БАРОЯШ ЧУЗ АФСОНАЕ БЕШ НАБУД. КУНУН ФАКАТ ДАР ХОБ МЕДИД СУБХИ САПЕДРО КИ У БЕГАМОНА АЗ БИСТАР МЕХЕЗАДУ РАВОНА МЕГАРДАД БА ЧОНИБИ ХАМОМ ТО ДАСТУ РУЯШРО ШУЯДУ СИПАС АЗ ПАЙИ КОРХОИ РУЗГОР БИГАРДАД.
ОХИР ДАР ИН ЧО, ДАР ЯК МОХ 2 МАРОТИБА ФАКАТ ИЧОЗАТИ ОББОЗИ ХАСТУ ХАЛОС. ОХ ЧИ ХЕЛ У ПАЗМОН ГАШТААСТ ХОНАВУ ФАРЗАНДОНАШРО. БА ЧЕХРАИ ДИГАР ЗАНХО МЕНИГАРАД. НОВОБАСТА АЗ МИЛЛАТУ ЧИНОЯТХОИ СОДИРНАМУДААШОН ХАМАИ ОНХО ЗАН МОДАР МЕБОШАНД. ЯКЕ БА СУРАТИ КУДАКОНАШ МЕНИГАРИСТУ ЗОР ЗОР МЕГИРИСТ. ДИГАРИ АЗ ДАРДИ ФИРОК БАЛАНД БАЛАНД СУРУД ХОНДА МЕГАШТ. ГУЛНИСО НИЗ ЗЕРИ ЛАБ ГАП ЗАДА БО АХЛИ ОИЛААШ РОЗУ НИЕЗ МЕКАРД ГОИБОНА. ДАР МАХБАСИ ЗАНОНА НИЗ НИСБАТИ ОН ЗАНОНЕ КИ БА ЧИНОЯТИ КУДАККУШИ ДАСТГИР ШУДААНД, КОНУНИ ДАРУНИ МАХБАСИЕН ХЕЛЕ САХТ БУД.
ХАМЕША ЗЕРИ ЛАГАДУ МУШТУ ТАЪКИР БУД ЧУНИН ЗАНИ ЧИНОЯТКОР. ГУЛНИСО РУЗ МЕШУМУРД, КИ КАЙ БАХОР МЕШАВАДУ КАЙ ТОБИСТОН.
9 СОЛ, БУ СУХАН ОСОН. ГУЛНИСО ГУМОН ДОШТ, КИ ТУЛИ ИН 9 СОЛ У АЗ ГАМУ ГУССА ДИЛКАФ ШУДА МЕМИРАД. РУЗИ ХУШУ ХОНАОБОДИИ ФАРЗАНДОНАШРО НАДИДА МЕМИРАД. ГУЛНИСО БА ХОТИРИ ФАРДОНИ НЕК МЕЗИСТ. АСПИ ДАВАНДИ ВАКТ БАРОИ ГУЛНИСО БО ГАМУ ИНТИЗОРИХО ГУЗАШТУ 9 СОЛ ХАМ СИПАРИ ГАРДИД. СОАТИ ОЗОДИ ФАРО МЕРАСИДУ КАЛБИ ГУЛНИСО МИСЛИ ОШИКИ БА ДИДОР МУШТОК САХТ САХТ МЕТАПИД.
АЗ ДАРИ МАХБАС БАРОМАДУ БО АЛАМ АЗ ТАХТИ ДИЛ БИГРИСТ. ОХИР 9 СОЛИ УМРАШ БЕХУДА ГУЗАШТ. ФАРЗАНДОНАШ ЧИ ХОЛУ АХВОЛЕ ДОШТА БОШАНД? ВАКТЕ КИ ЗАНГИ ДАРИ ХОНААШРО ПАХШ НАМУД, ПОЙХОВУ ДАСТОНАШ АЗ ХАЯЧОН МЕЛАРЗИДАНД. ДАРРО БА РУЯШ ЧАВОНЗАНИ ХУШЛИБОСИ ОЛУФТАЕ КУШОДА БООДОБОНА ПУРСИД, КИ ЧИ ЛОЗИМ АСТ. САРУ ЛИБОСИ САДДАРБЕХУ МУЙХОИ ЧУЛИДАИ ГУЛНИСО АЗ ОН ДАЛОЛАТ МЕДОДАНД, КИ У ОВОРАГАРДИ ТАЛБАНДАЕСТ.
-МАН СОХИБИ ХАМИН ХОНА, ЛЕКИН ТУ КИСТИ, ХАЙРОНАМ?
-МАН ХАМСАРИ САИД...
-ХА ....ФАХМИДАМ.
У БА ХОНА ДАРОМАДУ САИДРО ФАРЕД КАРД. САИДУ ФАРЗАНДОНАШ ДАВИДА БАРОМАДАНДУ МОДАРАШОНРО БА ОГУШ КАШИДАНД. ГУЛНИСО БЕМАДОРОНА БА ЗАМИН ФИТОД. ЯК ХАФТА БО ОНХО ЗИНДАГИ КАРДУ ЯКБОРА БЕМОР ШУД. ХИЕНАТИ ШАВХАР САХТТАРИН ЗАРБА БУД.
АКНУН БОВАРИ ХОСИЛ КАРД, КИ ОН ЧИ КИ АЗ ДИДА БИРАВАД, АЗ ДИЛ НИЗ БИРАВАД.
ЧУНКИ ДУХТАРОНУ ПИСАРОНАШ КАРИБ КИ БА У АХАМИЯТ НАМЕДОДАНД. ГУЁ ГУЛНИСО БАРОИ ОНХО ВУЧУДЕ НАДОШТ.
ГУЛНИСО ДАР ЯК ХАФТАИ ОЗОДИ ОН ЧУНОН ДАРУННОКИ ГАМУ ГУССА ХУРД, КИ РУХАН БЕМОР ШУДА БА ГАМБОДА ГИРИФТОР ГАРДИД.
ФАКАТ ГИРЯ МЕКАРДУ ХАЛОС. 9 СОЛИ ИНТИЗОРИРО БО УМЕДИ ДИДОРИ НАЗДИКОН ГУЗАРОНИД. АММО ХИЁНАТИ ЭШОН ДАР ЯК ХАФТА УРО АРМОНИВУ БА МАРГ БУРД...
АЗ МУАЛЛИФ:
БО ГУЛНИСО МАН ДАР РАДИО ЗАМОНЕ КОР МЕКАРДАМ. ИН ЗАНИ ШИРИНЗАБОНУ ХОКСОР БО МАН ДУСТ БУД. ПЕШ АЗ МАРГАШ СУХБАТЕ ДОШТЕМ. У ГУФТ:
-ДАР ДУНЕ МУШКИЛ АСТ ОДАМОНРО ШИНОХТАН. ОДАМИ ХАР НАМУД МЕШАВАД, СИЁХ, САПЕД.
(Ш.Н)

ПУЛБА МУРАМ

Пулба мурам....
Имруз дар Точикистон низ мисли дигар мамолики чахон ситорахо ба муд даромадаанд. Агар яке хатто як суруди пучу хавасаки хам суруда бошад, аллакай пас аз чанде ба хуруси даканг табдил меёбаду худро хамчун ситораи худруйи шеъри худам, оханги худам, фонограмма мехонад, муариффи менамояд.
Ин гуна ситорахои худру ба чанд гурух таксим мешаванд:
1. Ситорахои туй, ки факат дар туй сароида метавонанд. Мардум дар хакки чунин ситорахо мегуянд:"туйя девона мекунанд,"
2. Ситорахои ошно. Яъне он сарояндагоне, ки дар байни 50-60 сурудхои сароидаашон факат як суруди хуб доранду халос.
3.Ситорахои оши худои. Сарояндагоне, ки ба мисли донишчуёни дипломи оли, каллаи холи, амал карда, бо пули калон охангу суруд-и маргубро харидори менамоянд.
4. Ситорахои мачбури. Он сарояндахое, ки худ хатто намедонанд чаро махз онхо дар консертхои расми баромад мекунанду хар сол сохиби унвону чоизае мегарданд.
Дунёи санъат аввал дораду анчом не. Вале суруди хуб хамеша дар дили наслхо боки хохад монд. Масалан сурудахои Сурайё Косимова, Муродбек Насриддинов, Давлатманд Холов, Нукра Рахматова, Лола Азизова, Хосият Ортикова хеч гох кухна намешаванд. Хол он ки дар давоми 20-30 сол онхо зиеда аз 3-4 албом сабт кардаанду халос. Вале имруз сарояндахои чавони мо хар мох як албоми сурудхояшонро сабт карда, аз пайи дигараш мегарданд.
Андеша намекунанд, ки аз суруди хасаки 5 суруди бомаъни хубтар аст. Ба хар хол имруз фазои санъати чумхури хеле рангоранг гашта, сарояндахои умедбашх аз кабили Зикруллох, Манижа, Шабнам бо сабку услуби хоссаи хеш муштариени худро пайдо намудаанд.
Имруз байни сарояндахо шиори пулба мурам муд шудааст. Хуллас санъат доманадор асту ислохи зиеде мехохад.
Вой бар он рузе, ки ситорахои сари танур сухта хокистар гарданду олами санъат бебако монад...

МУХОЧИРИ СИЁХ

КУРБОНИИ ТАКДИР

У ХАМЕША МУХЛИСИ АШАДДИИ ШОИРИ ШИНОХТА БОЗОР СОБИР БУД. АГАР ДАР МАГОЗАЕ ЯГОН КИТОБИ АШЪОРИ УРО ДАРЁБАД, ПУЛИ ОХИРИНИ КИСААШРО МАСРАФИ КИТОБ МЕКАРД.
ХАР МИСРАЕ КИ ШОИР ЭЧОД КАРДААСТ, ГУЁ ДАРДИ ДИЛИ СУХТАИ ИН МАРДИ ГАРИБ АСТ.
САМЕЪ ИН БЕГОХИ ТУЪМАИ ДАСТИ ЯК ГУРУХ АВБОШОНИ МИЛЛАТГАРОИ РУС ГАРДИД. БЕХАБАР ХАНГОМИ БА МЕТРО ОМАДАН ОНХО ЯКБОРА ХАМЛА КАРДАНДУ БА САРАШ БО ОХАНИ САХТЕ ФАРОВАРДАНД. ДИГАР ЧИЗЕВУ КАСЕ БА ЁДАШ НЕСТ.
ВАКТЕ КИ БА ХУШ ОМАД, ХУДРО ДАР БИСТАРИ БЕМОРХОНА ДИД. ДУСТИ КАДРДОНАШ ЧОРИ ПЕШАШ БО ДИДАИ ГАМОЛУД МЕНИШАСТ.
-ХА, ЧУРАЧОН, БА ХУД ОМАДИ?
-ТУ ЧИ ХЕЛ МАРО АЗ ЧАНГОЛИ ИН ХАЙВОНСИРАТОН ХАЛОС КАРДИ?
-НАСИБИ ЗИНДА МОНДАНАТ БУДААСТ, ВАГАРНА МИСЛИ ДИГАР ХАМВАТАНОН ДАР ИН ГАРИБИ МУРДА МЕРАФТИ....
-АЗ ЗИНДА МОНДАНАМ ЧИ СУД, КИ ЯКУМРА МАСЛУКУ МАЪЮБ МЕГАРДАМ. -ГИРЯКУНОН ЧАВОБ ДОД САМЕЪ.
ЧОРИ БА ДАСТОНИ ЧАРОХАТБАРДОШТАИ У НИГАРИСТУ ОХИ БОДАРДЕ КАШИДА ГУФТ:
-САМЕЪ ХУДАТРО БА ДАСТ ГИР. ЗИСТАНИ ТУ БАРОИ ОЯНДАИ ФАРЗАНДОНАТ АСТ. ФАХМИДИ?
ЧОРИ БА БЕРУН БАРОМАДУ БА НАЗДИ САРДУХТУР РАФТ.
...ЭХ ЗИНДАГИ, ЧИ ИН КАДАР ВАЗНИНИ, ЧИ КАДАР ХАМВАТАНОНИ МО БЕ ХОНАВУ ДАР ДАР ИН ЧО ДАР ХОБГОХУ ХУЧРАХОИ ИФЛОС МАСКАН ГИРИФТААНД. ГАРИБИ КУЙИ САХТ БУДААСТ. ВАЛЕ БО ОН МАОШЕ КИ ДАР ТОЧИКИСТОН МЕГИРИФТАМ, МАГАР ЗАНУ КУДАКОНАМРО ХУРОНИДА МЕТАВОНИСТАМ? САМЕЪ ХАМ МИСЛИ МАН ЯК ОДАМИ КАМБИЗОАТУ БЕЧОРАЕСТ. ВАЛЕ НАСИБАША БИН, КИ ХАТТО ЯК СОЛ КОР НАКАРДА АЗ САЛОМАТИАШ МАХРУМ ШУД.
ДАР ВАТАН МЕГУФТАНД, КИ ДАР ТАМОМИ РУСИЯ ЧАМЪИЯТИ ТОЧИКОН АМАЛ МЕКУНАД, КИ ХАТМАН БА ХАМВАТАНОНИ МУХОЧИРФИТОДА КУМАКУ ДАСТГИРИИ ХУДРО МЕРАСОНАНД. ВАЛЕ ХАЙХОТ, ИН ХАМА ДУРУГ БУДААСТ. ДАР ИН ЧО ХАТТО САЛОМАТРО АЛЕК НАМЕГИРАНД. ХАР КИВУ ДАВИ АСПАШ.
ЧОРИ ХАЗОР РУБЛИ ЗАХИРАНАМУДААШРО БА САРДУХТУРИ БЕМОРХОНА ДОДУ ЗОРИКУНОН ГУФТ:
-ДУХТУРЧОН, ИЛТИМОС, ДУСТУ ХАМВАТАНИ МАРО АЗ МАРГ НАЧОТ ДИХЕД.
-ЧИЗЕ КИ АЗ ДАСТАМОН ХАМЧУН ТАБИБ МЕОЯД, МЕКУНЕМ.
ЧОРИ КАМЕ ХОТИРЧАМЪ ШУДУ БА КУЛБАИ ФАКИРОНАВУ СЕРОДАМАШОН БАРГАШТ. ОНХО ДАР ИН КУЛБА 10 НАФАР ЗИНДАГИ МЕКАРДАНД. АНИКТАРАШ ФАКАТ ХОБ МЕРАФТАНД. ЧУНКИ АЗ СОАТИ 4И СУБХ БА КОР МЕРАФТАНДУ СОАТИ 10И ШАБ БАРМЕГАШТАНД. ЧОРИВУ САМЕЪ БАРОИ МАЙИТХОИ МИЛЛАТИ БЕГОНА КАБР МЕКАНДАНД.
АВВАЛХО САМЕЪ ХУДРО НОХИНЧОР ХИС МЕКАРДУ АЗ САРУ РУЯШ АРАКИ САРД МЕРЕХТ. ВАЛЕ БАЪДТАР КАМ КАМ БА ИН КОР ОДАТ КАРДУ БА ТАКДИР ТАН ДОД.
ЧОРИ ХАСТАВУ ПУРАНДУХ ХУДРО БА БИСТАР ПАРТОФТУ ДИДАГОНАШРО ПУШИД. ВАЛЕ БА ИН ГАМУ ДАРД САРГАРМ ХОБ БА ЧАШМОНАШ НАМЕОМАД. СУБХ ХЕЛЕ БАРВАКТ АЗ ХОБ ХЕСТУ БА ХАБАРГИРИИ САМЕЪ РАФТ.
ХАМШИРАИ ШАФКАТ ПЕШИ РОХАШРО ГИРИФТА ГУФТ, КИ ХОЛО ДАРОМАДАН БА НАЗДИ БЕМОР МУМКИН НЕСТ. ЧУНКИ САЛОМАТИАШ ШАБ БАД ШУДААСТ. ЧОРИ ХОТИРПАРЕШОН БОЗ НОЧОР БА ГУРКОБИ РАФТ.
БЕГОХИ БА БЕМОРХОНА ОМАД. ВАЛЕ САРДУХТУР УРО БА НАЗДИ ХУД ЧЕГ ЗАДА ГУФТ:
-АХВОЛИ РАФИКАТОН ТАМОМАН БАД АСТ. БА ФИКРАМ СОАТИ УМРАШ КАМ МОНДААСТ. ЗУДТАР ХАМВАТАНХОЯМОНРО ЧАМЪ КУНЕДУ УРО ХАНГОМИ ЗИНДА БУДАНАШ БА ВАТАН БАРЕД.
ЧОРИ ХУДРО МАРДОНАВОР ДОШТУ БА ЧУСТУЧУЙИ ХАМВАТАНХОИ БОИНСОФТАР БАРОМАД.
СУБХ АХВОЛИ САМЕЪ БАД ШУДУ У ДАР ДАМИ САКАРОТИ МАРГ АШКРЕЗОН ЗОРИ КАРД:
-ЧОРИХОН, ИЛТИМОС МУРДАИ МАРО ДАР ХОКИ БЕГОНА ГУР НАКУНЕД
ВАЛЕ МАГАР МАРГ МЕПУРСАД, КИ КАЙ ХАВОПАЙМО ДАР ПАРВОЗ АСТ.
САМЕЪ ДАР ОГУШАШ КИТОБИ БОЗОР СОБИР БО САД АЛАМУ ХАСРАТ ИН ДУНЕРО ТАРК НАМУД...

МАРГ БЕХ АЗ КАМБАГАЛИСТ

МАРГ БЕХ АЗ КАМБАГАЛИСТ...
ХИКМАТУЛЛО МАШГУЛИ ОМУЗОНИДАНИ ДАРСИ НАВБАТИ ГОХ ГОХ ДАРМОН МЕШУДУ БА ТИРЕЗА МЕНИГАРИСТ. ХАЁЛАШ КИ АНА ХОЗИР ШАБЕХАИ СОЛЕХИ СИЁХ ПАЙДО МЕШАВАДУ УРО ЗАДА ЗАДА АЗ СИНФ БЕРУН МЕКУНАД. ГОХЕ ЯКБОРА ХОМУШ МЕМОНДУ РУЧКАИ ДАСТАШРО БЕИСТ БОЗИ ДОРОНДА МЕГИРИСТ. ХАЁЛАШ ХАВВОС ХАТТО ХУД НАФАХМИДА МЕМОНД, КИ ГАПХОЯШ ХАР ЧО ХАРЧО ПАРОКАНДА МЕШАВАНД. ЗАНГ САДО ДОДУ ХОНАНДАХО ХАЁХУЙКУНОН АЗ СИНФ БЕРУН БАРОМАДАНД. ХИКМАТУЛЛО БОШАД НОЧУНБОН САРИ МИЗИ КОРИ МЕНИШАСТУ АНДЕША МЕКАРД:
-ЧИ КОР КУНАМ? АЗ КИ МАДАДУ КУМАК ПУРСОН ШАВАМ? КИ ДАР ИН ЗАМОНА БА МАН ДАСТИ ЁРИ ДАРОЗ МЕКУНАД. ФОИЗИ КАРЗ РУЗ БА РУЗ АФЗУДА ИСТОДААСТУ МАН БОШАМ ТО ХОЛ ЧОРАЕ АНДЕШИДА НАМЕТАВОНАМ. ХАТТО ДАР ХОНА ОРД ХАМ НЕСТ, КИ КУДАКОНАМ БО СЕРИ ШИКАМАШОНРО СЕР НАМОЯНД. ЗАВЧАИ БЕЧОРААМ ДАР ХАШТ СОЛИ ОХИР ЛИБОСИ НАВРО НАДИДААСТ. ХУДАМ КУ БО ИЛБОСХОИ КУХНАВУ САДДАРБЕХ БА КОР МЕОЯМУ БАЪЗЕ ВАКТХО АЗ ПИЧИРОСЗАНИВУ МАСХАРАБОЗИИ ТАЛАБАХО НАМЕДОНАМ ХУДРО КУЧО ПИНХОН СОЗАМ?
ИН ЧИ РУЗЕ БУД КИ НАСИБИ МАНИ БЕРУЗИ ГАРДИД. НА ГАРАМУ НА ДУЗД, ВАЛЕ ПЕШОНИАМ ШУР БУДААСТ, КИ БА ЧУНИН РУЗ ГИРИФТОР ШУДАМ. ОВОЗИ ФАРОШЗАН КИ "МУАЛЛИМ, ВАКТИ РУЗАКУШОИ ШУДААСТ" ГУФТА НИДОЯШ КАРД, УРО БА ХУД ОВАРДУ ПАПКААШРО ТАГИ БАГАЛ ГИРИФТА БА РОХ БАРОМАД. БО ХАРОС БА ГИРДУ АТРОФАШ ЧАШМ ДУХТ. БА НАЗАРАШ МЕНАМУД КИ АЗ ДУРИХО СОЛЕХИ СИЯХ УРО НАЗОРАТ МЕНАМОЯД. РАХ БА РАХ ХУДРО НАФРИН КАРДА МЕРАФТ. ЛАЪНАТ БА МАНУ КАРЗГИРИИ МАН. ИН КАБАГАЛИВУ КАРЗДОРИ ИН КАДАР ГАНДА БУДААСТ. АЗ ЧУНИН ЗИНДАГИ МУРДАН БЕХТАР. АЗ ХАМА ФИКРУ АЗОБИ ДУНЯВИ ХАЛОС МЕШАВАМ. АММО ЗАНУ КУДАКОНАМ АЗ ПУШТИ МАН МАШШАКАТ ХОХАНД КАШИД. ЧИ БОЯД КАРД? У МУЗТАРУ ХАЙРОН ЧИ ХЕЛ БА ХОНА РАСИДАНАШРО НАФАХМИДА МОНД. ПИСАРОНАШ БАРОБАРИ ДИДАН СУЯШ ОГУШ КАШИДАНДУ ПУРСОН ШУДАНД:
-ДАДАЧОН, ПИСТОЛЕТУ ШОКОЛАДИ ВАЪДАГИАТОН КАНИ?
ХИКМАТУЛЛОРО АЗ ИН АЛАМАШ ОМАДУ ХАСРАТЗАДА ЗАНАШРО ЧЕГ ЗАД:
-ЗАНАК, ИН КУДАКОРО ГИР. САРАМ САХТ ДАРД КАРДА ИСТОДААСТ. КАМТАР ХОБ РАВАМ, ШОЯД ДАРДИ САРАМ МОНАД.
-МАРДАК, ЯК КАС ОМАДА ШУМОРО ПУРСИДУ ГУФТ КИ ТО ПАГОХ САХАР КИМ ЧИХЕЛ КОГАЗПЕЧИ ВАЪДА КАРДАГИАТРО ТАХТ КАРДА МОНИ...
-ХА ФАХМО...ХИКМАТУЛЛО АЗ ИН ШУМХАБАР ЯКБОРА ГАМГИНТАР ШУДА БА ХОНАИ ХОБАШ ДАРОМАД. ДУ ЧАККАИ САРАШРО ДОШТУ ЗЕРИ ЛАБ ОХИСТА ГУФТ:
-КОРИ ШУДАГИ ШУД. ЯГОН ИЛОЧЕ НАДОРАМ БА ГАЙР АЗ ХУДКУШИ. МАНЕ КИ ДАР МУШКИЛИХОИ РУЗГОР НАФАРОНИ РАХГУМЗАДАРО ПАНД МЕДОДАМ, ИМРУЗ ДАР МУШКИЛОТИ КОРИ ХЕШ ХАЙРОНАМ. САГЕРА КАЛОН ШУДААМУ КАСЕ НАДОРАМ. ХАМСАРИ АЗИЗАМ ХАМ ДАР ХОНАИ БАЧАХО ТАРБИЯТ ЁФТААСТУ ХЕШИ САРВАТМАНДЕ НАДОРАД. БАРОИ ХАМИН ИН ЛАХЗАХО ОЧИЗАМ ДАР ХАЛЛИ ИН ДУШВОРИ.
ХАМИН ВАКТ ХАМСАРАШ БА ХОНА ДАРОМАДА ПУЛ ПУРСИД. ГУФТ КИ ВАКТИ РУЗА КУШОДАН ШУДААСТУ НОН НАДОРАНД. ХИКМАТУЛЛО САРОСЕМАВОР КИССАХОЯШРО ТАГУРУ КАРДУ ЧИЗЕ НАЁФТ. ХОСТ БА ХАМСАРАШ ГУЯД, РАФТА АЗ ЯГОН ХАМСОЯ КАРЗ ГИР. ВАЛЕ ЧИЗЕРО ИСТИХОЛА КАРДУ ГУНАХКОРОНА БА ХАМСАРАШ НИГАРИСТ. ХАМСАРАШ ХАМ АЗ ИН НИГОХ РАМУЗ ГИРИФТА АЗ ХОНА БАРОМАД. БАЪДИ ЧАНДЕ БО КОСАИ ШУРБОВУ ДУ БУРДА НОНИ КОКИ МАГОРБАСТА БАРГАШТА ОМАДУ РАХМДИЛОНА ГУФТ:
-ДАДЕШ, ИН КАДАР ХУДАТОНРО НАКОХОНЕД. ПОЕНИ ШАБИ СИЯХ САПЕД АСТ. ШОЯД ДАР ХОНАДОНИ МО ХАМ РУЗИ ХУШБАХТИ ХАНДА НАМОЯД. ГИРЕД ШУРБО ХУРЕД. ВАКТИ ИФТОР ХАМ ГУЗАШТ, УБОЛ АСТ ДЕР КУШОДАНИ ОН. ХОЗИР ЧОЙИ ГАРМ МЕОРАМ.
БИСМИЛЛОХ ГУЕН ХИКМАТУЛЛО СУРА ХОНДУ ЯК КОШУК ШУРБОРО БА ДАХОН БУРД. АЗ ГУЛУЯШ ДИГАР ЧИЗЕ НАМЕГУЗАШТ. БА ЁДАШ ОМАД РУЗИ КАРЗТАЛБИАШ. ОН РУЗ КАРИБИХОИ ПЕШИН ХАМСАРАШРО ДАРДИ ГУРДА ГИРИФТУ ТОЗОН РАФТА МОШИНИ ХАМСОЯРО КИРО КАРДУ БА БЕМОРХОНА БУРД. ФАВРАН БОЯД САНГИ ГУРДААШРО ЧАРРОХИ МЕКАРДАНД. АММО ДУХТУРОН ПЕШ АЗ ОГОЗИ ЧАРРОХИ 200 СОМОНИ ТАЛАБ КАРДАНД. ИН МИКДОР ПУЛРО ШУНИДА ХУШ АЗ САРИ ХИКМАТУЛЛО ПАР ИД. ОХИР ДАР ХОНААШ У ХАМАГИ 30 СОМОНИ ПАСАНДОЗ ДОШТУ ХАЛОС. ВАКТ ГАНИМАТ БУДУ ЧОНИ ХАМСАРИ БА ЧОНУ ДИЛ БАРОБАРАШ ДАР АЗОБ. БАРОИ ХАМИН АЗ ОНХО ЗОРИ КАРД, КИ ЧАРРОХИРО САР КУНАНД. У БАЪДИ НИМ СОАТ МАБЛАГИ ДАРКОРИРО МЕОРАД. ДАР БА ДАРИ ХАМСОЯХО ГАШТА ПУЛ КАРЗ ПУРСИД. ВАЛЕ КАСЕ БА У КАРЗ НАДОД. ЧУНКИ МЕДОНИСТАНД КАМБАГАЛОНА ЗИСТАНИ МУАЛЛИМРО. ХАМСОЯИ САРВАТМАНДАШ СОЛЕХИ СИЯХ КИ БА НАШЪАЧАЛОБИ МАШГУЛ БУД, БА ШАРТЕ БА КАРЗ ДОДАН РОЗИ ШУД, КИ АГАР БО ФОИЗАШ БОШАД. ХИКМАТУЛЛО ОН ЗАМОН БА ХОТИРИ САЛОМАТИИ ХАМСАРАШ БА ХАМА КОР РОЗИ БУД, БИНОБАР ИН ЗАБОНХАТ НАВИШТА 170 СОМОНИРО ГИРИФТУ БА ПУЛИ ХУДАШ ЗАМ НАМУДА БА БЕМОРХОНА ДАВИД. ЧАРРОХИ БОМУВАФАКИЯТ АНЧОМИДУ ЗАВЧААШ СИХАТУ САЛОМАТ БА ХОНА БАРГАШТ. ХУРСАНДИИ ХИКМАТУЛЛОРО ХАДДУ КАНОР НАДОШТ. ВАЛЕ ХАМОНО ФОИЗИ КАРЗ РУЗ БА РУЗ МЕАФЗУДУ ЯК КУНЧИ ДИЛАШ СИП СИЁХ БУД. МАОШАШ НАМЕРАСИД БА ФОИЗИ КАРЗ.
ИНАК АЗ БАЙН ЯКУНИМ СОЛ НОАЕН СИПАРИ ГАРДИДУ КАРЗ БА 1000 ДОЛЛАРИ АМРИКОИ РАСИД. АЛБАТТА ИН МИКДОР ПУЛ БАРОИ САРВАТМАНДОН ЧИЗЕ НЕСТУ ЛАХЗАИ ЯК БОР ДАР ТАРАБХОНА НИШАСТАН ХОКАШРО БА БОД МЕДИХАНД. АММО БАРОИ ХИКМАТУЛЛО БАРИН ШАХСИ НОДОР ИН МИКДОР ПУЛ КАЛОН БУД. ШАБХО ХОБ МЕДИД СОЛЕХИ СИЯХРО КИ ТАЪКИБАШ НАМУДА КАРЗАШРО ТАЛАБ ДОРАД. ВА РУЗЕ ХУДИ У МАСТУ МАХМУР НАЗДИ ХИКМАТУЛЛО ОМАДУ БАРГАРДОНИДАНИ КАРЗРО ТО ХАФТАИ ОЯНДА ТАЪИН НАМУД.
ИН ЛАХЗАХО ДАР МАЙНАИ ХИКМАТУЛЛО ФАКАТ ЯК ФИКР ТОБ МЕХУРД, МАРГ. КАЛАМУ КОГАЗ ГИРИФТУ ИН САТРХОРО НАВИШТ:
"ОРЕ МАН МАРДИ ТАРСУ ХАСТАМ. БАРОИ ХАМИН ОСОН АЗ ОЛАМ РАФТАНИАМ. КАСЕРО ГУНАХКОР КАРДАНИ НЕСТАМ. МАРО БУБАШХ ЗАРИНА(НОМИ ХАМСАРАШ)
ПАГОХАШ ДАР ДЕХАИ ТАНГАИИ БОЛОИ ШАХРИ ВАХДАТ ОВОЗА ГАРДИД, КИ МУАЛЛИМ ХИКМАТУЛЛО БАРОИ КАРЗДОРИАШ ХУДРО ОВЕХТААСТ. ХАМА ХАЙРОН ШУДАНД, КИ БА ИН МАРДИ БЕОЗОР ЧИ ДАРДЕ РАСИДА БОШАД?
БЕИРОДАГИАШ ХАМАРО МОТУ МАХБУТ СОХТ. ОХИР ХУД ДИГАРОНРО РОХИ РОСТ НИШОН МЕДОДУ ИМРУЗ БАРОИ ХАЛЛИ МАСЪАЛАИ РУХДОДА ОЧИЗОНА ДАСТ БА ХУДКУШИ ЗАДААСТ....






СУХБАТ БО КОРИ АМРУЛЛОХ ОИДИ ЧИНЁРШУДАГОН

ДАР ДУ СОЛИ ОХИР САФИ "ЧИНЁРШУДАГОН" МЕАФЗОЯД...
Ё
СУХБАТ БО КОРИИ КУРЪОН АМРУЛЛОХ(АМИР РАХМАТОВ)
АЗ МУАЛЛИФ
ДАР ДУ СОЛИ ОХИР БАЙНИ МАРДУМ НАФАРОНИ ЧИНУ ПАРИ ЁР ШУДАГИ МЕАФЗОЯД. ТАСХИРИ РУХХОИ ШАЙТОНИ ДЕВ, АЛБАСТИ, ЧИН, ГУЛ, БАЛО, АЧИНА ГУЁ КУШИШ МЕКАРДААНД, КИ ТАМОМИ ХАСТИИ ОДАМ ВА ОЛАМРО ЗЕРИ ТАЪСИРИ ХЕШ ГИРАНД ВА ДУНЕРО БА КОМИ ХУД ГАРДОНАНД.
ЧОЙ, МАКОНИ ОНХО НИЗ ПАСИ КУХИ КОФ ПИНДОШТА МЕШАВАД. ЧИНХО БА ОДАМОН ЗИЕН МЕРАСОНАНД, МЕКУШТААНД, ТАЪКИБ МЕНАМУДААНД, ЗЕР МЕКАРДААНД, СОЯ МЕАНДОХТААНД, ШАМОЛАШОНРО МЕРАСОНДААНД. БИНОБАР ИН ОДАМОНИ КАДИМ НАКЛ МЕКАРДАНД, КИ КАЮМАРС, ЧАМШЕД, РУСТАМ, ЭРАЧ, СУЛАЙМОН , АМИР ХАМЗА ДЕВВХОРО БА ПАСИ КУХИ КОФ РОНДА, ПЕШИ РОХАШОНРО МАХКАМ МЕКАРДААНД.
ИМРУЗХО ДАР ШАХРИ ПИТЕР ЧАНД НАФАР МУХОЧИРОНЕРО МУШОХИДА НАМУДАМ. КИ МУБТАЛОИ БЕМОРИИ РУХИ ГАШТА МЕГУЯНД, КИ ЧИНХО ФАРМОН МЕДИХАНД. БОЗ ЯКЕ ГУФТ, КИ ИН ГАПХО ХАКИКАТ ДОРАД, ЧУН ОДАМОНИ ЧИНЁРШУДА ЗИЕД ШУДААНД. ГУЁ ПУШТИ КУХИ КОФ КАФИДА БОШАД.
ТАСМИМ ГИРИФТАМ КИ БО КОРИ АМРУЛЛОХ ДАР ИН ХУСУС СУХБАТ КУНАМ.
-ИСЛОМ ЗИДДИ СОХИРИВУ ЧОДУГАРИСТ. АММО ДАР СУРАХОИ КУРЪОНИ ДАР БОРАИ ВУЧУД ДОШТАНИ ЧИНХО ОЯТЕ НОЗИЛ ГАРДИДААСТ. ИМРУЗХО БОШАД БАЙНИ ОДАМОН , ХОХ ХУРДУ ХОХ КАЛОН АШХОСИ БА ЧИН ЁР ШУДА АФЗОИШ ЁФТААСТ. БАРОИ ХАМИН БОЯД ХАМА ВАКТ НАМОЗИ ПАНЧГОНАРО РИОЯ КАРДА ХУДРО АЗ ХАРОМХУРИ НИГАХ ДОШТ. БАРОИ ЧИ МЕГУЯНД, КИ ГИЗОИ ХАЛОЛ ДАЪФИ БЕМОРИХОСТ. ЧИНХО ХАМ МУСУЛМОН МЕШАВАНД, ХАМ КОФИР. БА ОДАМОНЕ ЁР МЕШАВАНД, КИ АЗ ХУДОВАНД ДУРАНД. ОДАМОНИ КАДИМ ДАР БОРАИ ЧОЙХО: ПАСТИВУ БАЛАНДИХО, ДАШТУ БЕШАХО, КИШТЗОРУ БИЁБОНХО, МАНЗИЛХОИ ОБОДУ ВАЙРОНАХО ТАСАВВУРОТИ ГУНОГУН ДОШТАНД. ОНХО ЧОЙХОИ ОБОДУ ЗЕБОРО МАКОНИ МУКАДДАС ВА КУХУ САНГХОИ КАЛОН, ЧАШМАХОИ ПУРОБ, ДАРАХТОНИ СОЛХУРДА, ГОРУ СУМЧХОРО ЧОИ ДУСТДОШТАИ РУХХОИ РАХМОНИ ВА ЧОЙХОИ НООБОДРО МАКОНИ САЙРУ ГАШТИ РУХХОИ ШАЙТОНИ МЕНОМИДАНД. МАСАЛАН ДАР ЯК ДУО 366 РАГУ ПАЙВАНД ДОШТАНИ ОДАМИЗОД ВА БА ХАМАИ ОНХО ТАЪСИРИ БАД РАСОНИДАНИ РУХХОИ ЗИЕНРАСОН ТАЪКИД МЕШАВАД. ИН РАКАМХО ТАХМИНИ НАБУДА, БАЛКИ ЗАМИНАИ ВОКЕЪИ ДОРАНД.
-ТАШАККУР АКАИ КОРИ! САЛОМАТ БОШЕД.
АЗ МУАЛЛИФ
МАН ЗАМОНЕ БА ИН ОВОЗАХО БОВАР НАДОШТАМ. АММО РУЗЕ ДУСТЕ ГУФТ КИ МЕДОНИ МАН ШАБХО ДУХТАРИ ЗЕБОЕРО МЕБИНАМ ВА ОШИКИ ШАЙДОИ УЯМ. АММО ЧУНИН ДУХТАР ДАР БАЙНИ ДУСТОНУ ШИНОСХОЯМ НАДИДАМ. ГУМОН МЕКУНАМ, КИ МАН БО ПАРИ ЁР ШУДААМ. ВА ДАР ХАКИКАТ, ИН ДУСТ БАЪДИ ХОНДАНИ КОРИИ ЧИНБАРОР КАМЕ САЛОМАТИАШ БЕХ ШУДУ БА ВАТАН БАРГАШТ.
ИН ЧО МАН НАВОРХОИ ВОКЕЪИРО БАРОЯТОН ПЕШКАШ МЕКУНАМ. ВА НАЗАРИ ШУМОРО ДАР ИН ХУСУС ФАХМИДАНИАМ. ХУДО ХОФИЗ!


ЗАН ВА ТИЛЛО

ЗАН ВА ТИЛЛО

"РУЗЕ ИСО АЛАЙХИССАЛОМ БА РОХЕ МЕРАФТАНД, КИ СЕ КАС БО ОН ХАЗРАТ ХАМРОХ ШУДАНД. ЧУН БА САРЗАМИНИ ШОМ(СУРМА) РАСИДАНД, ДИДАНД КИ ДУ ХИШТИ ТИЛЛО ДАР РОХ АФТОДААСТ. ИСО(А) БА ТИЛЛОХО НАЗАР НАКАРДА , ГУЗАШТА РАФТАНД. АММО ОН СЕ НАФАР БО ДИДАНИ ЗАР ХУШХОЛ ШУДА ОН ДУ ХИШТИ ТИЛЛОРО БО ХУД ГИРИФТАНД. ЧУН БА НАЗДИКИИ РОХЕ РАСИДАНД, ХЕЛЕ ГУРУСНА МОНДАНД. АЗ БАЙН ЯКЕРО ИНТИХОБ КАРДА ПУЛ ДОДАНД, КИ РАФТА ТАОМЕ БИЕРАД. ЧУН ОН ДУ НАФАР ДИДАНД, КИ ОН РАФИКАШОН БАХРИ ТАЪОМ РАФТ, БАЙНИ ХУД МАСЛИХАТ КАРДАНД, КИ БАЪДИ ОМАДАНАШ ВАЙРО МЕКУШЕМУ ХАРДУЯМОН ЯКТОИ ХИШТИ ТИЛЛОИРО СОХИБ МЕШАВЕМ. ОН МАРДИ БА ТАЪОМ РАФТА БОШАД, НАКША КАШИД, КИ ДАР ТАОМ ЗАХР МЕАНДОЗАМУ БА ОНХО МЕБАРАМ. МЕГУЯМ КИ МАН СЕР ХАСТАМ. ВАКТЕ КИ ОН ДУ РАФИКАМ ТАОМИ ЗАХРНОКРО ХУРДА МУРДАНД, МАН СОХИБИ ДУ ХИШТИ ТИЛЛО МЕГАРДАМ. БО ИН НИЯТ У БА ХУРОК ЗАХР АНДОХТА НАЗДИ РАФИКОНАШ ОМАД. ОНХО АЗ РУЙИ НАКШАИ ПЕШАКИ ИН МАРДРО ЗЕРИ ЛАТУ КУБ КАРОР ДОДА КУШТАНД. СИПАС ЯКТОИ ХИШТИ ТИЛЛОРО ГИРИФТА КАРОР ДОДАНД, КИ ХУРОК ХУРАНД.БО ИН МАКСАД ОН ТАЪОМИ ЗАХРНОКРО ПУРРА ХУРДАНДУ ПАС АЗ ЛАХЗАЕ ХАРДУ ЧОН БА ХАК ТАСЛИМ КАРДАНД"
ГУЛНИСО ДИД, КИ ЧИ ГУНА МАЙРАМ ГУШВОРАХОВУ АНГУШТАРИНХОИ ТИЛЛОИАШРО ДАР КУТИЧАЕ АНДОХТА ТАГИ ТАХМОНИ КУРПАХОЯШ ПИНХОН КАРД. ШАБ ДАР БИСТАР ПАХЛУ БА ПАХЛУ МЕГАШТУ ПЕШИ ЧАШМОНАШ ОН ТИЛЛОХО ЧИЛВАГАРИ МЕКАРДАНД.
.....ЧАРО У ИН КАДАР СОХИБИ САРВАТ АСТУ МАН НА ШАВХАР ДОРАМУ НА ХОНА. ДАР ХОНАИ ИЧОРА МЕНИШИНАМУ ДОИМО АЗ НАБУДАНИ МАВОДИ ХУРОКАВУ ПУШОКА ТАНКИСИ МЕКАШАМ. ИН МАЙМУН БОШАД ШОХОНА МЕЗИХАДУ ДОИМО ТИЛЛОВОРИ МЕХАРАД. МАЙРАМУ ГУЛНИСО ХУРОКЕРО БЕ ЯКДИГАР НАМЕХУРДАНД. ХАМСОЯХО ХАВАСИ ДУГОНАГИИ ЭШОНРО МЕКАРДАНД. МАЙРАМ АЗ ГУЛНИСО РОЗИ ПИНХОНЕ НАДОШТ. ВАЛЕ КИМ ЧИ ХЕЛ ШАВХАРИ МАЙРАМ ХИС МЕКАРД , КИ ДИЛИ ХАМСОЯЗАН НИСБАТИ ОНОН ПОК НЕСТ. БАРОИ ХАМИН ХАНГОМИ ДИДАНИ У КОШУ КАВОК МЕАНДОХТ. БА ХАМСАРАШ ХАМ ДОИМО ТАЪКИД МЕНАМУД КИ БА ГУЛНИСО РУЙИ ХУШ НАДИХАД. ДУ МОХ ШУДА БУД, КИ ШАВХАРУ ПИСАРАШ БАРОИ ТИЧОРАТ БА ШАХРИ ТОШКАНД РАФТА БУДАНД. РУЗЕ ПИСАРИ МАЙРАМ ЗАНГ ЗАДА ГУФТ, КИ ПУЛИ ЗИЕД ДАРКОР ШУДААСТ. МАЙРАМ БА ИН ХОТИР ТИЛЛОВОРИХОЯШРО ФУРУХТАНИ ШУД.
ГУЛНИСОРО ИЛТИМОС КАРД, КИ ЯГОН ОДАМИ ДИЛПУРРО ЁФТА ТИЛЛОХОРО ФУРУШАД. ГУЛНИСО БОШАД ШАБИ ДАРОЗ МИЖЖА ТАХ НАКАРДА ФИКР МЕКАРД, КИ ЧИ ГУНА ТИЛЛОХОИ МАЙРАМРО СОХИБ ШАВАД.
...БОЯД КИ ИН ЗАРУ ЗЕВАР ТАНХО АЗОНИ МАН ГАРДАД. ВАГАРНА ЯКУМР МАН ХУДРО НАМЕБАХШАМ, ХУДО ДОДААСТ БА МАН...
ГУЛНИСО АЗ СУБХИ СОЛЕХОН ДАРИ ХОНАИ МАЙРАМРО КУФТ:
-ХА ХАМСОЯ ТИНЧИМИ, ХОБ ДИДЕД МИ?
-ХЕ ДУГОНАЧОН ЗИК ШУДАМ. ПИСАРАМ ТО САХАРИ ГИРЯ КАРД. БО СПИРТ ТАМОМИ БАДАНАШРО МАСХ КАРДАМ. КАРИБИХОИ САХАР ХАЙРИЯТ, КИ ХОБАШ БУРД.
-АЗ ШАВХАРАТ ДАРАКЕ ХАСТ?
-АЗ КУЧО, СЕ СОЛ БОЗ НА ЗАНГЕ МЕЗАНАДУ НА ХАБАРЕ МЕГИРАД.
СОАТЕ РОЗУ НИЕЗКУНОН НИШАСТАНД.
ГУЛНИСО АХИРИ ОХИРИН САРИ МАКСАД ОМАДА МАТЛАБАШРО БАЕН СОХТ:
-ДУГОНАЧОН, ТИЛЛОХОЯТРО ДЕХ. ЯК ХЕШИ НАЗДИКАМ ТИЛЛОФУРУШИ ТАЧРИБАДОР АСТ. БА У БУРДА МЕДИХАМ. ДАР ДУ СЕ РУЗ ХАМААШРО БО НАРХИ ГАРОН ФУРУХТА МЕДИХАМ. МАЙРАМ БЕХАБАР АЗ НИЯТИ ЗИШТИ ГУЛНИСО ТИЛЛОВОРИХОЯШРО БО ДУ ДАСТИ АДАБ БАРОВАРДА ДОД. АЗ БАЙН СЕ РУЗ ГУЗАШТ. АЗ ГУЛНИСО ДАРАКЕ НАБУД. ХАТТО ЯК САРИ КАДАМ БА ХОНАИ МАЙРАМ ХАМ НАМЕДАРОМАД. МАЙРАМРО ТОКАТАШ ТОК ШУДУ ХОНАИ ГУЛНИСО ОМАД. ДАРРО БА РУЯШ КАСЕ НАКУШОД. БЕГОХИ БОЗ ОМАД. ГУЛНИСО БО ЧЕХРАИ ПУРЧИНУ БАДКАХРОНА ДАРРО БА РУЯШ КУШОДА БЕ САЛОМУ АЛЕК ГУФТ:
-ЧИ ИН КАДАР МУМСИКИ МЕКУНИ ДУГОНАЧОН? ШАБ ВАЙ ХЕШАМОН МЕБИЁЯНД, ПУЛАТРО ЯКЧОЯ БУРДА МЕДИХЕМ.
-САЛОМАТ КАНИ ГУЛ?
-МЕБАХШИ, САЛОМАМ ФАРОМУШ КАРДААМ. САЛОМАТИАТ ЧИ ТАВР?
-ХУБАМ. ПУЛРО БИЕР. ШАВХАРАМ ЗАНГ ЗАДА БУД. САРДАКАК АХВОЛПУРСИ КАРДУ МАЙРАМ ПАС ГАШТ. ШАБОНА МУВОФИКИ НАКШАИ КАШИДААШОН БО ХАМРОХИИ ХОЛИ КУМУР (АВБОШИ ГУЗАРО, КИ НАВ АЗ МАХБАС БАРОМАДА БУД) БА ХОНАИ МАЙРАМ ОМАДАНД. МАЙРАМ ДАСТАРХОН ОРОСТУ ДАР ТАРАДДУДИ ХУРОКПАЗИ ШУД. ГУЛНИСО БА ХОЛ ИШОРА КАРД., КИ ТЕЗ САР КУН.
ХОЛ БА ОШХОНА ДАРОМАДА АЗ ПАСИ МАЙРАМ ЯК МУШТИ НОМАРДОНА БА САРАШ ФАРОВАРДУ ХАЛТАЧАИ СЕЛОФАНИРО ГИРИФТА ТО ГАРДАНАШ ПУШОНИД. МАЙРАМ ДАСТУ ПОЧАК ЗАДА ХУДРО АЗ ДАСТИ ИН КОТИЛИ ОДАМСУРАТ РАХОНИДАНИ МЕШУД. ВАЛЕ ИН ДАМ ГУЛНИСО БА ЁРИИ ХОЛ ОМАДУ ДАСТУ ПОЙХОИ УРО БАЗУРИ БО РУЙМОЛАКЕ БАСТ. ХАФТ ДАКИКА НАГУЗАШТА БАДАНИ МАЙРАМ ХУНУК ШУД.
-МУРД БА ФИКРАМ, ТЕЗТАР АЗ ИН ЧО ГУМ ШУДАН ДАРКОР
-ЯГОН МОЛИ ПУРАРЗИШ ДОШТА БОШАД, ГИР
АЗ ГАРДАНИ МАЙИТ ЗИРЕХИ ТИЛЛОИАШРО КАШИДА ГИРИФТАНДУ АЛОВИ ГАЗРО КУШТАНД. БУЙИ ГАЗ БА ТЕЗИ ФАЗОИ ХОНАРО ФАРО МЕГИРИФТ. ХОЛУ ГУЛНИСО БОШАНД ИН ЗАМОН ДАР ОГУШИ ЯКДИГАР ХОБИДА ТИЛЛОХОИ ХУНОЛУДАРО ХОБ ДИДАНД. ТО САХАРИ КАСЕ ДАРАК НАЁФТ АЗ МАРГИ МАЧБУРИИ МАЙРАМ. ХАМСОЯИ РУ БА РУ БУЙИ ГАЛИЗИ ГАЗРО ХИС КАРДА ДАВИДА БА ХОНАИ МАЙРАМ ДАРОМАД. РУЗИ ЧАНОЗАИ МАЙРАМ ГУЛНИСО БО ТАМОМИ ОВОЗ НАВХА БАРДОШТА РУЮ МУЙ МЕКАНД. КАСИ ДИДАГИ ХАЕЛ МЕКАРД, КИ ГУЛНИСО ШАХСИ НАЗДИКТАРИНИ МАЙРАМ МЕБОШАД. ХОЛ БО БАХОНАИ ТИЛЛОХОРО МЕФУРУШАМ ГУЕН СЕ РУЗ БОЗ БЕДАРАК ШУДА РАФТА БУД. БАЪДИ ЧАНДЕ ДАРАК ЁФТ ГУЛНИСО КИ ХОЛ БА РУСИЯ ГУРЕХТА РАФТААСТ. ГУЛНИСО НАМЕДОНИСТ КИ САРАШРО БА КУЧО ЗАНАД. ШАБХО ГУМОН МЕКАРД, КИ РУХИ МАЙРАМ УРО ТАЪКИБ МЕКУНАД. РУЗОНА БОШАД ХОМИЕНИ КОНУН ДАРАШРО КУФТА САВОЛБОРОНАШ МЕКАРДАНД. БА ДОД ОМАДА БУД АЗ ДАСТИ ВИЧДОНАШ.....

СУХБАТ БО МУХОЧИРИ МАХБАСИ

НУРАЛИ ХАМАГИ 23 СОЛ ДОРАД. АЙНИ ЧАВОНИ, ШУРРУ ШАР, СУЗУ СОЗИ ОШИКИ. АММО ИМРУЗ У ДАР МАХБАС АСТ. ДАР МАХБАСИ КРИСТИИ ШАХРИ ПИТЕР. НУРАЛИ ЗОДАИ НОХИЯИ КУЙБЕШИВИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН. УРО БАРОИ ДУЗДИИ ХОНАИ СОХИБАШ МАХБАС КАРДААНД.
-МАН БО ХАМРОХИИ ЧУРАХОЯМ САФАРУ АЛИ КАЛИДХОИ ХОНАИ МАН ТАЪМИР КАРДАРО ДУБЛИКАТ КАРДА ПАЙТИ МУНОСИБЕРО МЕКОФТЕМ, КИ КАЙ СОХИБИ ХОНА БА ШАХРИ ДИГАР МЕРАВАДУ МО ДУЗДИ КУНЕМ.  ОН ШАБИ НАХС ИН ЧУРАХОЯМ БО МАН ОМАДА ДАРИ СЕЙФРО КУШОДАНДУ ПУЛХОРО ДУЗДИДАНД. БА МАН ГУФТАНД КИ ХУДРО БЕГУНОХ НИШОН ДИХАМ,ХАМААШ ХУБ МЕШАВАД. МАНИ СОДА БА ГАПИ ОНХО ГУШ КАРДАМ. ХАРДУ БА МАСКАВ ФИРОР КАРДАНД. МАН МОНДАМУ ИН ХАВЛИИ БОШУКУХ. СОХИБИ ХОНА МАРО БА МАХКАМА КАШИД. АВВАЛ КОИЛ НАШУДАМ. АММО БАЪДИ РУЯМРО ДАР БАРФ ЗЕР КАРДА ЗАДАНАШОН ХАМАРО ЯК БА ЯК ГУФТА ДОДАМ. ИМРУЗ МАРО МАХБАС КАРДАНД. ПУШАЙМОНАМ. ОХИР МАН ДАР ВАТАН МОДАРИ ПИРУ ПАНЧ ХОХАРИ КУЧАК ДОРАМ. МАНИ МАРД ЧИ КОР КАРДАМ?

НУРАЛИ ГИРИТС. МАН ХАМ БАРОБАРАШ ГИРИСТАМ. ПУШАЙМОН АСТ, АММО ПУШАЙМОНИ СУДЕ НАДОРАД. ЧИ ГУФТЕД?

ГУРАМАРГО, ТАРМАРГО



ГУРАМАРГОНИ ШАХРИ РУС ХАМА НОУМЕДУ ХАМА АРМОНИ
ГУРАМАРГОНИ ШАХРИ РУС ХАМА ХАСРАТУ БО САРСОНИ
ЧУЯНД ДАР ИН БЕГОНАКИШВАР ФАКАТ ЯК КАФ ДУО
ТО ИН ДУО БОШАД РАХНАМУНИ ОЛАМИ РУШАНИ ФАРДО
РУХИ ИН ГУРАМАРГОНИ ШАХРИ РУС ШОД БОДО ДОИМО!
ХУДОВАНДО! НИГАХ ДОР ТОЧИКАМРО АЗ ЧАВОН МУРДАН
ТО МОДАРИ ТОЧИК НАГ
ИРАД ТОБУТИ СИЯХАШ ДАР ВАТАН...ОМИН!(ШАХЛОИ НАЧМИДДИН)
ТАРМАРГЕ ДАР САР ОРЗУИ ДОМОДИ РАФТ ДАРЕГО,

НАВШАХЕ РАФТ БО САД АЛАМ АЗ ИН ОЛАМ, САД ДАРЕГО...
БИЁЕД ДАР ИН МУБОРАКИ ЧУМЪА ДАСТ БА ДУО БАРОИ РУХИ ГУРАМАРГОН БАРДОРЕМ!




ХУДКУШИ ЧАХОЛАТ АСТ..

МАШЪАЛЕ ДАР НИМАРОХИ ЗИНДАГИ
ЮЛДУЗОЙ БО ШАСТ БА ХОНАИ ДАРУН ДАРОМАДУ ДАРРО КУЛФ КАРД. ДАР МАЙНААШ БАРКОСО ФАКАТ ЯК АНДЕША ТОБ МЕХУРД: ХУДКУШИ.ИН ЛАХЗАХО АЗ ХУДКУШИ ДИДА У ДИГАР ИЛОЧЕРО НАМЕДИД. ГУЁ РАХОИ ЁФТАН МЕХОСТ АЗ ОЛАМИ ПУРМОЧАРО БО ДУНЕИ ХОМУШОН.
....НАЧОТИ МАН ТАНХО ДАР МУРДАН АСТ. БЕЗОР ШУДАМ АЗ ЧУНИН ЗИНДАГИ. (ОВОЗИ АЗ ХАВЛИОМАДА ИСТОДА ЯКБОРА КАХРУ ГАЗАБИ УРО БОЛО БАРДОШТАН ГИРИФТ)
-ХЕ КАНЧИК, БИЕ ИН САГЕРАХОИ ГУШНАТА БИГИР АЙ ИЧА-ХУШДОМАНАШ ДАРРО ДУМУШТА КУФТАН ГИРИФТ.
-ОЧА, БИЕ МОНУШ, ХУБ ЛАГАДКУБАШ КАРДУМ, ДИЛУТ ХУНУК ШУД.
-ХИЧИ НАЗАДИШ. ИРА ТУ ЧАВОБАША ТЕ, АНА БАЪД МАН ГУЯМ КИ ТУ МАРДИ.
-ОЧА, ТУ ГАМ НАХУР, ЯГОН ДУХТАРИ ХУШРУРА ТАГИ ЧАШМ КУН, МА ИРА САР МЕТУМ.
-НЕ, НАМЕШАВАД ЗИНДАГИ. СЕР ШУДАМ АЗ ИН ХАМА. ИКРОМЕРО КИ ДАР ВАКТАШ ХУДАМ ИНТИХОБ КАРДА БА ШАВХАР БАРОМАДАМ, ИМРУЗ БА САРАМ МУШТ МЕБАРДОРАДУ ХАВАСИ ГИРИФТАНИ ЗАНИ НАВРО МЕКУНАД, ДИГАР ЧИ МАЪНИЕ ДОРАД ЗИСТАН БАРОИ МАН.
МОДАРИ МУШТИПАРАМРО КИ БЕ ШАВХАР БО АЗОБХОИ ЗИЕД МАРО КАЛОН КАРДУ РОХАТЕ НАДИД АЗ МАН, ИН КАДАР ШАРМАНДАЮ САРХАМ КАРДАМ БАЙНИ МАРДУМ. ИШК ГУФТА АЗ БАХРИ АЗИЗТАРИН ШАХСОНАМ ГУЗАШТАМ. ВАЛЕ ИН ЛАХЗАЮ ИН СОАТ АЗ ПУШАЙМОНИ НАМЕДОНАМ КАДОМ РОХЕРО ИНТИХОБ НАМОЯМ. МАРГ ВА Ё ЧУДОИРО. БЕХТАРАШ ХУДРО МЕКУШАМУ ХАЛОС МЕШАВАМ АЗ ИН АЗОБХОИ БЕАНЧОМ. КОШ ИН ДАКИКА ИКРОМ ДАРРО ТАК ТАК МЕКАРДУ МЕГУФТ КИ ЮЛДУЗОЙ МАРО БУБАХШ, МАН ТУРО ДУСТ МЕДОРАМ. ОН ГАХ ХАМА ДАШНОМУ ХАКОРАТХОИ ХОХАРУ АПАХОЯШ ВА БЕХУДА КУФТАНХОИ ХУДАШРО МЕБАХШИДАМУ ЗИНДАГИ МЕКАРДАМ. КУЧО ШУД ОН ДАВРАХОИ ШИРИНУ БЕГАМИЯМ. КУЧО ШУД? КУЧО? БА ПИСАРОНАМ МЕНИГАРАМУ ДИЛАМ МЕСУЗАД БА ОНХО. ХАЙФИ ХАМИН ХЕЛ КУДАКОНИ ДУСТРУ. АФСУСИ УМРИ ЧАВОНУ ФАРЗАНДОНИ РУЗНАДИДААМ.
ЮЛДУЗОЙ ДАСТ БА ФОНУСИ БОБОИ БУРД. КАМЕ КЕРОСИН ДОШТААСТ. ГИРИФТУ ОНРО БА КУРТААШ ПОШИД. АЗ ПАЙИ ГУГИРДКОБИ ШУД. ХАМИН ВАКТ ОВОЗИ ПИСАРОНАШ ХАСАНУ ХУСАЙН БАРОМАД, КИ МОДАРО ИЛТИЧО МЕКАРДАНД, КИ ДАРРО КУШОЯД. ДИЛАШ БАРОИ ФАРЗАНДОНАШ ГУМ ЗАДУ ГУГИРДРО МОНДА БА КУЛФИ ДАР НАЗДИК ШУД. АММО ХАКОРАТХОИ ГУШНОШУНИДИ ШАВХАРАШ УРО АЗ РАЙАШ ГАРДОНИД.
-КУ ГУМ ШАВЕН, САГБАЧАХО
ОЧАТОНА ХИЧИ БАЛО НАМЕЗАНА.
ТОКАТАМ ТОК ШУД. ДИГАР НАМЕТАВОНАМ. ЮЛДУЗОЙ ГУГИРДЧУБРО БЕ ТАХАММУЛ АЛОВ ЗАДУ БА ГИРЕБОНАШ ПАРТОФТ.
ЯКУ ЯКБОРА ТАНИ НОЗУКАШ ОТАШ ГИРИФТ. АВВАЛ СУЗИШЕРО ДАР БАДАНИ ХЕШ ХИС НАКАРД. ВАЛЕ БАЪД ОХИСТА ОХИСТА ХАЕЛАШ КИ ПУСТИ БАДАНАШ ПОРА ПОРА МЕГАРДАД. МЕСУХТУ ДОД МЕЗАД НОМИ ИКРОМРО БА ЗАБОН МЕГИРИФТ. АКНУН ПУШАЙМОН БУД АЗ РАФТОРИ НООДИЛОНАИ ХЕШ. ИКРОМ ДОДЗАНИИ ЗАНАШРО ШУНИДА ОХАНЕРО ГИРИФТА ДАРРО ШИКАСТУ ДАР ЧОЯШ АЗ ТАРС ШАХ ШУДА МОНД. ЮЛДУЗОЙИ ЗЕБОВУ РЕЗАПАЙКАР БА ЧАСАДИ ОБИЛАЗАДАИ БУЙНОК ТАБДИЛ ЁФТА БУД. ХАСАНУ ХУСАЙН МОДАРАШОНРО ДАР ИН ХОЛАТ ДИДА ФИГОНУ НАВХА БАРДОШТАНД. ИКРОМ ЧОЛОКОНА АЗ ХОНА РАФТА КАМПАЛИ ПАШМИНЕРО ОВАРДУ БА РУИ ЮЛДУЗОЙ СУХТА БУД. ОСОРИ ХАЙЁТ ДАР ЧЕХРААШ ТАМОМАН ДИДА НАМЕШУД.
МАРГИ ЮЛДУЗОЙ БАРОИ ИКРОМ ГУЙЁ ФАРКЕ НАДОШТ. ХАНУЗ МАРОСИМИ ЧИЛАШРО НАДОДА, ДАР ТАРАДДУДИ ЗАНГИРИ ШУД.ХАСАНУ ХУСАЙНРО БОШАД, БА ХОНАИ КУДАКОН СУПОРИДАНИ БУД. ВАЛЕ МОДАРИ ЮЛДУЗОЙ ОМАДА КУДАКОНРО БО ХУД ГИРИФТУ БА ХОНААШ БУРД.
ВА КУНУН БА МАРГИ ЮЛДУЗОЙ ТАНХО МОДАР МЕСУЗАДУ ХУНИ ДИЛ МЕХУРАД. ИКРОМ БОШАД БО ХАМСАРИ НАВАШ ДАР АЙШУ САФОСТ. ХАТТО БОРЕ АЗ АХВОЛИ ФАРЗАНДОНАШ ХАБАР НАМЕГИРАД. БОЗ МОДАР, ХАМОН МОДАРЕ КИ ДАР ВАКТАШ ДУХТАР НОСАЗОЯШ ГУФТА БУД, МЕСУЗАДУ БА ХОТИРИ РУЗГОРИ МИНБАЪДАИ НАБЕРАХОЯШ МЕХНАТИ САНГИН МЕКУНАД. ПАС ХАР ДУХТАР БОЯД ЭХТИЁТКОР БОШАДУ АЗ РУЙИ МАКОЛИ ХАФТ БОР ЧЕН КУНУ ЯК БОР БУР АМАЛ НАМОЯД, ТО БАРОИ ХУД ОЯНДАИ ТОРИКУ БЕБОЗГАШТ РО ОМОДА НАСОЗАД.....

САМБАККА МУРДУ КУРБОККА КОЗИ ШУД...

САВОРАИ БЕСАР ВА Ё ФАРБЕХИРО ФАКАТ ГУСПАНД БАРДОШТА МЕТАВОНАД....

ХУДОЁ КИСТ ИН ФАРБЕХИ БЕДИЛ,
ФАРОМУШ КАРДААСТ ДАРГОХУ МАНЗИЛ...

ЧУМЪА ХАСАНОВ ДАР САХНИ КОРГОХ БОВИКОРУ ОХИСТА ОХИСТА КАДАМ ЗАДА ДАР ДИЛ АЗ ФАХРИ МАНСАБ ЗАВК МЕКАРД. ЧИ ХУБЕ, ХУДО БА ХУДАМ ДОДААСТ. МОШИНХОИ ХАРХЕЛА ДАР ТАГИ ПОЯМ, ЧИЗЕ КИ ГУЯМ ХАМОН ЗАМОН ДАР ХОНААМ ПАЙДО МЕШАВАД. КАДОМ НАМУД МАЪШУКА КИ ХОХАМ, ХОЗИРАШ МЕКУНАНД.ХА ХА...
БА АССАЛОМ ГУФТАНИХОИ ЗЕРДАСТОНАШ ЗАРРАЕ АХАМИЯТ НАДОДА РУЯШРО БА ДИГАР ТАРАФ ГАРДОНИД.
-ИН БЕГОХИ ДАР ДАЧАИ ХИСОР ДОШТААМ ЯГОН ДУХТАРАКИ ОЧАШ БУСА НАКАРДАГИРО БУРДА АЗ ТАХТИ ДИЛ ИСТИРОХАТ КАРДАН ДАРКОР-ХАЁЛИ ШИРИН МЕКАРД ЧУМЪА. ЧАНДИН КАСОНРО ХУБ ПОРА ДОДУ ЧАНДИННАФАРОНИ ДИГАРРО ЗИЁФАТХО ДОД. БО ОРЗУВУ ХАВАСИ ЧАНДИН СОЛААШ ОКИБАТ РАСИД. НАКШАХОИ ЗИЕДЕРО ДАР ДИЛ МЕПАРВАРИД.
-ИНАШРО АЗ КОР МЕГИРАМ. ВАЯШРО БА КОР МЕОРАМ. ХАР ИНСОН ДАР ЗИНДАГИ МАКСАДЕ ДОРАД. ЯКЕ АЗ РУЗГОР МОЛУ МАНСАБ МЕЧУЯД, ДУВВУМИ БАХТРО ДАР МОШИНХОИ ХОРИЧИВУ БОХАШАМАТ МЕБИНАД, САВВУМИ БОШАД ТАНХО ОБРУ МЕГУЯДУ АЗ КУЧАИ ОДАМГАРИ ХЕЧ ГОХ ДУР НАМЕРАВАД.
БАРОИ ЧУМЪА БОШАД ГАЙР АЗ МАИШАТУ ФАРОГАТ ДИГАР ЧИЗЕ ВУЧУД НАДОШТ. СЕ ЗАН ДОШТУ БОЗ ЧАШМУ ДИЛАШ НОСЕРАМ БУД. РУЗ БА РУЗ РАВГАНИ ШИКАМАШ БИСЕРУ ЧАШМОНАШ ТАНГТАР МЕШУДАНД. МАНСАБУ ВАЗИФА ОН ЧУНОН СИРАТУ СУРАТАШРО ДИГАРГУН СОХТА БУД, КИ СОБИК ДУСТОНУ ПАЙВАНДОНАШРО ШИНОХТАН НАМЕХОСТ. АТРОФИЁН ДАР ХАККАШ МЕГУФТАНД:
-ФАРБЕХИРО ГУСПАНД МЕБАРДОРАД. ИН НОДИДА НОХОСТ ЧИЗЕРО ДИДУ КАРИБ КИ ШОДИМАРГ ШАВАД.
-ТО КАЙ ДАВРУ ДАВРОН МЕРОНДА БОШАД?
-МАНСАБ ХИНОИ ДАСТИ ДУХТАР БАРИН АСТ. ХАМИН ХЕЛ БА ЗАМИН МЕЗАНАДАТ КИ ДИГАР КУВВАТИ АЗ ЧОЙ ХЕСТАН НАМЕКУНИ.
КАСЕ ДУСТАШ НАМЕДОШТУ ЧУН ИНСОН ЭХТИРОМАШ НАМЕКАРДАНД. ЗУД ЗУД МУОВИНОНАШРО ИВАЗ КАРДА МЕИСТОД. БАРОИ ДУПУЛА ГАП ЧАНЧОЛ МЕБАРДОШТУ АЗ ЗЕРДАСТОНАШ АРИЗАИ АЗ КОР РАФТАНАШОНРО КАТЬИЯН ТАЛАБ МЕКАРД.
ОДАМОНРО БА ДУ ГУРУХ ТАКСИМ НАМУДА, ХАНГОМИ МАЪРАКАЕ НИЗ ХУРОКВОРИИ МИЗРО ДУ НАМУД МЕФАРМУД. ФАРЗАНДОНАШРО ХАМ ТАЪКИД МЕКАРД, КИ БО ФАРЗАНДОНИ ШАХСОНИ КАМБИЗОАТУ МИЁНАХОЛ ДУСТИЮ РАВУО НАКУНАНД. ХУЛЛАС ТАЪБАШ ШОХУ ХУДАШ ВАЗИР БУД. ХЕЧ БА ГУШАИ ХАЙЛ ХАМ НАМЕОВАРД, КИ ОДАМИЗОД ХУД МЕХМОН АСТ ДАР ИН ДУНЕИ БЕВАФО.
-ХУБ КАЙФУ САФО КАРДА МЕГАРДАМУ АНА БАЪД ДАВРАИ ПИРИ НАМОЗУ РУЗА МЕГИРАМ. ХАЧ РАФТА ХОЧИИ КАЛОН МЕШАВАМ-АНДЕША ДОШТ ЧУМЪА.
ВАЛЕ ХУДОВАНДИ ДЕРГИРУ САХТГИР САЗОИ УРО МАВФУК НАГУЗОШТУ РУЗЕ ОНЧУНОН ЗАДАШ, КИ ДИГАР УМУМАН НА БА ЧИЗЕ САРФАХМ МЕРАФТУ НА КАСЕРО МЕШИНОХТ. АСЛИ ВОКЕА ЧУНИН АСТ. ДАР ТАШКИЛИЕ БО ЁРУ РАФИКОНИ ХАМКАДАХОЯШ БИСЕР МЕНУШИДУ АЗ МАСТИ ДИГАР БА ХУД НАМЕОЯД. ДАР БЕМОРХОНА КАМ КАМ БА ХУД МЕОЯДУ ВАЛЕ МАЙНААШ АЗ ЧИЗИ ЗАХРНОКЕ ЗАХРОЛУД ГАШТА ЯГОН ЧИЗЕ ДАР ЁДАШ НАМЕМОНАД.
АКНУН ДАР ГАЙБАШ МЕГУЯНД. ЧУМЪА-ЧИННИ ХАСТ КУ. КАСЕ АЗ НАЗДИКОН НА ДАЪВОЕ КАРДУ НА АЗ ДАЪВОЮ ТАБОБАТАШ ШУД.
ГУЁ ИНТИЗОР БУДАНД, КИ ТЕЗТАРУ ЗУДТАР ЧУМЪА БА БАЛОЕ ГИРИФТОР ШАВАД.
УРО БА ДЕВОНАХОНАИ КУКТОШ БУРДА ПАРТОФТАНД.ЯГОН КАС ХАТТО БОРЕ АФСУСУ НАДОМАТАШРО НАКАРД. БАРЪАКС ХУРСАНД БУДАНД, КИ ХАК БА ХАКДОР РАСИДУ ЧАХОН БОЗ АЗ ЯК ЧАСАДИ ЗИНДА ПОК ГАРДИД. ХАС КАМУ ЧАХОН ПОК....

БЕКОРИ ВА МУЗДИ НОЧИЗ

БЕКОРИ АЗ МУЗДИ НОЧИЗ....
БЕКОРИ ЯКЕ АЗ МАСЪАЛАХОИ МУХИМЕСТ, КИ ХАНУЗ БЕ БУХРОНИ ИКТИСОДИ ХАМ ДАР ТОЧИКИСТОН ХАЛЛИ ХЕШРО НАЁФТА БУД. АЗ РУЙИ МУШОХИДАХО БАРМЕОЯД, КИ ШУМОРАИ ЧИНОЯТКОРОН АЗ ХИСОБИ НАФАРОНИ ЧОЕ КОР НАМЕКАРДАГИ МЕАФЗОЯД. ИНСОН КИ БЕКОР МОНД, БА САРАШ ФИКРХОИ ХАРХЕЛА МЕОЯДУ ДАСТ БА КОРХОИ НОШШОИСТА МЕЗАНАД.
БЕКОРОН СЕ ТОИФААНД.
1. БОМЖХО
2. НАФАРОНЕ , КИ БО САБАБИ КАМ БУДАНИ МУЗДИ МЕХНАТ ДАР ФАСЛИ ТОБИСТОН БАРОИ МАРДИКОРИ БА РУСИЯ МЕРАВАНДУ ДАР ФАСЛИ САРМО БАРГАШТА ОМАДА ЧОЕ КОР НАМЕКУНАНД.
3. БЕКОРОН-ТАЙЁРХУРОН. ОНХОЕ КИ ТАРБИЯИ НОДУРУСТ ГИРИФТААНД, МЕХНАТ КАРДАНРО ДУСТ НАМЕДОРАНД, Ё ИН КИ ДОГИ СУДИ ДОРАНД. ТОИФАИ АВВАЛ БУДАНДУ ХАСТАНДУ МЕМОНАНД.
БЕКОРИ ДАРД АСТ. ДАРДЕ, КИ ЧОМЕАРО НОСОЛИМ МЕСОЗАД. ХАТТО ДАР ОБШИНАИ ИБТИДОИ ХАМА ОДАМОН БО ДАСТИ УРЬЕН АЗ ЗАМИН ХОК КАНДА, РИЗКУ РУЗИИ ХУДРО МЕЁБАНД. ХУДОВАНД ОДАМОНИ БЕКОРРО ДУСТ НАМЕДОРАНД. БО САД НАФАР БЕКОРОН ХАМСУХБАТ ГАРДИДАМ. АЗ 100 НАФАР 60 НАФАРАШОН АЗ ХИСОБИ ХУНАРИ КОРХОИ СОХТМОНИ ГОХ ГОХ ПУЛ ЁФТА, ЗИНДАГОНИАШОНРО ПЕШ МЕБАРАНД. ДАР БОЗОРИ МАРДИКОРОН АЗ СУБХ ТО ШОМ РОСТ ИСТОДА ИНТИЗОР МЕШАВАНД, КИ КАЙ САРВАТМАНДЕ ОМАДА, ОНХОРО ХЕЛЕ АРЗОН КИРО КАРДА МЕБАРАД. ИН НАФАРОН СОХИБИ ДИПЛОМИ ОЛИ ХАСТАНД. АЗ ХАМА ДАРДОВАРАШ ОН АСТ, КИ КИСМИ ЗИЁДИ ОНХО СОБИК ОМУЗГОРОНИ МАКТАБХОИ ТАХСИЛОТИ ХАМАГОНИАНД, 40 НАФАРИ БОКИМОНДА АЗ ХИСОБИ РУСИЯНХОВУ СОБИК ДОГИ МАХБАСИХО ДОШТАХО, ДАР ЧОЕ КОР НАМЕКУНАНД. ЯКЕ ГУФТ, КИ АГАР 24 СОАТ ДАР КОРХОНАИ ДАВЛАТИЕ ЗАХМАТ КАШАД, ПУЛИ ЯК ХАЛТА ОРДУ ДУ КИЛЛО ШАКАРРО БАЗУР МЕЁБАД.
ИМРУЗ ЧАВОНОНИ БОЛАЕКАТУ СОХИБМАЪЛУМОТИ ТОЧИК КУШИШ БАР ОН МЕНАМОЯНД, КИ ВОСИТАЕ ЁФТА ДОНИШУ МАЛАКААШОНРО ДАР ХОРИЧ ИСТИФОДА БАРАНД. ВАКТЕ КИ ИСТЕЪДОДУ МАЛАКАИ КОРИ БА 200-250 СОМОНИ ДАР ЯК МОХ КАДР МЕГАРДАД, ПАС ЧИ ГУНА ЯК ЧАВОНМАРД МЕТАВОНАД ЗАНУ ФАРЗАНХОЯШРО ПУРРА ТАЪМИН КАРДА, МУШКИЛОТЕ НАДОШТА БОШАД? ЯК ХОНАИ ИЧОРАИ БЕТАЪМИР ИМРУЗ БА 200-250 ДОЛЛАР РАСИДААСТ. БО ЧУНИН МУЗДИ МЕХНАТ АГАР ЗАНУ ШАВХАР 10 СОЛ НАХУРДАВУ НАПУШИДА, ЧАМЪ КУНАНД ХАМ, БАРОИ ХАРИДАНИ ЯК ХОНАИ БАРАК НАМЕРАСАД. АГАР ДАР 18 СОЛИ ИСТИКЛОЛИЯТ ТОЧИКОНИ НАВ БА ЧОЙИ ТАРАБХОНАВУ МЕХМОНХОНАХОИ БОХАШАМАТ 20 КОРХОНАИ ХУРДИ ИСТЕХСОЛИ МЕСОХТАНД, ИМРУЗХО ИН КАДАР ТОЧИК ДАР ДИЁРИ БЕГОНА АЗОБ НАМЕКАШИД.

ТАКДИРИ ШУРАНГЕЗИ ЯК БОМЖИ ТОЧИК

ВАКТХОИ ОХИР ДАР МАТБУОТИ ХОРИЧИВУ РУСИЯ МАВОДХОЕ БА ТАЪБ МЕРАСАНД, КИ ПАС АЗ МУТОЛИААШ КАС ЧАНД МУДДАТ БА ХУД НАМЕОЯДУ ПАРЕШОНХОТИР МЕГАРДАД. ВАЛЕ, АГАР ХАКИКАТБИНОНА НАЗАР ДУЗЕМ, АЗ ХАКИКАТИ ИМРУЗАИ РУЗГОР ДИГАР ЧАШМ ПУШИДА НАМЕШАВАД.ЧУНКИ ЗИНДАГИ ХУД РОХХОЕ ДОРАД ПУР АЗ НЕШУ НУШ, СОЗУ СУЗ, ПАСТИВУ БАЛАНДИХО, ХАВОРИВУ НОХАМВОРИХО.ВА АЧОИБАШ ДАР ОН АСТ КИ БАРХЕ БА АЙШУ НУШ МАШГУЛАНДУ БАРХИ ДИГАР БА ЗАХМАТИ САНГИНИ ЯКУМРА, КИ БО ХАМИН РАНЧУ ДАРДУ АЗОБИ УМРАШОН ПОИН ХОХАД ЁФТ. ШАБИ ОМАДАНАМ БА ПИТЕР РУЙИ ХАРАКХОИ ИСТГОХИ ФУРУДГОХИ ХАВОИ ЧАШМАМ НОХОСТ БА ЗАНИ МИЁНАСОЛИ ТОЧИКЕ ФИТОД, КИ ДАРОЗ КАШИДА МЕХОБИД. ЧИ РУЗЕ, ЧИ СОАТИ МУДХИШЕ....
АЗ МИНБАРИ БАЛАНД НАМОЯНДАГОНИ ХАЛК ДОД ЗАДА МЕГУЯНД:"МО ТОЧИКИ ТОЧДОРЕМ"
ШАХРИЕР ДАР АХЛОТТУДАХОИ НАЗДИ МАХАЛЛАХОИ ИСТИКОМАТИ ГУЗАР МЕКАРДУ ХАМИН КИ КУЧАХОРО КАМОДАМ МЕДИД, ЗУД ЧОБУКОНА АЗ БАЙНИ ОНХО КОФТА КОФТА БА ХАЛТАЧААШ ЧИЗЕ МЕАНДОХТ. ЧАШМАШ БА ХАРБУЗАИ ПУРРАИ ПУСИДАЕ АФТИД. КУДАКВОР ХУРСАНД ШУДА ОНРО БО ДАСТОНАШ БУЛАК КАРДА БА ДАХОНАШ АНДОХТ.
ДИГАР ДАР ТАХХОНАХОИ МАРДУМ ХОБ КАРДА НАМЕШАВАД. ХАВО ХУНУК ШУД, ЧИ БОЯД КАРД, АЗ ДИЛ ГУЗАРОНИД ШАХРИЕР.
ЧАРО ХУДОВАНД ЧОНАМРО БА ЗУДИ НАМЕГИРАД. БА ДИЛАМ ЗАД ЧУНИН ЗИНДАГИ. АЗ ХОЛИ МАН ХОЛИ БАЪЗЕ САГХОИ ХОНАГИ ХУБТАР АСТ.
ВА БОЗ БА ЧУСТАНИ АХЛОТТУДАХО ШУРУЪ КАРД. ТАКДИР ОН ЧУНОН БА ШАХРИЕР САХТИ КАРД, КИ АЗ ОГОЗИ ТИФЛИАШ ДАР ХОНАИ КУДАКОН БА ВОЯ РАСИДА ПАДАРУ МОДАРАШРО ДАР ЁД НАДОРАД. БА ТЕХНИКУМ ДОХИЛ ШУДА ЧЕЛОНГАР ШУД. МУДДАТИ ХАФТ СОЛ КОР КАРДА ХУД НАХУРДАВУ НОНУШИДА МУЗДИ КОРИ ХАРМОХААШРО КАМ КАМ ЧАМЪ КАРДАН ГИРИФТ. БО ХАВАСХОИ ЗИЁДЕ СОХИБИ ЯКХОНАГИ ГАРДИД. АКНУН БА ИН ХОНА ТАНХО ЯК ЗАН НАМЕРАСИД. АРУС ХАМ ЁФТ ШУД. АЗ ХАМОН МАХАЛЛАЕ КИ ХОНА ХАРИД. ХАМСОЯИ ХАМШАФАТАШ ДУХТАРЕ ДОШТ, ХОКСОРУ БОТАМКИН. ХУШРУЗУ ХУШБАХТ УМР БА САР МЕБУРДБО ЗАВЧАИ МЕХРУБОНАШ. АСПИ ДАВАНДИ ВАКТ ЧАВЛОН ЗАДА МЕГУЗАШТУ ХАТТО НАФАХМИДА МОНДАНД. КИ АЗ БАЙН 12 СОЛ ГУЗАШТААСТУ ХОЛО ХАМ ОНХО СОХИБИ ФАРЗАНДЕ НАГАРДИДААНД. ШАХРИЕР БА НАЗДИ ДУХТУРУ ФОЛБИН БУРД ЗАНАШРО. ВАЛЕ БА ХОСТИ ХУДО ЧИЗЕ ЁРДАМАШ НАКАРД. ЗАНУ ШАВХАР КИ НИЯТИ ЧУДОШАВИ НАДОШТАНД, ХАМАИ ИН НОБАРИРО ПЕШОМАДУ ТАКДИР ДОНИСТА АЗ ПАЙИ ГИРИФТАНИ КУДАКЕ АЗ ХОНАИ БАЧАГОН ШУДАНД. ОН РУЗ ДАР КОРГОХ ШАХРИЕР МУНТАЗИРИ ХАМСАРАШ МЕИСТОД, ТО ХАМРОХ БА ХОНАИ КУДАКОН РАВАНД. АММО АЗ У ДАРАКЕ НАБУД. ДИЛИ ШАХРИЕР КИМ ЧИ ХЕЛ СИЁХ ШУДА АЗ ЧИЗИ БАДЕ ГУВОХИ МЕДОД. ЧАРО ДЕР КАРД? БА ХОНА ОМАДА КАСЕРО НАЁФТ. ХАЙРОНУ МУЗТАР БА КУЧА БАРОМАД. ХАМИН ВАКТ ХАМСОЯЗАН ДАВИДА ОМАДА ФАРЕД ЗАД, КИ ГУЛИРО МОШИН ЗАДААСТУ РОСТ ЁРИИ ТАЪЧИЛИРО ЧЕГ ЗАДА БА БЕМОРХОНА БУРДААНД.
ДАР БЕМОРХОНА ШАХРИЕР АЗ ДУХТУРОН ЗОРИ МЕКАРД, КИ ЧОНИ ШАХСИ БЕНИХОЯТ АЗИЗАШРО АЗ АЧАЛ РАХОНАНД. РАФТА АЗ ХАМКОРАШ БО ХАРМОХА СУДАШ СЕСАД ДОЛЛАР КАРЗ ГИРИФТ. ПУЛРО БА ДУХТУРЕ, КИ ГУЛИРО ЧАРРОХИ МЕКАРД, ДОДА МАРДАКИ КАПА КАЛОН ГИРЯ МЕКАРД, КИ УРО НАЧОТ БАХШАНД. ВАЛЕ САД АФСУСУ ДАРЕГ, КИ МАРГ ЗУР БАРОМАДУ ГУЛИИ НОКОМ ДУНЕРО ТАРК НАМУД.
-НЕ, НЕ ДЕВОНАВОР ФАРЕД МЕКАРД ШАХРИЕР.
КУНУН БАРОИ ШАХРИЁР ГУЁ ДИГАР ЧИЗЕ ВУЧУД НАДОШТ. АРАК МЕХУРДУ ДАР ХОНА НИШАСТА ГИРЯ МЕКАРД. АЗ ШАХСЕ КИ БАРОИ ЧАРРОХИ КАРЗ ГИРИФТА БУД, МЕГУРЕХТ. ШАБЕ У НИЗОИМИЕНРО ГИРИФТА ОВАРДА ТАХДИД НАМУД, КИ Ё ПУЛРО КИ БА ХАЗОР ДОЛЛАР РАСИДААСТ, БАРГАРДОНАД ВА Ё ХОНАРО ХОЛИ КУНАД.
БАРОИ ШАХРИЕР , КИ ЗИНДАГИАШ САРГУМ ШУДА ФАРКИЯТЕ НАМОНДА БУД, КУНУН ЧИЗЕ МАЪНИ НАДОШТ. АВВАЛХО ХОНАИ ПАДАРАРУСУ ДУСТОНАШ РАФТА МЕИСТОД.ВАЛЕ БАЪДТАР БА ДИЛИ ОНХО ХАМ ЗАД, КИ ДИГАР РУИРОСТ РУИ ХУШ НАМЕДОДАНД. ЧОЕ КИ РОСТ ОЯД, ХОБ МЕКАРД, ХОХ ВАЙ ДАР КУЧА БОШАДУ ХОХ ТАХХОНА.

ВАТАН ОН ЧОСТ КИ ОЗОРАШ НАБОШАД...

ПАЗМОНИ ВАТАН Ё ЗАНУ ШАВХАР ЯКЧОЯ САЛОМ ДУШАНБЕ ГУФТА АШК РЕХТАНД....
САЛИМ ДАР САХНИ ХАВЛИИ БА КАСР ШАБОХАТДОШТА КАДАМ ЗАДА ИСТОДА ДАМ БА ДАМ ОХИ САРД МЕКАШИД. ИН ХАВЛИИ ПУРХАШАМАТУ ХИДМАГОРОНИ ЛАББАЙГУЯК ГУЁ ИН ЛАХЗА ГУЛУИ УРО ФИШОР МЕДОДАНД.
БО НАБЕРАХОИ ДУСТРУЯШ, КИ ИН ДАМ ДАР БОГЧАИ ХАВЛИ ТУББОЗИ МЕКАРДАНД, НИГАРИСТА ДИЛАШ ГИРЕН ШУД. ОХИР НАБЕРАХОЯШ ФАРДО БА ВОЯ РАСИДА АЗ КУЧО ХОХАНД ДОНИСТ КИ ОНХО ТОЧИКАНДУ ТОЧИКИСТОН ГУФТАНИ ВАТАН ДОРАНД.
-АФСУС КИ ИН ВАТАН ИМРУЗ ПАРЕШОНУ МАРДУМИ МЕХМОНДУСТАШ ДАР МУХОЧИРАТАНД. ПИСАРАМ ХАТТО НОМИ ТОЧИКИСТОНРО ШУНИДАН НАМЕХОХАД. МЕГУЯНД, КИ ЧОЕ ЗИНДАГИ ХУБ МЕГУЗАРАД, ОН ЧО ВАТАН АСТ. ХАТТО НАМЕХОХАД, КИ ПИСАРОНАШ БО ЗАБОНИ ТОЧИКИ ХАРФ ЗАНАНД. АФСУС...
САЛИМ ТАМОМИ ДОРОИИ ДУНЕРО ДОШТ, ВАЛЕ ХАВОИ ВАТАНУ ШАКАРОБИ ТОЧИКИРО БЕХАД ПАЗМОН ГАШТА БУДУ ТАНХО ХУДАШ ИН ЭХСОСРО ДАРК КАРДА МЕТАВОНИСТУ ХАЛОС. ГУФТ:
-ОХ, ВАТАН, БЕХУДА ХУНАРМАНДИ ЭРОН САТТОР НАСУРУДА БУДААСТ:
-БЕ ТУ МАН БЕКАС, БЕ ТУ МАН ХАСТА, ЭЙ САРЗАМИНИ МАН...
ЧИ КАДАР ДЕХОТИ АЗИЗАМУ ДАРАХОИ САБЗИ РОМИТУ ДАРЁИ КОФАРНИХОНРО ЁД КАРДААМ. ОХ МОДАР, ОН МАРКАДИ ТУ СОЛХОСТ, КИ БЕСОХИБ МОНДА КАСЕ БАРОИ РУХИ ТУ ДУОВУ ФОТИХА НАХОНДААСТ. ОХ ПЕШ МЕГУФТАМ, КИ МАН ХЕЧ ГОХ ЁДИ МЕХАН НАХОХАМ КАРД.
САЛИМ ХАНГОМЕ КИ 20 СОЛ ПЕШ АЗ ВАТАН ФИРОР МЕНАМУД, ДАР ФУРУДГОХИ ХАВОИ ХАРЧИ ЗУДТАР ПАРВОЗ НАМУДАНИ ХАВОПАЙМОРО ИНТИЗОР БУД. ДИЛАШ АЗ ВАТАНУ ОДАМОНАШ ХУНУК ШУДА ТАРКИ ТОЧИКИСТОН НАМУД. БЕХТАРИН СОХАИ МУТАХАССИСИ ТИБ БУДУ УРО БАРОИ ТАБОБАТИ БЕМОРИХОИ ДИЛ, БО ПУЛИ КАЛОН ТАЛАБ КАРДА, МЕБУРДАНД.
ЧАРРОХИ МАШХУР ДАР ТАМОМИ ДУНЕ ШУХРАТ ДОШТ БА ГАЙР АЗ ВАТАНАШ. МОХОНАИ НОЧИЗЕ , КИ МЕГИРИФТ, ХАТТО БАРОИ ХАРИДАНИ ЯК ХАЛТА ОРД НАМЕРАСИД. АВВАЛ БА ЗЕЛАНДИЯИ НАВ МУХОЧИРАТ НАМУДУ СИПАС МУКИМИ ШУДА БА КАНАДА ОМАД. ДАР ЯК МУДДАТИ КУТОХ БО ПОКВИЧДОНИВУ МЕХНАТИ ХАЛОЛАШ ЭХТИРОМ ПАЙДО КАРДУ СОХИБИ КЛИНИКАИ ШАХСИИ ХЕШ ГАШТ. ХАВЛИИ ДАКАДАНГ СОХТА ПИСАРАШРО БА ЯК ЭРОНИДУХТАРИ САРВАТМАНД ХОНАДОР НАМУД. ДАР ГУЗАШТИ ИН СОЛХО ТАНХО САЛИМ АЗ ЁДИ ВАТАН ДИЛ КАНДА НАМЕТАВОНИСТ. МЕХРИ ВАТАН МЕКАШИДАШ САХТУ ТУЛОНИ. МУТАХАСИСИ ВАРЗИДА БУД ДАР СОХАИ ХЕШ. РУЗЕ МАНСАБДОРИ САРВАТМАНДЕ БЕМОР ШУДУ УРО БАРОИ ЧАРРОХИИ КАЛБИ ДАРДМАНД ДАЪВАТ НАМУДАНД.
АЗ ГУЗАРОНИДАНИ ИН ЧАРРОХИ САРКАШИ НАМУД. ВАЛЕ АЗ ТАХДИДХОИ ИН ВАЗИФАДОРОН ТАРСИДА РОЗИ ШУД. ЯК ДУХТАРАКИ 9 СОЛАИ БЕСОХИБЕРО, КИ ТАНХО ЯК БИБИИ БЕМОРУ МАЙЗАДА ДОШТ, БАРОИ ИВАЗ НАМУДАНИ УЗВИ БАДАНАШ ОВАРДАНД. БОЯД САЛИМ КАЛБИ ИН ДУХТАРАКИ СОЛИМУ БЕГУНОХРО ГИРИФТА БА ЧОЙИ ДИЛИ НОСОЛИМИ ОН ВАЗИФАДОР ГУЗОШТА ДАКИККОРОНА ЧАРРОХИ МЕНАМУД. САЛИМ БА ЧЕХРАИ БЕОЛИШИ ИН ДУХТАРАКИ 9 СОЛА НИГАРИСТА ВИЧДОНАШ АЗОБАШ ДОДА АЗ ЧУНИН КОРИ УБОЛ САРКАШИ НАМУДАН ХОСТ. АММО АЗ ТАРСИ НОМУСИ ЗАНУ ЧОНИ ПИСАРИ ЯГОНААШ НОИЛОЧ БА АМАЛИЕТ ОГОЗ НАМУД. ЧАРРОХИ БОМУВАФАККИЯТ АНЧОМ ЁФТУ ПАС АЗ ЧАНДЕ ЧАСАДИ ДУХТАРАКИ БА ХУКМИ ГУЛ БУДАРО ХАПАКАК БУРДА ГУРОНИДАНД..
ПАС АЗ ЯК ХАФТА БОШАД ЧАСАДИ БИБИИ ДУХТАРАКРО ХАНГОМИ РУХ ДОДАНИ СУХТОР ДАР ХОНААШОН ДАРЁФТАНД. ТАНХО САЛИМ МЕДОНИСТ, КИ БАРОИ ЧИ ЯКБОРА ХОНАИ КАМПИРИ МАЙЗАДА ОТАШ ГИРИФТ. ВА МЕДОНИСТ КИ АГАР БО АХЛИ ОИЛААШ АЗ ВАТАН ГУРЕХТА НАРАВАД, ЧУНИН ТАКДИР НАСИБАШ МЕГАРДАД. БАРОИ ХАМИН ХОНААШРО БО НАРХИ АРЗОН САВДО КАРДА ЧИПТА ХАРИДУ БО АХЛИ ОИЛА РОХИ ХОРИЧРО ПЕШ ГИРИФТ. ЧУН ДУХТУРИ ЗАБОНДОНУ БОСАВОД БУД, ЗУД ДАР ХОРИЧА ЧОЙИ КОР ЁФТУ ЗИНДАГИИ ШОХОНААШРО БА РОХ МОНД.
САЛИМ ПАС АЗ 10 СОЛ ТАВВАСУТИ САЙТХОИ ИНТЕРНЕТ ФАХМИД, КИ ОН ВАЗИФАДОР БО АХЛИ ОИЛААШ ДАР САДАМАИ АВТОМОБИЛИ БА ХАЛОКАТ РАСИДААСТ.
У ИН ХАБАРРО ШУНИДАН ЗАМОН АЗ ДИЛ ГУЗАРОНИД. КИ РУХИ ДУХТАРАКИ БЕГУНОХ АКНУН ОРОМУ ОСУДА МЕХОБАД. САЛИМ БА АКСХОИ ДАР ЗОДГОХАШ ГИРИФТА НИГАРИСТА ДАР ТАНХОИ АШК МЕРЕХТ. СИННАШ БА 65 ДАККА ХУРДААСТУ АЛЛАКАЙ МУЙХОИ САРАШ БОТАМОМ САП САПЕД ГАШТААНД.
-АЧИБ, МУСОФИРИ ХАМ ДАРД БУДААСТ. МАН БА ОН ХОК ДОИМИ БАРГАШТА НАМЕТАВОНАМ. ЧУНКИ ДАР МАРГИ ОН ДУХТАРАКИ 9 СОЛА ХУДРО ГУНАХКОР ХИСОБ МЕКУНАМ. ИМРУЗ ХАМ АЗ РУЙИ ШУНИДАМ МАРДУМИ ОДДИ ЗЕРИ НАКОРАИ ВАЗИФАДОРОН РАКС МЕКУНАНДУ КИСМИ ДИГАР ДАР РУСИЯ САРСОНУ САРГАРДОНАНД.
САЛИМ ОХИ САРДЕ КАШИДУ АЛБОМИ СУРАТХОЯШРО ПУШИД. МЕХОСТ КИ ДАР БОРАИ ВАТАНАШ ФИКР НАКУНАД. ВАЛЕ ДИЛ МЕКАШИДУ АНДЕШАХОЯШ БОЗ БА ЛОЛАХОИ ФАЙЗОБОДУ ОБИ МУСАФФОИ КОФАРНИХОН МЕРАФТ. ОШИ ТУППАВУ КАБУДИХОИ ФАРОВОНИ ДУШАНБЕ БА ХОТИРАШ МЕОМАДУ ОБИ ДАХОНАШ МЕРЕХТ.
ФАРОМУШ КАРДАНИ ВАТАН БАРОЯШ БАРОБАРИ МАРГ БУД. ХАМСАРАШ ХАМ ВАКТХОИ ОХИР ХАЁЛИВУ АНДЕШАМАНД ГАШТА АЗ САЛИМ ПИНХОНИ АШК МЕРЕХТ.
АЗ ТАМОМИ ХУШИХОИ ДУНЯВИ БАХРАВАР БУДАНД БА ГАЙР АЗ ЛАФЗИ ТОЧИКИ, КИ МУШТОКИ ШУНИДАНАШ БУДАНД.
САЛИМ ДАР ИЕЛОТЕ КОРУ ЗИНДАГИ МЕКАРД, КИ ЯГОН ХАМВАТАН ОН ЧО НАБУД. ДАР ХОНА ПИСАРУ КЕЛИНАШ ИНГЛИСИ ХАРФ МЕЗАДАНД. НАБЕРАХОЯШ ХАМ ОНХОРО БО ИНГЛИСИ БОБОВУ БИБИ МЕГУФТАНД.
САЛИМ РУЗЕ БА ХАМСАРАШ ГУФТ. КИ ОМОДА ШАВАД, ЯКМОХА БА ТОЧИКИСТОН МЕРАВАНД. ТО ПАРВОЗ НАМУДАН КАЛБИ ХАРДУ МЕТАПИДУ БЕИХТИЕР АЗ ХАЯЧОН АШК МЕРЕХТАНД.
ТО БА ЗАМИНИ ТОЧИКИСТОН РАСИДАН ДИЛИ САЛИМ КАРИБ, КИ ТАРКАДУ МЕХАНАШРО НАДИДА БИМИРАД. ХАМИН КИ САДОИ ТОЧИКОНАИ РОХБАЛАДИ ЗЕБО ХУШ ОМАДЕД БАЛАНД ШУД, САЛИМУ ЗАНАШ АЗ ХУРСАНДИ ДОД ЗАДА АЗ ЧОЯШОН БАРХЕСТАНД.
ДИГАР МУСОФИРОНИ ХАВОПАЙМО БО ТААЧЧУБ БА ИН ДУ НАФАР НИГАРИСТА ХАЙРОН ШУДАН, КИ ЧАРО ОНХО МИСЛИ БОРИ АВВАЛ ДАР ХАВОПАЙМО НИШАСТА АМАЛ МЕКАРДА БОШАНД.
САЛИМУ ХАМСАРАШ БАЪДИ АЗ ХАВОПАЙМО ФАРОМАДАН АЗ ОСМОНИ ВАТАН НАФАС ГИРИФТА БО ЯК ОВОЗ САЛОМ ДУШАНБЕ ГУФТАНД.
ИН ЭХСОСИ БУЗУРГИ ОНХОРО ТАНХО КАЛБИ СУХТААШОН ДАРК КАРДА МЕТАВОНИСТУ ХАЛОС.....................

четверг, 5 мая 2011 г.

КАРЗ ВА МАРГ

Карз ва марг

Боз чавонмарди 35 солае аз дехи хамося худро овехт.Хама саргум монданд, барои чи? Хонаву дари обод, хамсари шоиставу фарзандони солим дошт, чи намерасидаш? Хар яке дар чанозааш ба худ суоле медод. Бо чи тавалохо хамсару хамсояхояш муллои дехаро рози кунониданд, ки у чанозаи Ботурро хонад. То вакте карздорон ба хонаи Ботур наомаданду чанчол набардоштанд, касе пайхас накард ки паси худкушии Ботур чи сири нихоние мавчуд аст.
Ботурро дусти мактабиаш буд Анвар. Ботур дар мактаби дех муаллим шуда монду Анвар ба Русия мардикори рафт. Пас аз чанде Анвар бо пули калон ба деха баргашту ба Ботур хам аз чихати модди кумак мекардаги шуд. Пулхои оварда хам охиста охиста тамом шуданду боз Анвар ба сафари Русия баромад. Вале на барои мардикори, балки барои тичорат. Аз Ботур хохиш кард, ки барояш яз ягон шинос бо фоизаш карз ёфта дихад. Ботур бе ягон андеша аз як шиноси сарватмандаш ба маблаги 500 доллари амрикои карз гирифта ба Анвар дод. Кариб як сол гузашта аз Анвар дараке нашуд. Фоизи карз руз аз руз афзудан мегирифт. Аммо дили Ботур пур буд ки хеч гох Анвар уро фиреб намедихад. Интизор буд омадани уро. Шахсе ки карз дода буд, ба хавотир афтода руз дар миен ба хонаи ботур омада карзашро талаб кард. Ботур хайрону сарсон намедонист ки чи чорае андешад. Хеч кас нишонии аники Анварро намедонист.
-Ба у чи шуда бошад? Охир Анвар ин хел фиребгар набудку. Чаро аз у хатту хабаре нест.
Хабар омад рузе ки гуё Анварро дар Русия чурахои худаш вахшиёна кушта партофтаанду мурда холо дар морг мехобад. Падари гамзадаву бародари чигарсухта тамоми буду шудашонро фурухта рафтанд ба Русия барои овардани часади Анвар. Ботур Худо мегуфту бовар мекард ки ин овозахо дуруганду Анвар зинда аст. Хешро тасалло медод ки у меояду Ботур хам аз чанчоли карздодагихо рахои меёбад.
Вале..хамон рузе ки часади реза реза духтаи Анварро оварданд, дили Ботур аз задан бозмонду сахт бемор шуд. Марги дуст ва карзи калони ба сараш буду абгораш намуданд. Охир агар у хонаашро бо гову молаш фурушад хам, пули карзро дода наметавонад. Чандин бор боз шахси карздодаги омада тахдид мекунад ки агар пулро барнаградонад, зану кудаконашро гирифта мебаранд. Ва Ботур хам рохи халосиро дар касди чони хеш диду пинхони ба огилхона рафта худро овехт.
Шахлои Начмиддин.

ЧОЙИ КОР ЧАНД СУМ АСТ?

Чойи кор чанд сум аст?

Имрузхо дар Точикистон масъалаи бекори ва наёфтани чойи кор яке аз масъалахои мубрами руз гардидааст. Хар сол хазорон мутахассисони сохахои гуногун донишгоххоро хатм карда сарсону саргардон аз пайи коркоби мешаванд. Ба истиснои касби омузгори ки озод асту дар кисми зиеди мактабхо муаллим намерасад. Дар панч соли охир талабгорони касби хукукшиноси афзуда, хатто дар руйхати донишчуйёни гоибхони факултаи хукукшиноси ному насаби сарояндахои шинохтаи чумхуриро дидан мумкин аст. Акнун, дар солхои охир бошад, шумораи довталабони факултаи тарчумони меафзояд.
Ман бо чанде аз мутахассисони корчу хамсухбат гардидам.
-Ман Чамшед. Хатмкардаи факултаи хукукшиносии ДДМТ.
-Кучо кор мекуни?
-Хеч чо, чойи кор кофта истодаам.
-Чаро?
-Чунки дар судхо судяхо чунон зиед шудаанд, ки чойи холи нест.
-Агар наебед, чи кор мекунед?
-Ба бозор рафта мева мефурушам.
Дигари аз гуфтани ному насабаш худдори кард ва гуфт:
-Ман хатмкардаи донишгохи тибби мебошам. Вале айни замон бекор хастам. Бехтараш ба Афгонистон рафта бо маоши баланд духтур мешавам.
Агар имруз мутахассисони чавони мо сарсону саргардон идора ба идора гашта чойи кор бичуянд, пас дар оянда дар сохахои фаъоли чомеа бештар шахсони тасодуфи аз хисоби писару чиянхо меафзояд.




РОЗИ ДУХТАРАКИ НАШЪАМАНД

Рози духтараки нашъаманд...
Симои ин духтараки зебову нозанин пеши чашмам падид меомаданду сатрхо беихтиер руйи когаз пайдо мешуданд. Гуё у чун хамонруза ашки чашмонашро дам ба дам тоза карда охиста охиста роз мегуфт:
-Духтаре будам чун дигарон солиму хушахлок. Падару модарам аз ман шикояте надоштанд. Аз хусну чамоли худодод меболидаму аз давлати падари сарватмандам савлат карда мегаштам, парвои оламу одам надоштам. Хамсабаки худро дуст медоштам. У хам нисбатам самими буду намемонд, ки ба поям хоре халад. Хуллас, зиндагии шохонае доштам, ки он на ба хар кас муяссар мегардад. Вале мани ношукр компания шиниву базму тамошоро ки хеле дуст медоштам, ин неъматхои худовандиро зери по карда аз пайи хавову хаваси дуне рафтам. Хаёл мекардам, ки ин хама шодкомихо човидонист. Фикри фардову номусу иффати духтарии хешро намекардам. Хис хам намекардам, ки пеши дилдодаам обруву эътибори хешро гум карда истодаам. Модарам доимо сарназишам карда мегуфтанд, ки чи кори баде мекуни, дугонаат гунахкор аст. Ба сараш дод мезадаму мегуфтам ки кори шумо ба дугонахои ман набошад. Як шаби чунин компанияхои дугонаам хамсоядухтарашон Собираро ба наздамон барои шиштан чег зад. У хамаро бо сурудхониву раксхои чолибаш хайрон сохт. Баъд фахмидем ки у ракоссаи туйгард будааст. Пас аз истеъмоли шампону коняки армани худро гум кардан гирифтем. Собира хамин замон аз пешбагалаш халтачаеро бароварду ба мо ишора кард:
-Духтархо, як чизи бисер кайфоваре дорам. Агар хохед, шумо хам аз он кадре чашед. Сармасту махмур мо чор нафар хамсабаку дугонахо аз хокаи тираранги хушбу ба бини бурдему чун Собира буй кашидемаш. Ана баъд базми мо дакаданг гашта ба авчаш хесту мо хуштак кашидаю киггос зада ба ракс даромадем. Худро дар кухи баланде тасаввур мекардаму чашмонам бози мекарданд. Гумонам ки факат ин тараф он тараф даваму халос. Аз Собира пурсон шудам, ки гераи вохимааш хамин аст.
У бо ифтихор гуфт:
-Ха , герааш ана хамин аст. Вале дуруг аст ки ба одам зарар дорад. Ягон зараре надорад. Ана ман ду сол боз бо гера сару кор дорам. Баръакс худамро хеле хуб эхсос мекунам. Кайфи аз хама зураш бо бини фух кашидан аст. Хохи, ман ба ту хар даъфаина кашидани онро бо нархи арзон ёфта медихам.
Карибихои субхидам моро хоби ширин бурдааст. Соатхои тахминан 11-и руз бо сари вазнину бо чашмони суп сурху варамида аз хоб бедор шудем. Дилам чизеро сахт мехост. Дигар дугонахоям низ хамин эхсосотро ба сар доштанд. Собира сари чойхури ишора карда гуфт, ки агар ба маблаги 20 сомони чамъ карда дихемаш, ёфта меорад. Бегуфтугу маблаги гуфтаашро чамъ карда додем. Хар бегохи хонаи хобамро аз дарун кулф карда рохати чонамро ба биниам мебурдам. Баъд рохаткунон руйи бистар мехобидам. Акнун мо чор нафар ягон чо чамъ мешудему геракаши мекардем. На дарс ба мо мефориду на хона. Иштихоям худ аз худ гум шуда инчику чанчоли шуда будам. Шабхо зуд зуд сиёхи пахшам мекарду тарсида аз хоб бедор мешудам. Рузе бо сабаби дастрас накардани микдори зарурии дору худ аз худ ангуштони дасту пойхоямро ларза гирифту худро болои фарши хунук партофтам. Бехудона дод мегуфтам аз зурии дарди миёну камар. Гумонам ки устухонхоям шараккос мезананд.
Вакте ба худ омадам. Худро дар беморхона дидам. Болои сарам падару модари нолонаму духтур рост меистанд. Харосону шармзада нигохамро аз эшон гурезонидам. Дигар чойи пинхон кардану дуруг гуфтан набуд. Маро волидайни чигарсухтаам ба беморхонаи наркологи барои табобат овардаанд. Худам хам хурсанд шудам, ки аз ин хама азобу хуморхо халос мешавам, вале хумори героин барои ман аз хисси одамгариву мухаббат, мехри падару модар ва ишку хушии зиндаги болотар буд. Чун оханрабо ба суяш мекашид маро. Хушу хаёлам барои як бор кашидан банд буд. Хаёлам ки бе он мемирам. Агар ягон вакт акли солим маро нидо кунад, ба андеша меомадаму аз тахти дил ба холи худам талх талх мегиристам. Мехостам пеши Худову наздикон тавба кунаму аз ин рохи бенишони баргардам. Вале лахзае боз хамон дардам мегирифту хама хушихои олам фаромушам мегашт. Як бор Асрор хабаргириам омада гуфт, ки Гулнора барои падару модарат хамин лаънатиро накаш. Ва боз хабари шуме расонид. У зан мегирифтааст. Аввал парвое накардам. Вале баъд дарун дарун сухта бо овози баланд гиря кардам. Эхсос намудам, ки дусташ медоштаам. Чи кадар дер дарк кардам, ки у барои ман нихоят азиз будааст. Ба худ мепечидаму аз рашк дод мезадам. Вале чи чораву чи тадбир, ки аз дасти ман дигар чизе намеояд. бахти хешро аз даст додам. Боз барои гаму андухи хешро фаромуш сохтан гера кашидан мехостам. Падару модари бечораам барои ман шуда хонасалот шудаанд. Буду шудашонро барои табобати мани сарсахт сарф карданд. Чанде ба худ омадаму аз пайи хондан шудам. Хар кадамам тахти назорати волидайн буд. Хатогии хешро хеле дер фахмидам, ки аз дустони забониву нони фоидае нест. Вакте ки часади Собираро аз дохили таххонаи бинои истикоматиашон дарёфтанд, маро ду руз таъб гирифт. У аз ломка капидан чон дода буд. Шабхо уро хоб медидам , ки бо дастони хунолуд суям меояд. Рангам кохида аз хусну чамоли пешинаам осоре намондааст. Агар аз пеши хона гузарам, хамсояхо бо ангушт ишора карда мегуяндам:"Ана Гулнораи герчик омада истодааст"
Замин намекафад, ки он замон дароям. Мехохам рафта аз гиребони гайбатчихо гираму адабашонро дихам. Вале гунахкор будани хешро ба хотир оварда хомуш хонаи хобам даромада хуб мегирям. Шабе аз видеомагнитафон филмхои хуччатиро оиди хаёти дузахии нашъамандхо тамошо карда ба хаёл фуру рафтам. Хаёти бегамонаю пурорзуям пеши назарам хувайдо мегаштанду дилсухта вой очачон, чаро маро зоди, мегуфтам, ман аз дарун-дарун сухтани падару модар ва онхо аз азоби духтари чавонашон об шуда рафтем. Онхо ва ман хам ба умеди рузи нек зистан зиндагони мекардем. Аммо ишку фарзанду хонаи обод руз аз руз барои ман бегона мегардад. Танхо ва танхо мурдан мехохам. Оре аз сагвор зистан мурдан авлотар аст. Зиндаги як бор аст, аммо ман баринхо бо дастони худамон аллакай гури хешро кофтаем. Рохи бозгаштро бояд ба зиндаги чуст. Имдодам дихед, эй ХАМВАТАНОН!
ОРЗУХОЯМРО ПЕШ АЗ МАРГАМ БУГИ КАРДА КУШТАМ.


САДОИ ДИЛ

Садои фариштахо
Эй дили саргаштаву хайрони ман.Чаро ту шайдои оне намешави, ки дустдори хакикии туст. Боз медави аз паси оне, ки будани туро эхсос намекунаду аз мухаббат фарсаххо дур аст. Шояд аз азал чашми ошик кур будааст.

Ба чашмони пурмехри тифли азизам дунёро дидан мехохам.дунё ба назарам саршори мехру садокат ва самимияту вафодори менамояд. Аммо хамин ки аз равзанаи чашми хеш ба дунё менигарам, диламро гургон тала мекунанд, чунки вучуди одамонро лабрези кинаву бадхохи ва тухмату игво мебинам. Ман аз ин гургони дуне бештар метарсам. Зеро даррандахо аз одамони дуруя боинсофтаранд.

Аз ту азизам гурехтан мехохам. Ба дурихои дур, зеро медонам ки гили мардонро аз хиёнат сириштаанд. Намехохам хиёнати ту далели марги ишки мо гардад. Умре бо ёди ширини ту зистан мехохам, эй азизи дил.

Бароят хастиамро фидо кардам. Арзонаш донистиву хоки заминаш карди. имруз аз ишки худ пушаймоанм, вале аз ту фирор карда наметавонам. Охир меваи ишкамон ду дилро якумра пайвастааст.

Агар кисмат маро бо ту намепайваст, шояд имруз дар хаёлоти ман хамчун шахсавори орзухои ман боки мемонди хамсафари бо ту орзухои дили маро новакт ба нести бурд.

Фигон дорад мох аз дурии офтоб. Бехабар аз он ки агар сузиши нурхо уро дар худ дарк намояд, пас умраш фано хохад гашт.Барои хамин он чи ки дастрас аст, доимо азиз хохад монд.

Фарзандро меваи умр гуфтанд. Аммо нагуфтанд, ки мевахо хам мешаванд кирмзадаву пусида.

Вакте ки бахт хукмрон аст дар хонадони мо, тахтро чуё мешавем. Вале вакте ки тахт насиб гашт, аз пайи бахт мегардем. Чаро, чунки зиндаги худ талош аст миёни хобу бедори.

Эй марди орзухои ман, чаро танхо ба хотири рашкат маро аз навиштан махрум месози. Мегуи, ки дигар магу аз ишк. Охир ишкро худованд офарида аст. Пас калами бандаро чи гунах ки он саршор аст аз ишк, мухаббат.

Аз ишки ту хама рузам чун бахор аст, аз рашкат бахорам хазон мегардад. Аз хиёнатат калбам хунчакон мешавад. Пас ту хам шоди ва хам гами мани.

Агар замоне Лайливу Мачнун хушбахт мешуданд, пас дигар хочат набуд ба зистани инсон. Чунки аз шикастхо падид меояд хушиву зистанхо.

Аз рашки ту ба дод омадам ба дод. Магар ту эхсос намекуни ки рашк котили орзухову хавасхост. Аллакай ту худ асри ин деви сиях гаштаи, пас он руз дур нест, ки ту бинои мухаббатамонро аз оташи сузони он сухта валангор намои.

Эй кисмат, дар шигифтам ки ту боз чи туша ва тухфаеро барои ман омода сохта боши?

Аз чашмони бозингари ту гурехтан мехохам. Чунки мехаросам аз он чашме ки бо дил хамкадам нест.

Фарёд аз дасти дил, ки бо акл кахри карду бегона сохт маро ба наздикон. Акси онеро дар худ чой дод, ки ботинаш дарёст.

Миёни варакхои китоби зиндагиам дарёфтам танхо як неъмат, падару модар, дигар хама хеч аст.

Рузи зодрузам ба худ гуфтам: эй инсони гофилмонда, чаро боз ба як соли барбод додаи умрат хурсанди мекуни.

Худованд вакте Занро офарид, дар огуши у Шайтонро панах дод. Барои хамин вакте зан танхо монад, васвасааш бештар мешаваду накшахое мекашад ахриманиву дилшикан.

Дар зиндаги аз ду нафар бархазар бошеду худро канора гиред.Яке аз марди беномус ва дигаре аз зани шаттох. Агар ин ду тоифа ба хонадоне фитад, пас вой бар холи он хонавода.


Ташнаи ишки пок будам. Худованд онро бароям ато кард. Чуёи бахт шудам. Бахтро хам бароям арзони бахшид. Вале боз калбам ноором асту давлату сарват мечуяд. Одами то дами марг ташна будаасту чашмони уро факат хоки сарди кабр сер мекардааст.

худоё, дар вафо касе ба ту баробар нест. Пас, чаро вакте ки бандаеро дар калбе чой медихи, мехру вафоро аз у мегири?

Марг хам дуст дорад некдилонро.Барои хамин аз гулистони зиндаги чида-чида одамони некро мебарад.Афроди касифро хатто марг хам дуст намедорад.



МУЗАСУРХАКОНИ САХНАИ ТОЧИК

МУЗАСУРХАКОНИ САХНА ВА Ё КАЛСАРОНИ ШИМТАНГ.

БЕ СУРУДУ МУСИКИ ЗИНДАГИ БЕ ТАРОВАТ АСТ. ИМРУЗХО ДАР ОСМОНИ САНЪАТИ ТОЧИК САРОЯНДАХОИ ЗИЁДЕ ПАЙДО ШУДААНД. ХАСАКИВУ КАЛБАКИВУ ПУЛАКИВУ ДИГАРУ ДИГАР.
ИН ФАРЗИЯ САД ДАР САД ДУРУСТ АСТ, КИ ЯК СУРУДИ ХУБ МЕТАВОНАД САРОЯНДАРО ТАМОМИ УМРАШ МАХБУБ ГАРДОНАД, ВАЛЕ САД СУРУДИ ФАЧУ БЕМАЪНИ НАМЕТАВОНАД КИ ХУНАРМАНДРО МИЁНИ МАРДУМ МУАРРИФИ КУНАД. МУХЛИС КИСТ? ОНЕ, КИ ЯКЕРО БАХУСУС ДАР СОХАХОИ КИНОВУ САНЪАТ МЕПИСАНДАДУ АКСХОИ УРО ЧАМЪ МЕКУНАД. ХАР ЯК ФИТТАИ НАВИ УРО ХАРИДОРИ МЕНАМОЯД. ВАЛЕ БОЯД ГУФТ КИ МУХЛИС АЗ МУХЛИС ФАРК ДОРАД. ЧУНКИ МУХЛИСИ СОЛИМАКЛ БА НАМУДИ ЗОХИРИИ ИДЕАЛИ ХУД АХАМИЯТ НАМЕДИХАД. ВАЛЕ ХОЛО ЧИ?
АГАР РАВАДУ ШАБНАМ Ё ФИРУЗА НИМБАРАХНАВУ БО НОФИ ЛУЧИ ПИРСИНГ ДОШТА БА САХНА БАРОЯНД, ПАГОХАШ ДАР КУЧАХОИ ШАХР ДУХТАРОНИ ТОЧИК МИСЛИ ОНХО НИМБАРАХНА БА ТАМОШО МЕБАРОЯНД. ВАЁ САДРИДДИНУ БАХРОМ БО РИШИ НОТАРОШИДАВУ МУЙХОИ ДАРОЗ АМСОЛИ ЗАНХО ВА КРОСОВКИИ СУРХ СУРУДХОНИ НАМОЯНД, ХУДИ ПАГОХАШ ДАР ХИЁБОНХОИ ПОЙТАХТ ЧУНИН МАРДХОИ БА ЗАН ШАБОХАТДОШТАРО ДУЧОР ШУДАН АЗ ЭХТИМОЛ ДУР НЕСТ. АЗ ХАМА АЧОИБТАРАШ ОН АСТ, КИ ДАР ДУ СОЛИ ОХИР БА МУД ЛИБОСИ СУРХИ ЧУПОНИ ДАРОМАДААСТ. ТАМОМИ САРОЯНДАХОИ ЧИНСИ ЗАН ЧОМАЧАХОИ СУРХУ МУЗАХОИ ПОШНАБАЛАНД ПУШИДА ДАР САХНА ХУНАРНАМОИ МЕКУНАНД. АКНУН ДАР ШАШ МОХИ ОХИР ЗИЁД МУШОХИДА КАРДАН МУМКИН АСТ, КИ САРОЯНДАХОИ НАВБАРОМАД ЛИБОСИ ТАНГИ ЧИЛОИ МИСЛИ ХАВОНАВАРДОНИ КОИНОТ ПУШИДА ДАР САХНА БА ПУШТ ИСТОДА ДУМБАХОЯШОНРО ЧУНБОН ЧУНБОН СУРУДХОНИ МЕКУНАНД.
СУРУД ДИГАР АСТУ ЧУНБОНИДАН ДИГАР. ХАТТО МАШХУРТАРИН САРОЯНДАИ АМРИКОИ МАДОННА ЧУНИН ДУМБА ЧУНБОНИДА НАМЕТАВОНАД.
САНЪАТ БА САХНАИ ДАХМАРДАХО ВА МУЗАСУРХАКХО ТАБДИЛ ЁФТААСТ. ХАТТО ШАБХО ДАР ДИСКОКЛУБХО ЧУНИН МУЗАСУРХАКОНРО ДИДАН МУМКИН АСТ. ФАРХАНГИ МУЗАСУРХАКОН ДАР АВЧ АСТ.
ИН БА ШУУРИ НАСЛИ НАВ ТАЪСИРИ МАНФИ МЕРАСОНАД. ХОЛО МАРДХОИ САРОЯНДА МУЙСАРОНАШОНРО КАЛ ТАРОШИДА ШИМХОИ ТАНГ ПУШИДА БА САХНА МЕБАРОЯНД. ИН ХАМ ГУЁ БА МУД ДАРОМАДААСТ.
АММО ИН ХАМА ОКИБАТ БА ЧАВОНОН БЕТАЪСИР НАМЕМОНАД. ЧИ БОЯД КАРД?

ВОАСИН СМС МАРГ

Вопасин смсхои Исрамшои дарвози....

Шахрванди Точикистон, водии Дарвоз Ёфтаков Исрамшо Зиёратшоевич, соли таввалудаш 1 январи соли 1988 таърихи 1 уми декабри соли 2010 дар шахри Санкт-Петербург , дар кучаи Богатирская, мавзеъи Старая Деревнья хангоми кори сохтмони аз 15 ум ошена ба 10ум ошёна мефитад баногох. Ин вокеъаи мудхиш тахминан байни соатхои 12-13-и нисфирузи рух медихад. Хангоми Исрамшо фитодан дар гирду атрофаш касе набудааст. Исрамшо бо сар мефитаду хамон чо ба халокат мерасад. Баъди ягон ним соат дустонаш Рустаму Давлат расида меоянд. Онхо сари пошхурдаи дусташонро дида аз тарс дод мезананд. Сохиби бинои сохтмони бо кахр омада мегуяд, ки "уберите труп от сюда по быстрее"
Дустони Исрамшо магзи сари уро чамъ мекунанду ба таги дарахте бурда гур мекунанд. Сипас ба морг телефон карда уро ба он чо мебаранд.
Исрамшо кариб як сол буд, ки дар шахри Питер ба корхои сохтмони банд буд. Он шаби вопасини хаёташ Исрамшо дафтари ёдоштхояшро бароварда аз китоби Лоик мисрахои дилхохашро рубардор карду сипас ба арусшавандааш ки дар Дарвоз интизори у буд, телефон карда кариб ним соат розу ниёз кард. Охирин смс ишкномахояшро навишт:
"Салом азизи дури дури ман! Интизорам шав, рузхои башумор мондааст. Ман меоям дар фасли бахор ва харду як туйи домодиву аруси мекунем. Факат ту зик нашав. Ман ин чо мисли дигар чурахоям харгиз зани рус намегирам.Хайр дар панохи Худочон боши!"
Баъд ба телефонаш пул гузарониду бо падар, сипас бо модарочонаш сухбат кард.Бо модари чашминтизор зиёда аз 1 соат сухбат кард. Модар дам ба дам дуои некаш дода таъкид месохт, ки худро эхтиёт кунад, ки дар ин сарди шамол нахурад. Аз кучо модару писар медонистанд, ки ин лахза сояи марг ба онхо наздик мешавад. Исрамшо бо модар дар тули ин як соати вопасин хеле суханхои дилашро гуфт. Суханхояш сар то по орзу, бобати чи тавр гузаронидани туйи домодиаш буд. Модар дар охири сухбат дуояш доду бори дигар хавотиромез гуфт:
-Бачачон, дилам ким чи хел хавотир. Худакта эхтиёт кун, Худо нигахбонат!
-Майлаш, очачон, ман шуморо дуст медорам....
Исрамшо он шаб то субх бо дустонаш сухбат карда нишаст. Субхи солехон ба кор шитофт бо дустонаш. Агар медонист, ки охирин дидору сухбат бо дустон аст, шояд хеч гох ба кор намерафт, дар хона хоб мерафт. Ачалро фиреб мекард. Аммо..
Магар ачал ба пириву чавони коре дорад? Магар Азроил орзухои касеро мепурсад? Дар морг хангоми акс гирифтанам ба чехраи зебои Исрамшо нигариста аз дил гузаронидам:
-Ачабо, одами зебо хам дар вакти марг зебо мемондааст. Ин кадар абрувони пайвасту нигоххои ормони. Чашмони Исрамшо нимкушода буданд. Рухи ноумедро зиед дидам дар ин шахри гариб. Вале чашмони никушодаи Исрамшо хеч пушида намегардид. Неъмат Бобочонов чашмони уро бо кафи дастонаш пушониду дуои хайр хонда уро кафан намуд. Руйи тобут ду чумла навиштанд:
"Ёфтаков Исрамшо, чумхурии Точикистон"
Дусти чонии Исрамшо ашки чашмонашро пок карда ба ман дафтари ёдоштхои уро доду гуфт:
-Апачон, ин дафтаре буд ки Исрамшо хамеша дар он мисрахои маъкулашро навишта мегирифту ба падару модару арусшавандааш ба воситаи телефон смс менавишт.
Аз Исрамшои гурамарг дар ин шахри гурбат хамаги хамин навиштахои зардгашта боки монду халос.
Шахри мардум шахри лола
Шахри мардум шахри нола

 

ФАРЁДИ МАРГ

ФАРЁДИ МАРГ...

ХАМИДАИ БА ФИКРХОИ МАГШУШ БАНД ХАТТО НАФАХМИДА МОНД, КИ ЧИ ХЕЛ БА МАРКАЗИ НАРКОЛОГИ РАСИДА ОМАД. ХОЛИ ЗОРУ ТАБОХИ ДАВЛАТРО ДИДАН БАРОЯШ ХЕЛЕ ДАРДНОКУ ГАМАНГЕЗ БУД. ОХИР ЗИНДАГИИ БА НОМ БО У БЕ ИН ХАМ АБГОРАШ КАРДА ТО ИН РУЗ ОВАРДА БУД. ЯКУНИМ СОЛ БОЗ ЗИНДАГИИ ЗАНУ ШАВХАРИИ ОНХО ЗАХР ГАШТААСТ. ДАВЛАТИ АЗИЗАШ БАЪДИ АЗ РУСИЯ БАРГАШТАН БА КУЛЛИ ТАЙГИР ЁФТА ДОИМО ТАНХОИРО ИХТИЕР МЕКАРД. АЗ ШАБИ АВВАЛИ ОМАДАНАШ ЧОЙГАХАШРО ЧУДО ПАРТОФТ.
-ХАМИДАЧОН, МАН АЗ РУСИЯ БЕМОР ШУДА ОМАДАМ. БАРОИ ХАМИН ТУ АЗ МАН ХАФА НАШАВ. МУДДАТИ МУАЙЯНЕ МАНУ ТУ ЧУДО ХОБ МЕРАВЕМ. БАЪД ХАМААШ ХУБ МЕШАВАД. ФАКАТ САБРУ ТОКАТ НАМО. ИЛТИМОС...
МАРДАКИ КАП КАЛОН ДАР ГУШАИ ХОНА ДИККАК НИШАСТА КУДАКВОР МЕГИРИСТУ ЗОРИ МЕКАРД, КИ ТУЛИ ЧУНИН РУЗХОИ НАХС ХАМСАРАШ БОЗ ФИКРИ ДИГАР МАРДЕРО БА САР НАГИРАД.
-АГАР ТУ БА МАН ХИЕНАТ НАМОИ, МАН БЕШУБХА БЕ КОРД МЕМИРАМ.
-ТУ ЧИ РОЗИ НИХОНЕ ДОРИ? ФАКАТ РОСТИ ГАПРО БИГУ, ТО БУБАХШАМАТ.
-АГАР ДАРДИ МАРО , ШОЯД ДАШНОМУ НАФРИНАМ ХОНДА АЗ ДАР БЕРУНАМ НАМОИ.ВАЛЕ МАН ТУРО ДУСТ МЕДОРАМ, ФИРЕБАТ КАРДА НАМЕТАВОНАМ.ЧИ ШУДУ МАН ХАМ ДАР КАТОРИ ЧУРАХОИ ГЕРЧИКАМ ДАР ГИРДОБИ НАШЪАМАНДОН ФИТОДАМ.
ХАРЧАНД АКЛИ СОЛИМАМРО КОР ФАРМОЯМ ХАМ НАТИЧАЕ НАДОД. ХЕЧ ХАЛОСИЕ НАДОРАМ АЗ ИН МАРАЗ МАВОДИ МАРГИ ХУШУ ЁДАМРО БО ХУД БУРДААСТ. НА ТУ БА ЁДАМ МЕРАСИВУ НА ФАРЗАНДОНИ ДУСТРУЯМОН. ДАР ХОБАМ ХАМ ИН МАВОДИ ЛАЪНАТИРО ХОБ МЕБИНАМ. ЧИ ХЕЛ ДАСТРАС КАРДАНАШРО БО ХАР РОХУ УСУЛ ФИКР МЕКУНАМ. БАДБАХТИИ МАН ДАР ОН АСТ, КИ КУВВАТИ МАРДИИ ХУДРО АЗ ДАСТ ДОДАМ. ИН БОШАД БАРОИ ХАР ЯК МАРД ФОЧЕАИ КАЛОНЕСТ. БАРОИ ХАМИН БО ТУ БУДА НАМЕТАВОНАМ. АММО БОВАР НАМО, КИ ТУРО АЗ ЧОНУ ДИЛАМ ДУСТ МЕДОРАМ. ТАНХО САБРИ ТУ ВА ТАБОБАТИ МАН ЛОЗИМ АСТ.
ИН ЛАХЗАХО ОШКОРО ГАП ЗАДАНИИ ДАВЛАТ КЛБИ ХАМИДАРО РЕШ РЕШ КАРДА КАРАХТУ БЕХИСАШ ГАРДОНИДА БУД. МЕХОСТ БА КУЧА БАРОМАДА ХУДРО ТАГИ МОШИНИ РАХГУЗАРЕ ПАРТОЯД. МАРГ АВЛОТАР БУД АЗ ЧУНИН ЗИНДАГИ. ЧУНКИ ДИЛАШ ГУВОХИ МЕДОД, КИ ОКИБАТИ ИН ГУНА ЗИНДАГИАШОН БО ЧИ МЕАНЧОМАД. ВАЛЕ БОЗ БО УМЕДИ МУЧИЗАИ ХУДОВАНДИ ДАВЛАТАШРО БАРОИ ТАБОБАТ НАЗДИ ФОЛБИНУ ТАБИБОНИ МАШХУР БУРД. АММО ХАЙХОТ ЯГОН МАНФИАТЕ НАБАХШИД ИН ХАМА ДАВОДАВИХО. ДАВЛАТ БОШАД АЗ ИШКИ ГЕРОИН ДИЛ КАНДА НАМЕТАВОНИСТ, ХУНАРИ УСТОГИ ДОШТ, ЯК ЧО НИМ ЧО КОР ЁФТА МАБЛАГИ НОЧИЗЕ МЕЁФТ ВА ОНРО МАСРАФ МЕСОХТ БАРОИ ЗАХРУ ЗУКУМИ БАДАНАШ, ШАКАР ГУИ КУДАКОНИ ЧАШМИНТИЗОРАШ БА НАЗАРАШ ТАМОМАН НАМЕГУНЧИД.
ХАМИДА ШАБ МИЖЖА ТАХ НАКАРДА САРИ МОШИНАИ ДАРЗДУЗИИ КУХНА КУРТАХОИ МАРДУМРО ДУХТА РИЗКУ РУЗИАШРО МЕЁФТ. ПЕШИ ВОЛИДАЙНУ ПАЙВАНДОН ХУДРО ЗАНИ ХУШБАХТ НИШОН ДОДА ДАРДУ АЛАМАШРО ПИНХОН КАРДАНИ МЕШУД.
ДАВЛАТ ХАМИН КИ ДОЗААШРО МЕГИРИФТ, БУЛБУЛВОР БА ГАП ДАРОМАДА ХАМСАРАШРО МЕХРУБОНИВУ НАВОЗИШ МЕКАРД. ХАМИДАРО АЗ ИН НАВОЗИШИ АХРИМАНИИ ШАВХАР ГАШАШ МЕОМАДУ ХОХИШИ ДАШНОМУ ХАКОРАТ КАРДАНРО ПАЙДО МЕКАРД. АММО АЗ ДАРД ПЕЧИДАНХОИ ШАВХАРАШ ПАЙ МЕБУРД КИ ГАПЕ ХАСТ. АЗ ИН АЗОБИ ДАРУНИИ ДАВЛАТ ХАМИДА БЕШТАРУ БЕШТАР СУХТА БО АШКИ ТАЛХ ДИЛАШРО ХОЛИ МЕКАРД.
-ЧАРО БА РУСИЯ РАФТ. ИН ДАРДИ БЕДАВОРО БО ХУД ОВАРДУ БА ГАМ МУБТАЛО КАРД. КУЧО ШУД ОН СОАТУ ОН ДАКИКАХОИ ШИРИНИ ХАЁТИ МО. НАХОД ОН РУЗХО БАРНАГАРДАД? НЕ БОВАР КАРДАН НАМЕХОХАМ БА НЕСТИИ РУЗГОРИ ШИРИНИ ХЕШ. ФАРЗАНДОНИ КУЧАКАМОН ЧИ МЕШАВАД? АЗ КУЧО ПАЙДО ШУД ИН ГЕРОИНАШ? ИН КАДАР ГУЛПИСАРОНУ ГУЛДУХТАРОНИ МО ГИРИФТОРИ ИН ЗАХРИ КОТИЛ ГАРДИДА УМЕДУ ОРЗУХОИ БЕХТАРИНИ ХЕШРО БО ХУД БУРДАНД. АФСУС, ХАЙФИ ДАВЛАТИ ЗЕБОВУ ЧОРПАХЛУЯМ.
ГОХХО ДАВЛАТ БА ХАМИДА ХАСРАТ МЕКАРД.
-ХАМИДАЧОН, АГАР БАНОХОСТ МУРДА МОНАМ, ШАВХАРИ ДИГАР МЕКУНИ? САРИ ГУРАМ ГИРЯ МЕКУНИ?
ИН ХЕЛ НАГУЙ, МЕГУЯНД КИ ДАР МАРКАЗИ НАРКОЛОГИИ ШАХРАМОН ИН ХЕЛАХОРО ТАБОБАТ МЕКАРДААНД, БИЁ ЯК БАХТАМОНРО САНЧЕМ.
ВА ИНАК ДАВЛАТ АЗ ПАЙИ ТАБОБАТ ШУД. ХАМИДА СУБХУ ШОМ УРО ХАБАРГИРИ РАФТА ЗОРИ МЕНАМУД, КИ ИРОДААШРО БА ДАСТ ГИРИФТА АЗ ИН ДАРД ХУДРО НАЧОТ ДИХАД. ДАВЛАТ ОХИСТАВУ МАХЗУН БА У НИГАРИСТА МЕГУФТ:
-БА ФИКРАМ МЕМУРАМ ЧИ. ВАЛЕ, ИЛТИМОС, ШУ НАКУН.
-ИН ХЕЛ САФСАТАРО МОН. ХОЛО ЗИНДАГИИ МАНУ ТУ ДАР ПЕШ АСТ.
-ХАМИДАИ МАН, МАРО ФИРЕБИ ШИРИН НАДЕХ. ХИС МЕНАМОЯМ, КИ МАРГАМ ХЕЛЕ НАЗДИК АСТ.
-ХАЙР, ДАВЛАТЧОН, ПАГОХ САХАРИИ БАРВАКТ ХУРОКИ ДУСТДОШТААТ ШИРИБИРИНЧРО ПУХТА МЕОРАМ. АГАР МЕДОНИСТ, КИ ИН ВОПАСИН ДИДОР БО ДАВЛАТАШ АСТ, ХЕЧ ГОХ УРО ИМШАБ ТАНХО НАМЕГУЗОШТ. ТО САХАР БО У СУХБАТ МЕКАРД. БУСАБОРОНАШ МЕКАРД ЧУН РУЗХОИ НАХУСТИНИ ХОНАДОРИ. АФСУС, САД АФСУСИ УМРИ КУТОХУ МАРГИ НОВАКТ , КИ ОДАМИРО ХАМЕША ДАР ГАФЛАТ МЕМОНД. ОН ШАБ ДАВЛАТРО ХУМОРИ ГЕРА ГИРИФТУ ТАБИБОН СУЗАНДОРУИ ОРОМКУНАНДА ГУЗАРОНИДАНД БА БАДАНАШ. ШАБ ХОБ ДИД МОДАРАШРО КИ БО МЕХР СУЯШ ОГУШ МЕКУШОД.
-ОЧАЧОН, МАРО АЗ ИН ЧАНГАЛИ СУЗОН ГИРИФТА БАР. ДАВЛАТ ТАБАССУМ ДАР ЛАБ БА ХОБИ АБАДИ РАФТ....



ТЕЛЕФОНИ МОБИЛИ САБАБГОРИ ЧУДОИ

ТЕЛЕФОНИ МОБИЛИ-САБАБИ ТАЛОК...

ИМРУЗХО БА МУД ТЕЛЕФОНИ МОБИЛИ ДАРОМАДА ХАМА ХУРДУ КАЛОН ТЕЛЕФОН ДОРАНД. ТЕЛЕФОНИ МОБИЛИ-ХАМРОХ ХУБ АСТ. АММО ЧИХАТХОИ МАНФИЕ ДОРАД, КИ ОКИБАТАШ БА ФОЧЕА МЕАНЧОМАД.
ШАШ МОХ ПЕШТАР ДАР ДАРАИ РОХАТИ, КЕЛИНИ ХОНАДОН РОБИА БО БАРОДАРШУЯШ АЗ РУЙИ ТЕЛЕФОНИ МОБИЛИ ЧАНГ ШУДА У САРИ КАХРУ ГАЗАБ ЯНГААШРО БО КОРД БА ХАЛОКАТ МЕРАСОНАД. САБАБАШ ЯНГААШ РУЗИ ДАРОЗ БО ТЕЛЕФОНИ МОБИЛИ ЧАК ЧАК КАРДА МЕШИШТААСТ. ХАТТО БА ТИФЛИ НАВЗОДААШ ДУРУСТ АХАМИЯТ НАМЕДОДААСТ. ЧАНДЕ ПЕШТАР ДАР МАХАЛЛАИ 8УМИ МАРТИ ШАХРИ ДУШАНБЕ ДУ КЕЛИНИ ХОНАВОДА БА ВОСИТАИ ТЕЛЕФОНИ МОБИЛИ БО ДОНИШЧУПИСАРОН ТАСОДУФАН ШИНОСОИ ПАЙДО КАРДА ПИНХОНИ АЗ ХУСУРУ ХУШДОМАН БА МУЛОКОТ МЕРАВАНД. ХАМИН ТАВР БЕШАРМОНА БА САДОКАТИ ХОНАВОДАГИ ХИЁНАТ КАРДАНРО ОГОЗ МЕНАМОЯНД. ДАР НАТИЧА ЧОЙИ ЗАРУ ЗЕВАРИ ХУШДОМАНИ ТИЛЛОФУРУШАШОНРО БА ХУШДОРОНАШОН НИШОН ДОДА НАКШАИ ДУЗДИИ ХОНАИ ШАВХАРОНРО ТАРХРЕЗИ МЕНАМОЯНД. ОКИБАТ ХИЁНАТИ ОНХО ФОШ МЕГАРДАДУ ХАРДУ КЕЛИНРО ШАРМАНДАВОР АЗ ХОНА ПЕШ МЕКУНАНД. Ё ГИРЕМ МИСОЛ ТАЛОКИ ХОНАВОДАРО. БО 100 НАФАР ЗАНХОИ ХУШАХЛОКУ ПОРСО СУХБАТ КАРДАМ. ХАМА ЧУНИН АНДЕША ДОШТАНД:
-ОРЕ, ХОХАР, САБАБИ БИСЕРТАР ЧУДО ШУДАНИ ИН КЕЛИНХОИ БЕАНДЕША ТЕЛЕФОНИ МОБИЛИ МЕБОШАД. КЕЛИНИ НАВИ БА ХОНА ХАР ЗАМОН ТЕЛЕФОНИ МОБИЛИ ДАР ГУШАШ ГОХ БА МОДАРАШ ЗАНГ МЕЗАНАДУ ГОХ БА ДУГОНАХОЯШ. ЧИ ГАПУ ХАБАРЕ КИ ДАР ХОНАИ ШАВХАР РУХ МЕДИХАД, БА ПАДАРУ МОДАР ХАБАР МЕКАШАНД. Ё БА ШАВХАРИ ДАР МУХОЧИРАТ БУДА ДАМ БА ДАМ ЗАНГ ЗАДА АЗ КОРИ ЗИЁДИ ХОНАВУ ХУШДОМАН ШИКОЯТ МЕКУНАНД. ОКИБАТИ ИН ХАБАРКАШИВУ ЧАНГАНДОЗИ ТАЛОКУ ЧУДОИСТ.
ШУМО ЧИ МЕГУЕД?

КАЛОНИ ШАВИ КИ МЕШАВИ , МУХОЧИР?

КАЛОН ШАВИ, КИ МЕШАВИ? МУХОЧИР

КОРЧУ, КОРДИХАНДА. ИМРУЗХО ИН ДУ МАФХУМХО ДАР БАЙНИ МАРДУМ БА МУД ДАРОМАДА,АКНУН ОДАМОН БА ДУ ТАБАКА ЧУДО МЕШАВАНД. ТАБАКАИ БОЛОИ ВА ТАБАКАИ ПОИНИ. ДЕХКОН ХАСТ, КИ РАИСИ КОЛХОЗ АСТ. ИМРУЗ БЕШТАР ЗАНОНУ ДУХТАРОНИ ДАР СОВХОЗУ ЗАМИНХОИ РУСТО АРАКИ ЧАБИН МЕРЕЗАНД. ЧУНКИ КИСМИ ЗИЕДИ КУВВАИ КОРИИ МО ДАР ДИЕРИ ГАЙР ДАРДИ МУХОЧИРИРО МЕКАШАНД.ОРЕ, МУХОЧИРАТ ХАМ ДАРД АСТ.
ДАРДИ ТАБОБАТНАШАВАНДА ДАР 50СОЛАИ НАЗДИК. БОРЕ ДАР СУХБАТ ДИРЕКТОРИ ЯКЕ АЗ ШИРКАТХОИ ВОБАСТА БА МУХОЧИРОН НАКЛ КАРД, КИ ВАКТЕ МУХОЧИРОНИ ТОЧИКРО БА РУСИЯ МЕБАРАНД, ДАР ФУРУДГОХ АЗ 100 КАС ХАМАГИ 5 НАФАР МЕМОНАНД. ЧУНКИ 95 НАФАРИ МАРДХОИ ТОЧИКРО ДАР ФУРУДГОХ ЗАНХОИ РУСИАШОН ПЕШВОЗ ГИРИФТА МЕБАРАНД.
ИН ХАКИКАТИ ТАЛХ АСТ. ИМРУЗ КАМ ХОНАВОДАХОЕРО ВОМЕХУРЕМ КИ АЗ ОИЛАИ ОНХО БАРОДАР Ё ПИСАРАШОН БА МУХОЧИРАТ НАРАФТА БОШАД.ИМРУЗ МУХОЧИРАТ БА ХУД НОМИ КАСБИРО ГИРИФТААСТ. ФАРЗАНДИ ЗИЕЕИ АЛЛАКАЙ АЗ ВАКТИ ШИНОХТИ ХУД МЕДОНАД, КИ У КАЛОН ШАВАД, БА РУСИЯ БА КОРКУНИ МЕОЯД..ЗИНДА БОД ХОНАИ ДУВВУМИ МО РУСИЯ-ДАРЕГО....

ДЕПОРТАСИЯ

ДЕПОРТАСИЯ ЯК НАМУДИ ПУЛКОРКУНИ Ё МАЪРИФАТИ ХУКУКИ НАДОШТАНИ МИЛЛАТИ ТОЧИК

ШАХРВАНДОНИ ТОЧИКИСТОН ИМРУЗХО БО САБАБИ МУШКИЛОТИ РУЗГОР ВА НОМУСОИДИИ ШАРОИ ТИ ИКТИСОДИ БАРОИ ДАРЁФТИ ДАРОМАД БА ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ РУ ОВАРДА БИСЁР ВАКТХО БА МУШКИЛОТИ ЗИЕД ДУЧОР МЕГАРДАНД. САБАБИ ИН ПЕШ АЗ ХАМА ПАСТ БУДАНИ САТХИ МАЪЛУМОТНОКИИ ХУКУКИИ БАРХЕ АЗ ШАХРВАНДОНИ ТОЧИКИСТОН МЕБОШАД. МУТААСИФОНА, КИСМИ ЗИЕДИ ШАХРВАНДОН КОНУНХО ВА ХУКУКХОИ ХУДРО НАМЕДОНАНД. ВА ИН БОИС МЕГАРДАД, КИ МАКОМОТИ КОРХОИ ДОХИЛАИ ДАВЛАТИ РУСИЯ ОНХОРО БОЗДОШТ НАМУДА БЕ ЯГОН АСОС НИГАХ ДОРАНД ВА Ё ЧАРИМА СИТОНАНД.
БОЗ ШИКОЯТУ АРЗУ ДОД АЗ ХАМВАТАНОН, КИ БА МУХОЧИРАТИ МЕХНАТИ БА ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ САФАР КАРДАНДУ АЗ ОН ЧО БО ДАСТИ ХОЛИВУ ДИЛИ ГИРЕН ВА АНДЕШАХОИ САРГУМ БА ВАТАН БАРГАРДОНИДА ШУДААНД. ДУ НАФАР МУХОЧИРОН АЗ ШАХРИ ВАХДАТ Б. НОЗИМ ВА С. ХАКИМ АЗ РУСИЯ БАЪДИ ПАНЧ СОЛИ МУСОФИРАТ БО АНДАК ПУЛИ БО АРАКИ ЧАБИН ЁФТААШОН ЧИПТАИ РАФТУ БОЗГАШТАШОНРО ХАРИДА БА ЗОДГОХАШОН БАРОИ ДИДОРБИНИИ НАЗДИКОН ОМАДАНД. ПАС АЗ ДИДОРБИНИ БОЗ ХАЙРУХУШ КАРДАНДУ РОХИ РУСИЯРО ПЕШ ГИРИФТАНД.ВАЛЕ ДАР ШАХРИ ИРКУТСКИ ФР ОНХОРО ДАР ФУРУДГОХИ ХАВОИ САРХАДЧИЕН БОЗДОШТА БА КОФТУКОБ ДАРОМАДАНД. САРВАРИ НАЗОРАТИ САРХАДИИ ШАХРИ ИРКУТСК ОНХОРО БА УТОКИ КОРИАШОН ДАЪВАТ НАМУДА ДАГАЛОНА ИЗХОР КАРД, КИ ШУМОЁН ГАЙРИКОНУНИ БА ДАВЛАТИ МО ОМАДАЕД. БАРОИ ХАМИН МО ШУМОРО ДЕПОРТАСИЯ КАРДА БА ВАТАНАТОН БАРМЕГАРДОНЕМ. ШУМОЁН ДИГАР КУШИШИ БА РУСИЯ ОМАДАН НАКУНЕД. ЧУНКИ МУВОФИКИ КОНУН МУДДАТИ 5 СОЛ ОМАДАНИ ШУМО МАНЪ КАРДА МЕШАВАД. ИН ДУ НАФАР СУОЛ КАРДАНД, КИ БАРОИ ЧИ ОНХОРО ДЕПОРТАСИЯ МЕКУНАНД. ОХИР ТО ИН МУДДАТ ОНХО ДАР РУСИЯ КОРУ ЗИНДАГИ МЕКАРДАНДУ ЯГОН БОР КОИДАХОРО ВАЙРОН НАКАРДААНД. ТАМОМИ ХУЧЧАТХОЯШОН АЗ РУЙИ КОИДА АСТ.
ВАЛЕ САРВАРИ НАЗОРАТИ САРХАДИ ХАТТО БА СУХАНОНИ ОНХО ЭЪТИБОРЕ НАДОДУ ШИНОСНОМАХОИ ЭШОНРО БАРГАШТ БАРОИ РАФТАН ПЕШНИХОД КАРД. Б. НОЗИМ КИ ЗАНИ РУС ДОШТУМ БО У РАСМАН АКДИ НИКОХ КАРДА БУД, ЭЪТИРОЗ БАЁН КАРДА ФАКТУ ДАЛЕЛ ТАЛАБ НАМУД БАРОИ ДЕПОРТАСИЯ ШУДАНАШ.
СОЛИ 2009 Б.НОЗИМ АЗ МАРКАЗИ МУХОЧИРОНИ МЕХНАТИ ХУЧЧАТИ МУХОЧИРАТИ МЕГИРАДУ ДАР ИНШООТИ КОР МЕКАРДАГИАШ БО ПЕШНИХОДИ ХАМИН ХУЧЧАТ ГАШТАН МЕГИРАД. ВАЛЕ ХУДИ ХАМИН СОЛ КОРМАНДОНИ МИЛИСАИ ШАХРИ ИРКУТСК ХУЧЧАТАШРО АЗ ДАСТАШ ГИРИФТА КАЛБАКИ ГУЕН ЧАРИМА МЕСИТОНАНД. АНА ХАМОН ВОКЕА БОИСИ ИМРУЗ ДЕПОРТАСИЯ ГАШТАНАШ ШУДА БУДААСТ. УРО БА МУДДАТИ 8 РУЗ БЕ ЯГОН АСОС БОЗДОШТ НАМУДАНД. (ХОЛ ОН КИ АЗ РУЙИ КОНУН БОЗДОШТИ БЕ ЯГОН АСОС НА БОЯД АЗ СЕ СОАТ ИДОМА ЁБАД).
НАФАРИ ДИГАР С. ХАКИМ СОЛИ ГУЗАШТА ШИНОСНОМААШРО ГУМ МЕКУНАДУ БАЪДИ ЧАНД ВАКТ АЗ КОРМАНДОНИ МИЛИСАИ ШАХРИ МАСКАВ ФОРМАИ 1 МЕГИРАДУ БО ХАМОН ЯКЧАНД ВАКТ МАРДИКОР ШУДА КОР МЕКУНАД. СИПАС БАЪД АЗ ЯК СОЛ БА САФОРАТИ ТОЧИКИСТОН ДАР ФР ОМАДА ХУЧЧАТ МЕГИРАД, КИ У ДАР ХАКИКАТ ШАРХВАНДИ ТОЧИКИСТОН АСТУ ШИНОСНОМААШ АЗ ЭЪТИБОР СОКИТ ДОНИСТА МЕШАВАД. БО ХАМИН ХУЧЧАТ ЧИПТАИ ХАВОПАЙМОИ ХАРИДА БА ВАТАН БАРМЕГАРДАД. БАЪДИ БОЗГАШТ ШИНОСНОМАИ НАВ МЕГИРАДУ БА РУСИЯ РАХСИПОР МЕГАРДАД. ДАР ФУРУДГОХ БА У ГУФТАНД, КИ ШУМОРО МО ДЕПОРТАСИЯ КАРДАЕМ. ЧУНКИ ДАР ШИНОСНОМААТОН НОМУ НАСАБУ РУЗИ ТАВВАЛУДАТОН ТАЙГИР ДОДА ШУДААСТ. ХАРЧАНД У МЕФАХМОНД БО ФАКТХО, САРВАРИ НАЗОРАТИ САРХАДИ УРО ГУШ НАМЕКАРДУ МЕГУФТ:"РАВ ДАР ВАТАНАТ РАЗБИРАТСА КУН"


ТИФЛИ НАШЪАМАНД



ТИФЛИ НАВЗОД ХЕЧ АЗ ГИРЯ КАРДАН НАМЕМОНД. БЕИСТ АРРОС МЕЗАДУ ДИГАР МОДАРОНИ НАВЗОДАРО БЕСАРАНЧОМ МЕСОХТ. ДУХТУРИ НАВБАТДОР ЗАНХОИ ПАЛАТАРО ИЛТИМОС КАРД, КИ КУДАКИ БЕГУНОХРО , КИ БАЪДИ ТАВЛИДАШ МОДАРАШ ПИНХОНИ ПАРТОФТА ГУРЕХТА РАФТААСТ, МАКОНАНД. ВАЛЕ КАСЕ ИН ТИФЛИ БЕСОХИБРО МАКОНДАН НАМЕХОСТ. ДИЛИ ЗАНЕ СУХТУ УРО МАКОНДАНИ ШУД. АММО КУДАК СИНАИ УРО НАГИРИФТ. ДОД МЕГУФТУ ХЕЧ ОРОМ НАМЕШУД. ГУЁ АЗ БА ДУНЕИ РУШАН ОМАДАНАШ ПУШАЙМОНИАШРО НИШОН МЕДОД. ДУХТУРИ НАВБАТДОР , КИ АЛЛАКАЙ ХАНГОМИ ЧАВОНЗАНИ ЗАРДИНАИ ТАХМИНАН 28-29 СОЛАРО ДАР ХОЛАТИ БЕХУШИ ОВАРДАН ПАЙ БУРДА БУД, КИ ЗАНАК НАШЪАМАНД АСТ, ЗУД ТИФЛРО ГИРИФТА БА УТОКИ АЛОХИДА БУРД. ДИЛАШ СИП СИЁХ ШУДА ХУД ГУФТ: НАХОД КУДАК БО АЛОМАТИ НАШЪАМАНДИ ТАВЛИД ЁФТА БОШАД? ТИФЛ БЕИСТ ПОЧАК МЕЗАД. БА ЁД ОВАРД, КИ ЧИ ХЕЛ ЗАН БАЪДИ ТАВЛИДИ КУДАК ИЛТИЧОЯШ КАРД, КИ БАРОЯШ СИГОР БИЕРАД. СИГОРРО ХОЛИ КАРДУ ХАРИСОНА БА КАШИДАН ДАРОМАД. ТИФЛ НИЗ БАЪДИ СИНАИ МОДАРРО МАКИДАН ОРОМ ШУДУ БА ХОБИ ШИРИН РАФТ.
НИЗОРА ХАНГОМИ ДАР РУСИЯ БУДАНАШ БА ЧАВОНИ ОЗАРИЕ ДИЛ БАСТУ ХАМОН ВАКТ БА КАШИДАНИ БАНГУ ДИГАР МАВОДХОИ МУХАДДИР ОГОЗ КАРДА БУД. ЧАВОНИ ОЗАРИ ХУД НАШЪАЧАЛЛОБ БУДУ УРО ХАМ ФАКАТ БАРОИ ТИЧОРАТИ ИФЛОСАШ ИСТИФОДА МЕБУРД. АММО НИЗОРА ГУМОН ДОШТ, КИ ЧАВОН УРО САМИМИ ДУСТ МЕДОРАД. АЗ КУЧО МЕДОНИСТ, КИ ИН ИШК НЕ, ЯК ХАВАСУ ИСТИФОДАБАРИЕСТ. РУЗЕ ЧАВОН МИКДОРИ НАВБАТИИ БОРАШРО ГИРИФТУ НИЗОРАРО ТАЪИН КАРД, КИ БУРДА БА ЯК ШИНОСАШОН ДАР ФУРУДГОХ РАСОНАД. НИЗОРА БЕХАБАР АЗ ОН КИ КАЙХО АЗ ПАСАШОН ОДАМ ШУДААСТУ ОНХОРО НАЗОРАТ МЕБАРАНД, БА ЧОЙИ ГУФТАГИИ ДУСТДОШТААШ РАФТ. ВАЛЕ ХАНГОМИ ДОДУГИРИФТИ МАВОДИ ГЕРОИН ОНХОРО ДАСТГИР КАРДАНДУ НИЗОРАРО БА ХУД БУРДАНД. ХАФТ СОЛИ АЗОБИ МАХБАС ПЕШИ РОХИ НАШЪАМАНДИИ НИЗОРАРО ГИРИФТА НАТАВОНИСТ. БА ОЗОДИ БАРОМАДУ БА ВАТАН БАРГАШТ. ДАР ТАРАБХОНАЕ БА ХАЙСИ ПЕШХИДМАТ БА КОР ДАРОМАД. ДАР ТАРАБХОНА БО САРОШПАЗ ОШНОИ ПАЙДО КАРДУ МУНОСИБАТИ МАХРАМОНАИ ОНХО ОГОЗ ГАРДИД. ВАЛЕ ДЕРЕ НАГУЗАШТА САРОШПАЗ АЗ У МУНОСИБАТХОЯШРО БАРКАНД. НИЗОРА БОЗ РУ БА НАШЪА ОВАРД. ГАМИ ДИЛАШРО БО ИСТЕЪМОЛИ ИН МАВОДИ ЗАХРНОК МЕБАРОВАРД. ПУЛИ ЁФТАГИАШ МАСРАФИ НАШЪА МЕГАРДИД. ХИС КАРД, КИ ДАР ВУЧУДАШ ДИГАРГУНИЕ РУХ ДОДААСТ. БА БЕМОРХОНА РАФТ. ТАШХИС МУАЙЯН КАРД, КИ У ПАНЧМОХА ТИФЛ ДОРАД. ХОСТ КИ ИСКОТИ ХАМЛ НАМОЯД. ВАЛЕ ДУХТУР ГУФТ, КИ ХЕЛЕ ДЕР ШУДААСТ. ОКИБАТАШ МАРГОВАР МЕБОШАД. БАРОИ ХАМИН НИЗОРА АЗ ИСКОТИ ХАМЛ ДАСТ КАШИДУ ТАВЛИДИ ТИФЛРО ИНТИЗОР ШУД. АММО ХАНГОМИ ДАВРАИ ХОМИЛАДОРИАШ НИЗ АЗ ИСТЕЪМОЛИ МАВОДХОИ МУХАДДИР ДАСТ НАКАШИД.
-ПАС, ДАР ДАВРАИ ХОМИЛАДОРИ ИН ЗАН ПАЙ ДАР ПАЙ МАВОДИ НАШЪАДОРРО ИСТЕЪМОЛ МЕКАРДААСТ, КИ ПИСАРАКАШ НИЗ БА ХАМИН ХОЛАТ ГИРИФТОР ШУДААСТ-ХУЛОСА БАРОВАРД ДУХТУРИ ТАЧРИБАДОР САНАМ МУХТОРОВА.
ОН РУЗ БО ЯК АЗОБ БА КУДАК ШИРИ СУНЪИРО ХУРОНИДАНД. ВАЛЕ ПАГОХАШ КАРИБИХОИ БЕГОХ ТИФЛ ХАНГОМИ БА ХАМИН ХОЛАТ ГИРИФТОР ШУДАН БА ХАЛОКАТ РАСИД. ХАЙРАТОВАРАШ ОН БУД, КИ ТИФЛ СУРАТАН БЕ НУКСОН БА ОЛАМ ОМАДА БОШАД ХАМ, МУБТАЛОИ НАШЪАМАНДИ БУД. АЗ ИСТЕЪМОЛИ ЗИЁДИ ОН ХАНУЗ ДАР БАТНИ МОДАР У БА ИН МАРГИ САФЕД ОДАТ КАРДА БУДААСТ. ЧИ ДАХШАТЕ. ПАС ЧИ БОЯД КАРД , ТО ДИГАР НАВРАСЕ, ЧАВОНЕ, ЗАНЕ БА ИН ВАБОИ АСР ГИРИФТОР НАГАРДАД. ЧИ БОЯД КАРД?

ДИЛРЕЗАХО



ЭЙ АЗИЗИ ДИЛ, ТУРО РУЗЕ ТАРК ХОХАМ КАРД, ЧУНКИ ТОКАТИ ДИДАНИ КАЛБИ ГУЛПАРАСТИ ТУРО НАДОРАМ.

ХУДОЁ, КОСАИ МАРГРО КУ ОФАРИДИ, ПАС ЧАРО ДАРЁИ ОДАМГАРИРО ФАРОВОН НАСОХТИ?

ТУИ АЗИЗРО ТАРК МЕКУНАМ, МЕДОНИ ЧАРО? ЧУНКИ ХАРЧАНД АЗ ЗАБОНАТ ШАХД БИРЕЗАД ХАМ, ДИЛАТ ШАБЕХИ ДАРЁСТ.

ОДАМИЗОД, БУДУ НАБУД. ДИГАР ХЕЧ, МАЪНИИ УМР ДАР НЕКИ КАРДАН АСТ. НЕКИ БОШАД АЗ РУЗАВУ НАМОЗ САРЧАШМА МЕГИРАД.

ЗИНДАГИРО БА ОИНА ШАБЕХ ДОДАНД. ВАЛЕ ФАРКИ АСОСИРО НАГУФТАНД, КИ ДОГХОИ ОИНАРО ТОЗА КАРДА МЕШАВАДУ ДОГХОИ СИЁХИ ЗИНДАГИРО НЕ.

АЙ МАРГ ТУРО ДУСТ ДОРАМ, ЧУНКИ АГАР ТУ НАБУДИ, ИН ШАХР ШАХРИ ОДАМХУРОН МЕГАРДИД.

ДАР ДУНЁ ДУ ЧИЗ МАГЛУБ НАМЕШАВАД: МАРГ ВА ЗАН.

РУЗИ ЗОДРУЗАМ БА ХУД ГУФТАМ: ЭЙ ИНСОНИ ГОФИЛМОНДА , ЧАРО БОЗ БА ЯК СОЛИ БАРБОД РАФТАИ УМРАТ ХУРСАНДИ МЕКУНИ?

ХУДОЁ, АЗ ТУ ЗОРИ ДОРАМ, БА ХАР ХОНАВОДА БАХТРО ХАМСАФАРИ ТАХТ НАМО.

ЭЙ ЗАНХО ХУДРО ДУСТ ДОРЕД, ВАГАРНА КУРБОНИ ХАВАСБОЗИХОИ МАРДИ НОМАРДЕ МЕГАРДЕД.

ЗЕБОИРО ДУ ЧИЗ МАГЛУБ МЕСОЗАД: МАРГ ВА ПИРИ.

ТУРО КУ ХАВОЛА БА ХУДО МЕКУНАМ, ВАЛЕ ДИЛИ ШИКАСТАРО БА КИ СУПОРАМ?

БУЗУРГЕ ГУФТА:ЗИНДАГИ ГАМИ ДИЛ ХУРДАН АСТ, ПАС ЭЙ САРНАВИШТИ КАЛАМБАДАСТ ЧАРО ГАМИ ДИЛРО БА ХАМА БАРОБАР ТАКСИМ НАМЕСОЗИ?

АЗ ИШКЕ, КИ БОРОНИ НАФРАТ БА САРАТОН МЕРЕЗАД, ГУРЕЗЕД, ЧУНКИ ЧУНИН ИШК АЗ ХУДХОХИ АСТ.

АЙ САРНАВИШТ, ЧАРО ТУ БЕХАБАР АЗ ДИЛИ МАН ЧУНИН ТУХФАИ НОГАХОНИРО БАРОЯМ АТО НАМУДИ? МАГАР ДИЛИ ОРЗУПАРВАРИ МАН ЧУНИН МЕХОСТ?

ЗИНДАГИ, ТУ ЧАРО ИН КАДАР ИШТИБОХАНГЕЗИ, КАЛБЕРО МЕСУЗИВУ КАЛБЕРО МЕСОЗИ, СИПАС АЗ ДУР ИН ХАМА БОЗИХОЯТРО ТАМОШО МЕКУНИ, ЧАРО?



ВАМПИРХО ДАР ДУШАНБЕ


ЧОМЕАИ НОСОЛИМ АЗ ЧИ САРЧАШМА МЕГИРАД? БО ЗАНИ ШИНОСЕ ВОХУРДАМ, КИ ДАР КУЧА ФИГОН КАРДА КУДАКОНИ ХАМСОЯИ ХАМШАФАТАШРО ДАШНОМУ ХАКОРАТ МЕКАРД. АЗ ИН ОШУФТАХОТИРИИ У ХАЙРОН ШУДАМУ САБАБ ПУРСИДАМ:
-Э НАПУРС, ХОХАР! АЗ ГУФТАН ЗАБОНАМ МЕСУЗАД, СУБХ ДУХТАРЧАИ ЧОРСОЛААМ БА КУЧА БАРОМАДУ МАН МАШГУЛИ КОРИ ХОНА ГАРДИДАМ. НОГАХОН АЗ БЕРУН ДОДУ ВОЙИ ДУХТАРЧААМ БАЛАНД ШУДУ ОН ЧОНИБ ДАВИДАМ. ДУ ПИСАРБАЧАИ 9-10 СОЛАИ ХАМСОЯ, БА ДАСТУ ПОЙХОИ У СУЗАН ЗАДА МЕГУФТАНД, КИ "МО ВАМПИРЕМ, ХОЗИР ХУНИ ТУРО МЕХУРЕМ".
ИН ХОДИСАИ ДАХШАТНОКРО ДИДА ДОДГУЁН СУЙИ БАЧАХОИ АВБОШ ШИТОФТАМ. ВАЛЕ ОНХО ГУРЕХТАНД. АГАР ХАМОН ЛАХЗА ДАСТГИР МЕКАРДАМ, ШОЯД ГУЛУЯШОНРО БУГИ КАРДА МЕКУШТАМ.
БА НАЗДИ ПАДАРУ МОДАРАШОН РАФТАМ, ДАРРО БАРКАСД БА РУЯМ НАКУШОДАНД. ОХИР АЙБИ ЧУНИН ПАДАРУ МОДАРОН АСТ, КИ ФАРЗАНДОН БА БАДАХЛОКИ ДАСТ МЕЗАНАНД.
ГАПИ ОН ЗАНИ ШИНОС БА МАН БЕТАЪСИР НАМОНД. БА АНДЕША РАФТАМ. ХУДОЁ, МАГАР ИН КАДАР КОНУНШИКАНИХО КАМ АСТ, КИ БОЗ КУДАКОНУ НАВРАСОН РУ БА ДУНЁИ ЧИНОИ МЕОРАНД?ИМРУЗХО ДАР МАКТАБХОИ ТАХСИЛОТИ ХАМАГОНИИ ПОЙТАХТ ЗУД ЗУД ШОХИДИ ЧАНГУ ХАРХАШАИ СИНФХОИ БОЛОИ БО ДИГАР МАКТАББАЧАХО ШУДАН МУМКИН АСТ.НАСЛИ НАВ МУТЕЪИ ОМИЛХОИ НОМАТЛУБ ГАШТА, САТХИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР ОИЛА ВА МАКТАБ ДАР САТХИ МУСБАТ ВУЧУД НАДОРАД.АЛБАТТА САБАБХО ЗИЁДАНД. КАМБИЗОАТИ ВА РУ ОВАРДАНИ МАРДХОИ ТОЧИК БА МУХОЧИРАТИ КОРИ БОИСИ БЕМАЪРИФАТ БА ВОЯ РАСИДАНИ ИДДАЕ АЗ НАВРАСОН ГАРДИДААСТ.АММО БОЗ ХАСТАНД ФАРЗАНДОНИ НАВТОЧИКЕ КИ МАГРУРУ БАДКИРДОР БА ВОЯ РАСИДА ХАР ЧИ ДИЛАШОН ХОХАД, ХАМОНРО МЕКУНАНД.
ШУМО ЧИ МЕГУЕД?



МУХОЧИРИ ГУМРОХ

Рубаруям шахрванди Точикистон, шахраки Вахдат Давлатов содикчон Усмончонович, соли таввалудаш 24.11.1987 нишаста бо пушаймони сарашро медораду кариб ки мегиряд. Муффатиши шуъбаи тафтишотии нохияи Приморскийи шахри Санкт-Петербург Никитин А. С. делои чиноятии №119746 ро кушода ба пурсиш огоз кард. Ман ба хайси тарчумон даъвати будам. Давлатов Содикчон тули ду сол буд, ки дар шахри Питер ба корхои сохтмони ва дигар майда чуйдахо машгул буда аз хисоб модару додаронашро таъмин мехост. Хатто ба наздики бародарашро аз хисоби худ туйи домоди ороста буд. У мухассили омузишгохи тиббии шахраки Вахдат аст.
Давлатов Содикчон таърихи 01.09.2010 соати 05.15 дакикаи субх хангоми дар бинои истикоматии Торжовский хонаи 13, утоки 1 буданаш бо шахрванди Узбекистон Орипов У. Б. чангу мунокиша карда дар рафти гапхои пасту баланд зиеда аз 4 зарбаи корд ба органхои хайётан мухими у мезанад.
Дар рафти саволу чавоб аник гардид, ки сабаби ин ходисаи нанговар духтараке бо номи Саламова Махина сокини чумхурии Узбекистон, соли тавлидаш 1991 мебошад. Махина дар ин хобгох мезисту дар дукончае ба хайси фурушанда кор мекард. Байни Содикчону Махина муносибати ошикона пайдо мешавад. Аммо Содикчон то хануз намедонист ки Махина пеш аз шиносои бо у бо хамашхрашон Орипов муносибати махрамона дошту ваъдаву паймони хонадоршави дар оянда доштанд. Махина аз ишку дустдории ин точикбачаи сода истифода бурда аз у хамеша пул талаб мекард. Содикчон барои у чизеро дарег намедошт. Хатто ба дустонаш гуфта будааст, ки Махинаро ба зани гирифта ба Точикитон бурданист. Хамон субхи фочеа вакти рамазони шариф у баъди ният карда руза гирифтан ба назди Махина меояду дар бораи муносибатхояшон мепурсад. Махинаи маккор мегуяд, ки гуё Орипов бо тарики зуровари ба номуси у дар вакташ расида хамеша таъкид мекардааст, ки агар бо Содикчон гапзаниашро бубинад, мекушадаш. Содикчон ба ин суханони у бовар карда сари рашку газаб ба назди Орипов омада тахдид мекунад ки дигар уро бо Махина набинад. Аммо Орипов дод зада мегуяд ки Махина кайхо боз бо у мегардаду онхо ахду паймон доранд. Байнашон чанчол мехезад. Хамин вакт Содикчон аз кисааш корд бароварда аввал ба кафаси сина, сипас ба гардани у пайи хам зарбаи марговар задани мешавад. Вале Орипов аз хунравии зиед пару мефитаду Содикчон ин холати уро дида якбора ба худ меояду кордро партофта мегурезад. Аз карда пушаймон зуд ба назди чурааш меояд. Хамин вакт ронандае Орипови ба хун огуштаро мебинаду давида меояду уро бардошта набзашро месанчад.
Баъди санчидани набзи Орипов у мошини ёрии таъчилиро фарёд мекунад. Ориповро ба беморхонаи Елизаветаи фаришта мебаранд. Дар беморхонаи номбурда ба чабрдида ерии аввалини тибби расонида мешавад. Имрузхо Орипов дар беморхона табобат мегирад. Давлатов дар рафти пурсиш дам ба дам мегуфт, ки сахт пушаймон аст ва сари хар намозаш аз даргохи Худо талаб мекунад, ки ин чавон зинда монаду ба у осебе нарасад. Махина ба Узбекистон гурехта меравад. Содикчон аз ошикихои бемаъниаш пушаймону музтар мушт бар сар мезаду намедонист, ки чи чорае андешад. Аммо конун конун аст. Дар хама давру замон ва дар хама давлатхои дунё. Айни замон нисбати Давлатов Содикчон парвандаи чинои аз руйи моддаи 105, кисми 1 кушода гардида тафтишоти суди идома дорад. Ман дар дохили тизолятор хангоми пурсиши кутох чунон хунук хурдам, ки бо сухан тасвир карда намешавад. Ин лахза Содикчон гуфт:
-Апачон, ин сарди хануз заррае аст. Он чо дар махбаси Кристи чунон сарди хукмрон аст, ки ман хангоми тахорат барои наомзхоям кариб ки ях мекунам.
-Магар ин духтараки миллаташ бегона лоики ин кадар хаётсузии ту буд?
-На, албатта. Аммо кори шудаги шуд. Пушаймони дигар суд надорад. Аз Худо илтичо дорам, ки Орипов зинда бимонад. Вагарна маро якумра махбаси мекунанд. Ман бошам дар ватан модари ба чашм роху касали дорам. Падарам кайхо хок шудаги. Агар модар аз ин гумрохии ман огахи ёбад, онгах бе корд мемирад.Апачон, мехохам ки ба хама мухочирони хамсолам мурочиат карда гуям, ки хеч гох мисли ман ба чунин гумрохиву беакли рох надиханд. Вагарна як умр номи худро догдор карда ба дили наздиконашон ранчури меандозанд. Аз руйи ин доги судии ман мегирифтаги якумр додарону хохари ман хама чо боиси таъкиб мегарданд. Пушаймонам, пушаймонам...
Соатхои тахминан 8 и бегох пурсиш ба итмом расиду ман ба хонаи ичораам баргаштам. Бояд хамаи пурсишу посухро тарчима мекардам. Калам ба даст андеша мекардам, ки чаро махз имруз чавонписарони солимакли мо ру ба чунин чиноятхои номакбул даст меандозанд. Магар хамаи мухочирони ба шахри рус омадаро як мафхум мепайвандад:" кор ба хотири пул". Хамин тавр не?
ШАХЛОИ НАЧМИДДИН,ШАХРИ САНКТ-ПЕТЕРБУРГ.