ШУМО ДАР САХИФАИ КОШОНАИ ШАХЛО БЕШТАР ЧИ ГУНА МАВОДХОРО ДИДАН МЕХОХЕД?

ШАХРИ МАРДУМ-ШАХРИ ЗАРД

ШАХРИ МАРДУМ ШАХРИ ДАРД,

ШАХРИ МАРДУМ ШАХРИ ЗАРД,

ШАХРИ МАРДУМ ШАХРИ ГАРД, 

ШАХРИ МАРДУМ ШАХРИ САРД

Мой список блогов

В этом гаджете обнаружена ошибка

Популярные сообщения

вторник, 17 мая 2011 г.

КИ АБДУЛМАНОНИ ВОСЕЪГИРО КУШТ?


ТАВРЕ ХАБАР ДОДЕМ, ТАЪРИХИ 15УМИ МАЙИ СОЛИ ЧОРИ ШАХРВАНДИ ТОЧИКИСТОН, СОКИНИ НОХИЯИ ВОСЕЪ, БАРОТОВ АБДУЛМАНОН АБДУЛВАХОБОВИЧ, СОЛИ ТАВЛИДАШ 22 УМИ МАРТИ СОЛИ 1988, СОАТИ ТАХМИНАН 8-9 И БЕГОХИ ХАНГОМИ БО МОШИНИ САБУКРАВАШ БА СУЙИ МАСЧИД РАХСИПОР МЕГАРДАД ВА ХАМИН ЛАХЗА БА МОШИНИ КАМАЗЕ БАРМЕХУРАД ВА САДАМАИ АВТОМОБИЛИ РУХ МЕДИХАД. 
РОНАНДАИ КАМАЗ ШАХРВАНДИ РУСИЯ НИКОЛАЙ ПРИПАНОВ КИ ДАР ХОЛАТИ МАСТИ КАРОР ДОШТ, АЙНИ ЗАМОН ДАСТГИР ШУДА ТАФТИШОТИ СУДИ ИДОМА ДОРАД. АБДУЛМАНОН ХАНУЗ ШАХДИ ДОМОДИРО НАЧАШИДА БУДУ ОРЗУХОИ ЗИЁДЕ ДАР ДИЛ МЕПАРВАРИД.ЧУН ХАНУЗ ДАВРАИ КУДАКИАШОН ПАДАР БАРМАХАЛ АЗ КАСАЛИ ВАФОТ КАРДА ОНХОРО ТАРК НАМУДА БУД, У САРОБОНИ ОИЛА БА ХИСОБ МЕРАФТ. ИН ЧАВОНМАРДИ БОИМОНУ НАМОЗХОНРО ДАР МАХАЛЛАИ ИРИНОВСКИЙИ ШАХРИ ПИТЕР ХАМА МЕШИНОХТАНДУ ЭХТИРОМАШ МЕКАРДАНД. ХАРЧАНД ЧАВОН ХАМ БОШАД АЛЛАКАЙ УРО ХАМЧУН ЯК ЧАВОНИ БОМАЪРИФАТУ ИЛМОМУЗ МЕДОНИСТАНД. ОН БЕГОХИИ ВОПАСИНИ ХАЁТАШ У БА МАСЧИД ШИТОБ ДОШТ. АММО....

ВАКТЕ КИ ИН ГУРАМАРГРО БА БЕМОРХОНА ОВАРДАНД, АЛЛАКАЙ ЧИСМАШ САРД ШУДА АРМОНИ ИН ДУНЁРО ТАРК НАМУДА БУД. 
ХАНГОМЕ КИ БА БЕМОРХОНА АКАИ НЕЪМАТ БОБОЧОНОВ, КОРИ АМРУЛЛОХ, МУЛЛО НАСУЛЛО ОМАДАНД, КОРМАНДОНИ БЕМОРХОНА БА ОНХО АВВАЛ ДУРУГ ГУФТА ТАЪКИД КАРДАНД, КИ ГУЁ АЛЛАКАЙ ЧАСАДИ МАХТУЛРО БА МОРГ БУРДА БОШАНД. АММО НЕЪМАТ БОБОЧОНОВ ГУФТ КИ "ЧАРО ФИРЕБ МЕКУНЕД? КАНИ ЧАСАДИ ИН ТОЧИКИ ГУРАМАРГ?"
ДУХТУРИ НАВБАТДОР НОИЛОЧ ЧАСАДРО БА ОНХО НИШОН ДОД. ХАМОН ЧО ЧАВОНМАРДОНИ ТОЧИК ИН ГУРАМАРГИ НАВБАТИРО БО РАСМУ РУСУМИ МУСУЛМОНИ КАФАН КАРДА СУБХАШ БА ВАТАН ФИРИСТОДАНД. САБАБИ ПИНХОН КАРДАНИ ЧАСАДИ ИН ТОЧИКБАЧА  ТО ХОЛ НОМАЪЛУМ АСТ.
ХАНУЗАМ БА СУОЛХОИ ХУД ЧАВОБ МЕЧУЯМ...
1. ЧАРО ВАКТЕ КИ ДУ МОХ ПЕШТАР ХИММАТШОИ ДАРВОЗИРО ДАР НАЗДИ МЕТРОИ РИБАТСКОЕИ ШАХРИ ПИТЕР РОНАНДА БАДМАСТ СОАТИ 7-СУБХ БО МОШИНАШ ЗЕР КАРД, КАСЕ АЗ ВАО-И РУСИЯ ЧИЗЕ НАГУФТ. АММО ВАКТЕ КИ ЯК ТОЧИКБАЧАРО ХАНГОМИ КОР КАРДАНАШ ДАР СОХТМОНИ САРДУ ЗАХ БАРОИ БЕ ХУЧЧАТИ ИЧОЗАТИ КОР НАДОШТАНАШ ДАСТГИР НАМОЯНД, БА ТАМОМИ РУЗНОМАВУ САЙТХОЯШОН ЛАХЗА БА ЛАХЗА ДАР ИН ХУСУС МЕНАВИСАНДУ МЕНАВИСАНД. ВАКТЕ КИ РОНАНДАРО СУБХИ СОЛЕХОН ДАР ХОЛАТИ МАСТИ ДАСТГИР МЕКУНАНД, ЧОРАЕ ДИДА НАМЕШАВАД.
2.ЧАРО КИ БАЪДИ БО КАМАЗ ЗЕР КАРДАНАШ ИН РОНАНДАИ БАДМАСТ ТО ХОЛ АККАЛАН ЧУБРОНЕ БАРОИ ИН ГУРАМАРГ НАСУПОРИДААСТ. ЧАРО КИ ЧАСАДИ ИН ТОЧИКБАЧАРО АЗ ХАМВАТАНОН ПИНХОН КАРДАН ХОСТАНД.
БОЗ ЧАРО ВА ЧАРОХОИ ЗИЁДЕ.....
РУХИ ХАМАИ ГУРАМАРГОН ШОД БОД!
ХАР НАВБАТЕ КИ БО БАРОДАРОН НЕЪМАТУ КОРИ АМРУЛЛОХ МО БА МОРГ МЕРАВЕМ, ОХИ САРДЕ МЕКАШЕМ АЗ ДИДАНИ ЧАШМОНИ АРМОНИВУ НОПУШИДАИ ТОЧИКБАЧАХОИ ХАНУЗ ЧОМАИ ДОМОДИ НАПУШИДА.....

 

понедельник, 9 мая 2011 г.

ТУЙЧИ ЭРДЖИГИТОВРО ДАР ПИТЕР ЁФТЕМ...


МЕГУЯНД КИ КАХРАМОНОНИ МИЛЛАТ ХЕЧ ГОХ НАМЕМИРАНД. ОРЕ ТО ИМРУЗ ЧАВОНМАРДИИ ЧАВОНОНИ ТОЧИК ДАР ЧАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИ ВИРДИ ЗАБОНИ ХАМАГОН АСТ. ХАРЧАНД АЗ БАЙН 66 СОЛ ГУЗАШТААСТ, АММО НОМИ НЕКИ ЭШОН ДАР ДИЛИ ТАМОМИ ХАЛКХОИ ДУНЁ МАХФУЗ АСТ. ХАНУЗ АЗ ТАЪРИХ ДАР ДАВРАИ МАКТАБХОНИ ХОНДА БУДЕМ, КИ КАХРАМОНИ ЧАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИ ТОЧИКПИСАР АЗ КОЛХОЗИ ПАХТАКОРИ ВИЛОЯТИ СУГД ТУЙЧИ ЭРДЧИГИТОВ 5 ОКТЯБРИ 1943 ДАР ДЕХАИ СМИРДИНИЯИ ШАХРАКИ ЛЮБАНИ САНКТ-ПЕТЕРБУРГИ РУСИЯ КАХРАМОНОНА СИНАИ ХУДРО ХАДАФИ ГРАНАТАИ ДУШМАН КАРДА ЧОНИ ДИГАР ЧАНГОВАРОНРО РАХОНИДААСТ. ТУЙЧИ ЭРДЧИГИТОВ ХЕЛЕ ЧАВОН АЗ ДУНЁ РАФТ, ХАРЧАНД 66 СОЛ СИПАРИ ГАРДИДААСТ, ВАЛЕ НОМИ У ЧОВИДОН АСТ. ДАР ДЕХАИ ЛЮБАН КУЧАЕ ХАСТ БО НОМИ ЭРДЧИГИТОВ. АЗ РУЗИ ОМАДАНАМ ОРЗУ ДОШТАМ КИ ХАМЧУН ЯК ХАМВАТАН АЗ МАРКАДИ ИН ЧАВОНМАРДИ ПАХЛАВОНИ ТОЧИК ШОДРАВОН ТУЙЧИ ЭРДЧИГИТОВ ДИДАН НАМОЯМ. ВА ИМРУЗ ДАР ИДИ ГАЛАБА БО ДАСТГИРИИ БАРОДАРИ ХАЙРМАНД НЕЪМАТ БОБОЧОНОВ ИН ОРЗУИ ЧАНДИНСОЛААМ АМАЛИ ГАШТ. МО КОФТА-КОФТА БА ШАХРАКИ ЛЮБАН ОМАДЕМ. МАРДУМИ ДЕХАИ БА НОМИ ЭРДЧИГИТОВ ГУЗОШТА ШУДА ЧАМЪ ШУДА МОРО ХЕЛЕ ГАРМУ САМИМИ ПЕШВОЗУ ПАЗИРОИ КАРДАНД, КИ ИН МОРО САХТ БА ХАЙРАТ ГУЗОШТ.

РАИСИ ФЕДЕРАТСИЯИ ИШТИРОКДОРОНИ ЧАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИ ДМИТРИЙ НИКОЛАЕВ МОРО БА ХОНААШ ДАЪВАТ КАРДА АШКИ ШОДИ МЕРЕХТ ВА ДАМ БА ДАМ  МЕГУФТ:
-ЧИ ХУБЕ КИ ТОЧИКОН БА ШАХРАКИ МО МЕХМОН ШУДЕД.
У ДАР РАФТИ СУХБАТ НАКЛ КАРД, КИ 40 СОЛ ПЕШТАР МОДАРИ ТУЙЧИ ЭРДЧИГИТОВ АЗ ТОЧИКИСТОН БА МАРКАДИ ПИСАРАШ ОМАДА БУДУ ХАЛОС. ДИГАР ТОЧИКЕРО ИН ЧО НАДИДААСТ.
МО БО ХАМРОХИИ БАРОДАРОН НЕЪМАТ БОБОЧОНОВ, ДАВЛАТ, ШОИРИ МУХОЧИРИ ТОЧИК ХАСАН ХОЛОВ ГУЛЧАНБАРИ ФАРМОИШИРО БА НАЗДИ МАРКАДИ ШОДРАВОН ЭРДЧИГИТОВ ГУЗОШТА БАРОИ РУХИ У ФОТИХА ХОНДЕМ.

ОРЕ, КАХРАМОНОН НАМЕМИРАНД. МО БА МАРДУМИ РУС БОЗ МЕГУЕМ, КИ МО ТОЧИКОН САРБАЛАНДЕМ ВА САРБАЛАНД ХОХЕМ МОНД. ЧИ ГУФТЕД?

суббота, 7 мая 2011 г.

БОЗ ГУРАМАРГИ НАВБАТИ ДАР ШАХРИ ПИТЕР

АЧАЛ НАМЕПУРСАД, КИ КИСТ НАВШАХУ КИСТ АРМОНИ. 4 МАЙИ СОЛИ ЧОРИ, ШАХРВАНДИ ТОЧИКИСТОН, ВИЛОЯТИ ХАТЛОН, ДЕХАИ ЧИЛИМШИИ НОХИЯИ КУБОДИЁН, АСОМИДДИН РАЧАБОВ ЧАБОРОВИЧ, СОЛИ ТАВЛИДАШ 25 ДЕКАБРИ СОЛИ 1990 ДАР ПОСЁЛКАИ ТОКСОВОИ НОХИЯИ ВСЕВОЛОЖСКИЙИ ШАХРИ ПИТЕР БАР АСАРИ МОДДАХОИ ЗАХРОЛУДГАРДОНИДАИ БАДАН БА ХАЛОКАТ РАСИД. ВАКТЕ КИ БА БЕМОРХОНА БУРДАНД, АВВАЛ ГУФТАНД, КИ БЕМОРИИ ИЛТИХОБИ ТАЛХАДОН, АММО БАЪД ТАБИБОН ТАШХИСИ ТИББИ ГУЗАРОНИДА ДАР ХУЛОСАИ ТИББИ НАВИШТАНД: "ОТРАВЛЕНИЕ". ЧАСАДИ ИН ГУРАМАРГ БА МОРГИ ХАМОН ПОСЕЛКА БУРДА ШУД.
САД ХАЙФО КИ АСОМИДДИН РУЗИ ЯКШАНБЕ ТУЙИ ДОМОДИ ДОШТУ ХАМАИ МЕХМОНОН БОЯД БА МАЪРАКА МЕОМАДАНД. ИМРУЗ ХАНГОМИ ГУСЕЛОНИДАНИ ИН ТОБУТИ ГУРАМАРГ ЧАВОНМАРДИ ХАЙРХОХ НЕЪМАТ БОБОЧОНОВ ЧАСАДРО КАФАН КАРДА ХАМОН ЧО ЧАНОЗА ХОНДАНД. ДОДАРИ АСОМИДДИН БО ДИЛИ ГИРЕН ГУФТ, КИ БАРОДАРАМ РУЗИ ДУШАНБЕ МАОШАШРО ГИРИФТА БА МОДАР ФИРИСТОД, РУЗИ ЯКШАНБЕ ТУЙИ ДОМОДИАШ БУД. ОХ, ДАРЕГ МОДАРАМ ТО ХОЗИР НАМЕДОНАД, КИ БА ЧОЙИ НАВШАХИ ХАНДОНАШ ЧАСАДИ БЕЧОНИ УРО МЕГИРАД.
РУХАШ ШОД БОДО!

пятница, 6 мая 2011 г.

КОШОНАИ ШАХЛО: КАЛОНИ ШАВИ КИ МЕШАВИ , МУХОЧИР?

КОШОНАИ ШАХЛО: КАЛОНИ ШАВИ КИ МЕШАВИ , МУХОЧИР?: "КАЛОН ШАВИ, КИ МЕШАВИ? МУХОЧИР КОРЧУ, КОРДИХАНДА. ИМРУЗХО ИН ДУ МАФХУМХО ДАР БАЙНИ МАРДУМ БА МУД ДАРОМАДА,АКНУН ОДАМОН БА ДУ ТАБАКА ЧУДО М..."

МАХБАСИ ЗИНДАГИ

МАХБАСИ ЗИНДАГИ

АЗ МУАЛЛИФ
ЭЙ ТАКДИРИ ОДАМИ, ИН КАДАР ТУ ПИНХОНУ БЕРАХМИ. ЯКЕРО ДАВЛАТУ САРВАТ МЕДИХИВУ ДИГАРЕРО АШКУ ГАМУ АНДУХ. ОХ, ГАМ ЧИ КАДАРХО ТУ БУЗУРГИ. ОХИСТА ОХИСТА КАЛБИ ОДАМИРО МЕШИКОФИВУ РУХИ УРО МЕЁЗОРИ НОВАКТУ АРМОНИ....

ГУЛНИСО БАЪДИ АЗ МАХБАС ОЗОД ШУДАН ТАМОМАН ЗОХИРАНУ БОТИНАН ТАЙГИР ЁФТ. АЗ ЗАНИ ХУШЧАКЧАКУ ХАМЕША ЗЕБОВУ БОТАРОВАТ БА ПИРАЗАНИ ФАРСУДАВУ ХАЕЛИЕ МУБАДДАЛ ГАШТ. ЗАМОНЕ ХАМЧУН НАТОКИ ШИРИНСУХАНУ ЗЕБОТАРИН МАШХУРИ ХУРДУ КАЛОНИ ЧУМХУРИ БА ШУМОР МЕРАФТ. КАСИ УРО ЯК БОР ДИДАГИ БОЗ ОРЗУИ ДИДАНИ УРО МЕКАРД. БА ДИЛУ ДИДА ЗУД ЧО ГИРИФТ СИМОИ ГАРМАШ. ВАКТЕ НОГАХОНИТАРИКИ ТЕЛЕВИЗИОН ГУЛНИСОРО ХАНГОМИ БУРДАНИ МАВОДИ МУХАДДИР ДАСТГИР КАРДАН НИШОН ДОДАНД, НИСФИ ЗИЁДИ МАРДУМ КИ МУШТАРИИ ОВОЗИ ХУШИ У БУДАНД., УРО ДАР ТЕЛЕВИЗИОН ДИДА ДАР ХАЙРАТ ФИТОДАНД. ПАГОХАШ ДАР ШАХР ФАКАТ ГАП ГАПИ ГУЛНИСО БУД. ГУМОНУ ТАХМИНУ ОВОЗАХО ХЕЛЕ ЗИЕД БУДАНД. КАСЕ АЗ ШИНОСУ НАЗДИКОН БОВАР НАДОШТ, КИ ГУЛНИСО БА ИН АМАЛ КОДИР БОШАД.
ГУЛНИСО СЕ СОЛ БОЗ ПИНХОНИ БА КОЧОКИ МАВОДИ МУХАДДИРИ МАШГУЛ БУД. ВА КАСЕ ИНРО ГАЙРИ ЯК ДУГОНАИ НАЗДИКАШ НАМЕДОНИСТ. ХАМАИ ИН АЗ ТАНКИСИИ РУЗГОРУ БЕПУЛИ ОГОЗ ЁФТА БУД. ГУЛНИСО БАРВАКТ АЗ МОДАР ЯТИМ МОНДА ЗЕРИ САРПАРАСТИИ ПАДАРУ МОИНДАР ТАРБИЯ ЁФТА ДОИМО ШАТТАВУ ШАЛЛОК МЕХУРД. ШАБАШРО ДАР ОГИЛИ ГОВ РУЗ МЕКАРД. ДОДАРОНУ ХОХАРОНИ УГАЙРО НИГОХУБИН МЕКАРД. БА ХАМА ХОРИВУ ЗОРИ САБР МЕНАМУД. ДИЛИ КУШОДИ ПУРОРЗУЕ ДОШТ. ОРЗУИ НАТТОКИ ТЕЛЕВИЗИОН ШУДАНРО МЕПАРВАРИД. У БА ОРЗУЯШ РАСИДУ НАТТОК ШУД. ТАЛАБГОРОНАШ ХЕЛЕ ЗИЕД БУДАНД. БО САИД АХДУ ПАЙМОН БАСТА ХОНАДОР ГАРДИД. ЗИНДАГИИ ОИЛАВИАШ ХУШУ ОСУДА МЕГАШТ. ГУЛНИСО ОН КАДАР ХУШБАХТ БУД, КИ АЗ БАХТИ ХУДОДОДАШ МЕБОЛИДУ ШУКР МЕГУФТ. АММО БАЪДИ БА БЕМОРИИ САРАТОН ГИРИФТОР ШУДАНИ ШАВХАРАШ ЗИНДАГИИ ОИЛАВИИ У ГУЁ ЯКБОРА ФАНО ГАРДИД. МАОШИ НОЧИЗИ НАТТОКИАШ БАЗУР БАРОИ ХАРИДИ ЯК ХАЛТА ОРД МЕРАСИДУ ХАЛОС. ФАРЗАНДОНАШ КАЛОН ШУДА ТАЛАБОТИ МОДДИАШОН ЗИЁДТАР МЕГАРДИД.. ШАВХАРАШ БИСТАРИ ГАРДИД. ГУЛНИСО ФАКАТ ДАР ИН КОРГОХ ГАМИ ХОНААШРО ФАРОМУШ МЕКАРД.ДАР ТАНХОИ БОШАД, ДОИМО МЕГИРИСТ. ХАТТО БЕГОХИХОЕ МЕШУД, КИ САРИ ДАСТАРХОНАШОН НОНЕ НАДОШТ. ХУД ГУРУСНА ХОБ МЕРАФТУ ЛУКМАИ ДАХОНАШРО БА ШАВХАР МЕДОД. ЗИНДАГИИ КАШОККОНА ОН ЧУНОН БА ДИЛАШ ЗАДА БУД, КИ МАРГРО АВЛОТАР МЕДОНИСТ. СОАТ БА СОАТ ЗИНДАГИАШОН КАШШОКТАР МЕГАШТ. ГУЛНИСО САХТ БА АНДЕША ФИТОД, КИ КАМУ КОСТИ РУЗГОРРО ЧИ ГУНА БА СОМОН БИЁРАД. БА ТИЧОРАТ МАШГУЛ ШУДА НАМЕТАВОНИСТ, ЧУНКИ ПУЛИ КИРОИ ДАРКОР БУД БАРОИ ЧИЗЕРО ЯКЛУХТ ХАРИДА БАЪД ОНРО КИММАТАР ФУРУХТА ФОИДА БА ДАСТ ОВАРДАН.
ФИКР КАРДУ ОКИБАТ БА НАЗДИ ЯК ДУГОНАИ ТОЧИРУ САРВАТМАНДАШ РАФТ. АЗ У КАРЗ ПУРСИД. У ГУФТ КИ АГАР БО У ХАМРОХИ КАРДА БА РУСИЯ РАВАД, КАРЗИ БЕФОИЗ МЕДИХАД. ГУЛНИСО НЕВУ НЕСТОН НАКАРДА РОЗИ ШУД. У АЛЛАКАЙ ЭХСОС КАРДА БУД, КИ ЧИ РОХЕРО ИНТИХОБ НАМУДААСТ. ВАЛЕ ГУШНА БО ШЕР МЕЗАНАД РО ШИОРИ ЗИНДАГИИ ХУД КАРОР ДОДУ РАФТ. АКНУН ШАШ МОХ ПАС САФАР МЕКАРДУ БО ПУЛИ КАЛОН БОЗМЕГАШТ. ХАВЛИАШРО ТАЪМИРУ ТАРМИМ КАРДА ШАВХАРАШРО БА РУСИЯ БАРОИ ТАБОБАТ БУРД. ФАРЗАНДОНАШ ДИГАР АЗ ЧИЗЕ ТАНКИСИ НАМЕКАШИДАНД. ГУЛНИСО ЗОХИРАН ХУРСАНД БУД АЗ ИН САРВАТИ ДУНЯВИ. ВАЛЕ ХАМЕША ЯК ТАРАФИ ДИЛАШ ХИЧИЛ БУД. БА ХУД КАВЛ ДОД, КИ ХАМИН БОР ОХИРИН НАВБАТ БА САФАР МЕБАРОЯДУ ДИГАР НАМЕРАВАД. БА ХАМКОРОН ГУФТ, КИ БАРОИ ХАБАРГИРИИ ЯК ХЕШАШОН БА РУСИЯ МЕРАВАД. ВАЛЕ КАСЕ ГУМОН НАМЕБУРД, КИ У БА ЧИ ГУНА ТИЧОРАТ МАШГУЛ АСТ.
ГУЛНИСОРО ХЕЧ ОН ШАБ ТАМОМАН ХОБ НАБУРД. ФАРЗАНДОНУ ШАВХАРАШ НИЗ ХОБ НАРАФТАНД. ДАР ФУРУДГОХИ ХАВОИ НИЗ КИМ ЧИ ХЕЛ ДИЛАШРО СИЯХИ ПАХШ НАМУД. БА КУТТИХОИ МЕВАИ АНОР НИГАРИСТА ДИЛАШРО ВОХИМА ПАХШ МЕНАМУД, ДУ РУЗ ПЕШ ХОБ ДИД, КИ МОРИ КАЛОНИ СИЯХЕ АЗ ГУЛУЯШ ГАЗИДУ ЛУКМАИ ДАХОНАШ КАРД. ДАР ГУМРУКИ ХАВОИИ ФУРУДГОХИ ШАХРИ МАСКАВ КУТТИХОИ АНОРРО ДУРУСТАКАК ТАФТИШ НАМУДАНД. АЗ АНОРХОИ ДАР ПОИН ЧИДА ШУДА ХОКАИ САФЕД БАРОМАД. ГУЛНИСО БЕХУШУ БЕМАДОР БА ЗАМИН ФИТОД. ВАКТЕ КИ БА ХУД ОМАД, ХУДРО ДАР ХУЧРАИ НИМТОРИК ДИД. ИРОДАВУ МАТОНАТАШРО ГУМ НАКАРДА ДАРИ ХУЧРАРО ТАК ТАК КАРД. ТАЛАБ КАРД КИ БАРОИ ТЕЛЕФОН НАМУДАН БО ШАВХАРАШ ИЧОЗАТ ДИХАНД. ДАР ТЕЛЕФОН БА ШАВХАРАШ ГУФТ, КИ ХАВЛИРО ФУРУШАДУ БА ЧОЯШ ЯК ХОНАГИИ ОДДИ ХАРАД. ПУЛИ БОКИМОНДАРО БОШАД БА ДАСТИ ДУГОНААШ ФИРИСТОД. МЕДОНИСТ КИ ДУГОНААШ ШИНОСХОИ ЗУР ДОРАД, ВАЛЕ ШАВХАРАШ ГУШАКРО ЗУД БА ЧОЯШ ГУЗОШТУ ДИГАР ОНРО НАБАРДОШТ. ГУЛНИСО БА ГАЗАБ ОМАДА ЧИ ИЛОЧ ЧУСТАНАШРО НАМЕДОНИСТ. ГИРЯВУ ЗОРИХОЯШРО КИ БА НАЗАР ХАМ МЕГИРИФТ. МУРОФИАИ СУДИ ЗУД БАРГУЗОР ГАШТУ УРО БА МУДДАТИ 9 СОЛ АЗ ОЗОДИ МАХРУМ НАМУДАНД. ГУЛНИСО БА ТАКДИР ТАН ДОДУ ИНТИЗОРИ ГУЗШТАНИ РУЗУ СОЛХО ГАРДИД. ЯК РУЗИ МАХБАС БА НАЗАРАШ 10 СОЛ МЕНАМУД. АВВАЛХО ДИГАР ЗАНХОИ МАХБАСИ БА СУЯШ НИГАРИСТА КАЧ КАЧ ТАЪКИРАШ МЕКАРДАНД. ХУРОКАШРО АЗ ПЕШАШ ГИРИФТА БА ФАРШ МЕПАРТОФТАНД. У ДАНДОН БА ДАНДОН МОНДА ТОКАТ МЕКАРДУ ТАЪКИРУ ДАШНОМХОИ ОНХОРО ФАРОМУШ МЕКАРД. ЧУНКИ МАХБАС МАХБАС БУД. ИН ЧО ХУКМИ ХУДРО ДОШТ. ВАЙ БА ХУД КОНУНХОИ МАХСУС ДОШТА КАСЕ ХАТТО АЗ КОРМАНДОНИ МАХБАС ЧУРЪАТ НАДОШТ, КИ БА ЧАНГУ ЧАНЧОЛИ ОНХО ДАХОЛАТ НАМОЯД. ВАЛЕ БАЪДТАР ГУЛНИСО ХАМ ЧАСОРАТИ ГАЙРИИХТИЕРИЕ ПАЙДО НАМУДУ ХАР ЛАХЗА БО ЗАНХОИ БА КАВЛЕ ЛИДЕР ДАСТ БА ГИРЕБОН МЕШУД. АЗ ЧИЗЕВУ КАСЕ НАМЕТАРСИД. ДИГАР У ЧИНСИ ЛАТИФ ЗАН НАБУД. МАХБАСИ БУДУ ДИДАНИ ЗИНДАГИИ ОЗОД БАРОЯШ ЧУЗ АФСОНАЕ БЕШ НАБУД. КУНУН ФАКАТ ДАР ХОБ МЕДИД СУБХИ САПЕДРО КИ У БЕГАМОНА АЗ БИСТАР МЕХЕЗАДУ РАВОНА МЕГАРДАД БА ЧОНИБИ ХАМОМ ТО ДАСТУ РУЯШРО ШУЯДУ СИПАС АЗ ПАЙИ КОРХОИ РУЗГОР БИГАРДАД.
ОХИР ДАР ИН ЧО, ДАР ЯК МОХ 2 МАРОТИБА ФАКАТ ИЧОЗАТИ ОББОЗИ ХАСТУ ХАЛОС. ОХ ЧИ ХЕЛ У ПАЗМОН ГАШТААСТ ХОНАВУ ФАРЗАНДОНАШРО. БА ЧЕХРАИ ДИГАР ЗАНХО МЕНИГАРАД. НОВОБАСТА АЗ МИЛЛАТУ ЧИНОЯТХОИ СОДИРНАМУДААШОН ХАМАИ ОНХО ЗАН МОДАР МЕБОШАНД. ЯКЕ БА СУРАТИ КУДАКОНАШ МЕНИГАРИСТУ ЗОР ЗОР МЕГИРИСТ. ДИГАРИ АЗ ДАРДИ ФИРОК БАЛАНД БАЛАНД СУРУД ХОНДА МЕГАШТ. ГУЛНИСО НИЗ ЗЕРИ ЛАБ ГАП ЗАДА БО АХЛИ ОИЛААШ РОЗУ НИЕЗ МЕКАРД ГОИБОНА. ДАР МАХБАСИ ЗАНОНА НИЗ НИСБАТИ ОН ЗАНОНЕ КИ БА ЧИНОЯТИ КУДАККУШИ ДАСТГИР ШУДААНД, КОНУНИ ДАРУНИ МАХБАСИЕН ХЕЛЕ САХТ БУД.
ХАМЕША ЗЕРИ ЛАГАДУ МУШТУ ТАЪКИР БУД ЧУНИН ЗАНИ ЧИНОЯТКОР. ГУЛНИСО РУЗ МЕШУМУРД, КИ КАЙ БАХОР МЕШАВАДУ КАЙ ТОБИСТОН.
9 СОЛ, БУ СУХАН ОСОН. ГУЛНИСО ГУМОН ДОШТ, КИ ТУЛИ ИН 9 СОЛ У АЗ ГАМУ ГУССА ДИЛКАФ ШУДА МЕМИРАД. РУЗИ ХУШУ ХОНАОБОДИИ ФАРЗАНДОНАШРО НАДИДА МЕМИРАД. ГУЛНИСО БА ХОТИРИ ФАРДОНИ НЕК МЕЗИСТ. АСПИ ДАВАНДИ ВАКТ БАРОИ ГУЛНИСО БО ГАМУ ИНТИЗОРИХО ГУЗАШТУ 9 СОЛ ХАМ СИПАРИ ГАРДИД. СОАТИ ОЗОДИ ФАРО МЕРАСИДУ КАЛБИ ГУЛНИСО МИСЛИ ОШИКИ БА ДИДОР МУШТОК САХТ САХТ МЕТАПИД.
АЗ ДАРИ МАХБАС БАРОМАДУ БО АЛАМ АЗ ТАХТИ ДИЛ БИГРИСТ. ОХИР 9 СОЛИ УМРАШ БЕХУДА ГУЗАШТ. ФАРЗАНДОНАШ ЧИ ХОЛУ АХВОЛЕ ДОШТА БОШАНД? ВАКТЕ КИ ЗАНГИ ДАРИ ХОНААШРО ПАХШ НАМУД, ПОЙХОВУ ДАСТОНАШ АЗ ХАЯЧОН МЕЛАРЗИДАНД. ДАРРО БА РУЯШ ЧАВОНЗАНИ ХУШЛИБОСИ ОЛУФТАЕ КУШОДА БООДОБОНА ПУРСИД, КИ ЧИ ЛОЗИМ АСТ. САРУ ЛИБОСИ САДДАРБЕХУ МУЙХОИ ЧУЛИДАИ ГУЛНИСО АЗ ОН ДАЛОЛАТ МЕДОДАНД, КИ У ОВОРАГАРДИ ТАЛБАНДАЕСТ.
-МАН СОХИБИ ХАМИН ХОНА, ЛЕКИН ТУ КИСТИ, ХАЙРОНАМ?
-МАН ХАМСАРИ САИД...
-ХА ....ФАХМИДАМ.
У БА ХОНА ДАРОМАДУ САИДРО ФАРЕД КАРД. САИДУ ФАРЗАНДОНАШ ДАВИДА БАРОМАДАНДУ МОДАРАШОНРО БА ОГУШ КАШИДАНД. ГУЛНИСО БЕМАДОРОНА БА ЗАМИН ФИТОД. ЯК ХАФТА БО ОНХО ЗИНДАГИ КАРДУ ЯКБОРА БЕМОР ШУД. ХИЕНАТИ ШАВХАР САХТТАРИН ЗАРБА БУД.
АКНУН БОВАРИ ХОСИЛ КАРД, КИ ОН ЧИ КИ АЗ ДИДА БИРАВАД, АЗ ДИЛ НИЗ БИРАВАД.
ЧУНКИ ДУХТАРОНУ ПИСАРОНАШ КАРИБ КИ БА У АХАМИЯТ НАМЕДОДАНД. ГУЁ ГУЛНИСО БАРОИ ОНХО ВУЧУДЕ НАДОШТ.
ГУЛНИСО ДАР ЯК ХАФТАИ ОЗОДИ ОН ЧУНОН ДАРУННОКИ ГАМУ ГУССА ХУРД, КИ РУХАН БЕМОР ШУДА БА ГАМБОДА ГИРИФТОР ГАРДИД.
ФАКАТ ГИРЯ МЕКАРДУ ХАЛОС. 9 СОЛИ ИНТИЗОРИРО БО УМЕДИ ДИДОРИ НАЗДИКОН ГУЗАРОНИД. АММО ХИЁНАТИ ЭШОН ДАР ЯК ХАФТА УРО АРМОНИВУ БА МАРГ БУРД...
АЗ МУАЛЛИФ:
БО ГУЛНИСО МАН ДАР РАДИО ЗАМОНЕ КОР МЕКАРДАМ. ИН ЗАНИ ШИРИНЗАБОНУ ХОКСОР БО МАН ДУСТ БУД. ПЕШ АЗ МАРГАШ СУХБАТЕ ДОШТЕМ. У ГУФТ:
-ДАР ДУНЕ МУШКИЛ АСТ ОДАМОНРО ШИНОХТАН. ОДАМИ ХАР НАМУД МЕШАВАД, СИЁХ, САПЕД.
(Ш.Н)

ПУЛБА МУРАМ

Пулба мурам....
Имруз дар Точикистон низ мисли дигар мамолики чахон ситорахо ба муд даромадаанд. Агар яке хатто як суруди пучу хавасаки хам суруда бошад, аллакай пас аз чанде ба хуруси даканг табдил меёбаду худро хамчун ситораи худруйи шеъри худам, оханги худам, фонограмма мехонад, муариффи менамояд.
Ин гуна ситорахои худру ба чанд гурух таксим мешаванд:
1. Ситорахои туй, ки факат дар туй сароида метавонанд. Мардум дар хакки чунин ситорахо мегуянд:"туйя девона мекунанд,"
2. Ситорахои ошно. Яъне он сарояндагоне, ки дар байни 50-60 сурудхои сароидаашон факат як суруди хуб доранду халос.
3.Ситорахои оши худои. Сарояндагоне, ки ба мисли донишчуёни дипломи оли, каллаи холи, амал карда, бо пули калон охангу суруд-и маргубро харидори менамоянд.
4. Ситорахои мачбури. Он сарояндахое, ки худ хатто намедонанд чаро махз онхо дар консертхои расми баромад мекунанду хар сол сохиби унвону чоизае мегарданд.
Дунёи санъат аввал дораду анчом не. Вале суруди хуб хамеша дар дили наслхо боки хохад монд. Масалан сурудахои Сурайё Косимова, Муродбек Насриддинов, Давлатманд Холов, Нукра Рахматова, Лола Азизова, Хосият Ортикова хеч гох кухна намешаванд. Хол он ки дар давоми 20-30 сол онхо зиеда аз 3-4 албом сабт кардаанду халос. Вале имруз сарояндахои чавони мо хар мох як албоми сурудхояшонро сабт карда, аз пайи дигараш мегарданд.
Андеша намекунанд, ки аз суруди хасаки 5 суруди бомаъни хубтар аст. Ба хар хол имруз фазои санъати чумхури хеле рангоранг гашта, сарояндахои умедбашх аз кабили Зикруллох, Манижа, Шабнам бо сабку услуби хоссаи хеш муштариени худро пайдо намудаанд.
Имруз байни сарояндахо шиори пулба мурам муд шудааст. Хуллас санъат доманадор асту ислохи зиеде мехохад.
Вой бар он рузе, ки ситорахои сари танур сухта хокистар гарданду олами санъат бебако монад...

МУХОЧИРИ СИЁХ

КУРБОНИИ ТАКДИР

У ХАМЕША МУХЛИСИ АШАДДИИ ШОИРИ ШИНОХТА БОЗОР СОБИР БУД. АГАР ДАР МАГОЗАЕ ЯГОН КИТОБИ АШЪОРИ УРО ДАРЁБАД, ПУЛИ ОХИРИНИ КИСААШРО МАСРАФИ КИТОБ МЕКАРД.
ХАР МИСРАЕ КИ ШОИР ЭЧОД КАРДААСТ, ГУЁ ДАРДИ ДИЛИ СУХТАИ ИН МАРДИ ГАРИБ АСТ.
САМЕЪ ИН БЕГОХИ ТУЪМАИ ДАСТИ ЯК ГУРУХ АВБОШОНИ МИЛЛАТГАРОИ РУС ГАРДИД. БЕХАБАР ХАНГОМИ БА МЕТРО ОМАДАН ОНХО ЯКБОРА ХАМЛА КАРДАНДУ БА САРАШ БО ОХАНИ САХТЕ ФАРОВАРДАНД. ДИГАР ЧИЗЕВУ КАСЕ БА ЁДАШ НЕСТ.
ВАКТЕ КИ БА ХУШ ОМАД, ХУДРО ДАР БИСТАРИ БЕМОРХОНА ДИД. ДУСТИ КАДРДОНАШ ЧОРИ ПЕШАШ БО ДИДАИ ГАМОЛУД МЕНИШАСТ.
-ХА, ЧУРАЧОН, БА ХУД ОМАДИ?
-ТУ ЧИ ХЕЛ МАРО АЗ ЧАНГОЛИ ИН ХАЙВОНСИРАТОН ХАЛОС КАРДИ?
-НАСИБИ ЗИНДА МОНДАНАТ БУДААСТ, ВАГАРНА МИСЛИ ДИГАР ХАМВАТАНОН ДАР ИН ГАРИБИ МУРДА МЕРАФТИ....
-АЗ ЗИНДА МОНДАНАМ ЧИ СУД, КИ ЯКУМРА МАСЛУКУ МАЪЮБ МЕГАРДАМ. -ГИРЯКУНОН ЧАВОБ ДОД САМЕЪ.
ЧОРИ БА ДАСТОНИ ЧАРОХАТБАРДОШТАИ У НИГАРИСТУ ОХИ БОДАРДЕ КАШИДА ГУФТ:
-САМЕЪ ХУДАТРО БА ДАСТ ГИР. ЗИСТАНИ ТУ БАРОИ ОЯНДАИ ФАРЗАНДОНАТ АСТ. ФАХМИДИ?
ЧОРИ БА БЕРУН БАРОМАДУ БА НАЗДИ САРДУХТУР РАФТ.
...ЭХ ЗИНДАГИ, ЧИ ИН КАДАР ВАЗНИНИ, ЧИ КАДАР ХАМВАТАНОНИ МО БЕ ХОНАВУ ДАР ДАР ИН ЧО ДАР ХОБГОХУ ХУЧРАХОИ ИФЛОС МАСКАН ГИРИФТААНД. ГАРИБИ КУЙИ САХТ БУДААСТ. ВАЛЕ БО ОН МАОШЕ КИ ДАР ТОЧИКИСТОН МЕГИРИФТАМ, МАГАР ЗАНУ КУДАКОНАМРО ХУРОНИДА МЕТАВОНИСТАМ? САМЕЪ ХАМ МИСЛИ МАН ЯК ОДАМИ КАМБИЗОАТУ БЕЧОРАЕСТ. ВАЛЕ НАСИБАША БИН, КИ ХАТТО ЯК СОЛ КОР НАКАРДА АЗ САЛОМАТИАШ МАХРУМ ШУД.
ДАР ВАТАН МЕГУФТАНД, КИ ДАР ТАМОМИ РУСИЯ ЧАМЪИЯТИ ТОЧИКОН АМАЛ МЕКУНАД, КИ ХАТМАН БА ХАМВАТАНОНИ МУХОЧИРФИТОДА КУМАКУ ДАСТГИРИИ ХУДРО МЕРАСОНАНД. ВАЛЕ ХАЙХОТ, ИН ХАМА ДУРУГ БУДААСТ. ДАР ИН ЧО ХАТТО САЛОМАТРО АЛЕК НАМЕГИРАНД. ХАР КИВУ ДАВИ АСПАШ.
ЧОРИ ХАЗОР РУБЛИ ЗАХИРАНАМУДААШРО БА САРДУХТУРИ БЕМОРХОНА ДОДУ ЗОРИКУНОН ГУФТ:
-ДУХТУРЧОН, ИЛТИМОС, ДУСТУ ХАМВАТАНИ МАРО АЗ МАРГ НАЧОТ ДИХЕД.
-ЧИЗЕ КИ АЗ ДАСТАМОН ХАМЧУН ТАБИБ МЕОЯД, МЕКУНЕМ.
ЧОРИ КАМЕ ХОТИРЧАМЪ ШУДУ БА КУЛБАИ ФАКИРОНАВУ СЕРОДАМАШОН БАРГАШТ. ОНХО ДАР ИН КУЛБА 10 НАФАР ЗИНДАГИ МЕКАРДАНД. АНИКТАРАШ ФАКАТ ХОБ МЕРАФТАНД. ЧУНКИ АЗ СОАТИ 4И СУБХ БА КОР МЕРАФТАНДУ СОАТИ 10И ШАБ БАРМЕГАШТАНД. ЧОРИВУ САМЕЪ БАРОИ МАЙИТХОИ МИЛЛАТИ БЕГОНА КАБР МЕКАНДАНД.
АВВАЛХО САМЕЪ ХУДРО НОХИНЧОР ХИС МЕКАРДУ АЗ САРУ РУЯШ АРАКИ САРД МЕРЕХТ. ВАЛЕ БАЪДТАР КАМ КАМ БА ИН КОР ОДАТ КАРДУ БА ТАКДИР ТАН ДОД.
ЧОРИ ХАСТАВУ ПУРАНДУХ ХУДРО БА БИСТАР ПАРТОФТУ ДИДАГОНАШРО ПУШИД. ВАЛЕ БА ИН ГАМУ ДАРД САРГАРМ ХОБ БА ЧАШМОНАШ НАМЕОМАД. СУБХ ХЕЛЕ БАРВАКТ АЗ ХОБ ХЕСТУ БА ХАБАРГИРИИ САМЕЪ РАФТ.
ХАМШИРАИ ШАФКАТ ПЕШИ РОХАШРО ГИРИФТА ГУФТ, КИ ХОЛО ДАРОМАДАН БА НАЗДИ БЕМОР МУМКИН НЕСТ. ЧУНКИ САЛОМАТИАШ ШАБ БАД ШУДААСТ. ЧОРИ ХОТИРПАРЕШОН БОЗ НОЧОР БА ГУРКОБИ РАФТ.
БЕГОХИ БА БЕМОРХОНА ОМАД. ВАЛЕ САРДУХТУР УРО БА НАЗДИ ХУД ЧЕГ ЗАДА ГУФТ:
-АХВОЛИ РАФИКАТОН ТАМОМАН БАД АСТ. БА ФИКРАМ СОАТИ УМРАШ КАМ МОНДААСТ. ЗУДТАР ХАМВАТАНХОЯМОНРО ЧАМЪ КУНЕДУ УРО ХАНГОМИ ЗИНДА БУДАНАШ БА ВАТАН БАРЕД.
ЧОРИ ХУДРО МАРДОНАВОР ДОШТУ БА ЧУСТУЧУЙИ ХАМВАТАНХОИ БОИНСОФТАР БАРОМАД.
СУБХ АХВОЛИ САМЕЪ БАД ШУДУ У ДАР ДАМИ САКАРОТИ МАРГ АШКРЕЗОН ЗОРИ КАРД:
-ЧОРИХОН, ИЛТИМОС МУРДАИ МАРО ДАР ХОКИ БЕГОНА ГУР НАКУНЕД
ВАЛЕ МАГАР МАРГ МЕПУРСАД, КИ КАЙ ХАВОПАЙМО ДАР ПАРВОЗ АСТ.
САМЕЪ ДАР ОГУШАШ КИТОБИ БОЗОР СОБИР БО САД АЛАМУ ХАСРАТ ИН ДУНЕРО ТАРК НАМУД...