ШУМО ДАР САХИФАИ КОШОНАИ ШАХЛО БЕШТАР ЧИ ГУНА МАВОДХОРО ДИДАН МЕХОХЕД?

ШАХРИ МАРДУМ-ШАХРИ ЗАРД

ШАХРИ МАРДУМ ШАХРИ ДАРД,

ШАХРИ МАРДУМ ШАХРИ ЗАРД,

ШАХРИ МАРДУМ ШАХРИ ГАРД, 

ШАХРИ МАРДУМ ШАХРИ САРД

Мой список блогов

Популярные сообщения

четверг, 5 мая 2011 г.

МУХОЧИРИ ГУМРОХ

Рубаруям шахрванди Точикистон, шахраки Вахдат Давлатов содикчон Усмончонович, соли таввалудаш 24.11.1987 нишаста бо пушаймони сарашро медораду кариб ки мегиряд. Муффатиши шуъбаи тафтишотии нохияи Приморскийи шахри Санкт-Петербург Никитин А. С. делои чиноятии №119746 ро кушода ба пурсиш огоз кард. Ман ба хайси тарчумон даъвати будам. Давлатов Содикчон тули ду сол буд, ки дар шахри Питер ба корхои сохтмони ва дигар майда чуйдахо машгул буда аз хисоб модару додаронашро таъмин мехост. Хатто ба наздики бародарашро аз хисоби худ туйи домоди ороста буд. У мухассили омузишгохи тиббии шахраки Вахдат аст.
Давлатов Содикчон таърихи 01.09.2010 соати 05.15 дакикаи субх хангоми дар бинои истикоматии Торжовский хонаи 13, утоки 1 буданаш бо шахрванди Узбекистон Орипов У. Б. чангу мунокиша карда дар рафти гапхои пасту баланд зиеда аз 4 зарбаи корд ба органхои хайётан мухими у мезанад.
Дар рафти саволу чавоб аник гардид, ки сабаби ин ходисаи нанговар духтараке бо номи Саламова Махина сокини чумхурии Узбекистон, соли тавлидаш 1991 мебошад. Махина дар ин хобгох мезисту дар дукончае ба хайси фурушанда кор мекард. Байни Содикчону Махина муносибати ошикона пайдо мешавад. Аммо Содикчон то хануз намедонист ки Махина пеш аз шиносои бо у бо хамашхрашон Орипов муносибати махрамона дошту ваъдаву паймони хонадоршави дар оянда доштанд. Махина аз ишку дустдории ин точикбачаи сода истифода бурда аз у хамеша пул талаб мекард. Содикчон барои у чизеро дарег намедошт. Хатто ба дустонаш гуфта будааст, ки Махинаро ба зани гирифта ба Точикитон бурданист. Хамон субхи фочеа вакти рамазони шариф у баъди ният карда руза гирифтан ба назди Махина меояду дар бораи муносибатхояшон мепурсад. Махинаи маккор мегуяд, ки гуё Орипов бо тарики зуровари ба номуси у дар вакташ расида хамеша таъкид мекардааст, ки агар бо Содикчон гапзаниашро бубинад, мекушадаш. Содикчон ба ин суханони у бовар карда сари рашку газаб ба назди Орипов омада тахдид мекунад ки дигар уро бо Махина набинад. Аммо Орипов дод зада мегуяд ки Махина кайхо боз бо у мегардаду онхо ахду паймон доранд. Байнашон чанчол мехезад. Хамин вакт Содикчон аз кисааш корд бароварда аввал ба кафаси сина, сипас ба гардани у пайи хам зарбаи марговар задани мешавад. Вале Орипов аз хунравии зиед пару мефитаду Содикчон ин холати уро дида якбора ба худ меояду кордро партофта мегурезад. Аз карда пушаймон зуд ба назди чурааш меояд. Хамин вакт ронандае Орипови ба хун огуштаро мебинаду давида меояду уро бардошта набзашро месанчад.
Баъди санчидани набзи Орипов у мошини ёрии таъчилиро фарёд мекунад. Ориповро ба беморхонаи Елизаветаи фаришта мебаранд. Дар беморхонаи номбурда ба чабрдида ерии аввалини тибби расонида мешавад. Имрузхо Орипов дар беморхона табобат мегирад. Давлатов дар рафти пурсиш дам ба дам мегуфт, ки сахт пушаймон аст ва сари хар намозаш аз даргохи Худо талаб мекунад, ки ин чавон зинда монаду ба у осебе нарасад. Махина ба Узбекистон гурехта меравад. Содикчон аз ошикихои бемаъниаш пушаймону музтар мушт бар сар мезаду намедонист, ки чи чорае андешад. Аммо конун конун аст. Дар хама давру замон ва дар хама давлатхои дунё. Айни замон нисбати Давлатов Содикчон парвандаи чинои аз руйи моддаи 105, кисми 1 кушода гардида тафтишоти суди идома дорад. Ман дар дохили тизолятор хангоми пурсиши кутох чунон хунук хурдам, ки бо сухан тасвир карда намешавад. Ин лахза Содикчон гуфт:
-Апачон, ин сарди хануз заррае аст. Он чо дар махбаси Кристи чунон сарди хукмрон аст, ки ман хангоми тахорат барои наомзхоям кариб ки ях мекунам.
-Магар ин духтараки миллаташ бегона лоики ин кадар хаётсузии ту буд?
-На, албатта. Аммо кори шудаги шуд. Пушаймони дигар суд надорад. Аз Худо илтичо дорам, ки Орипов зинда бимонад. Вагарна маро якумра махбаси мекунанд. Ман бошам дар ватан модари ба чашм роху касали дорам. Падарам кайхо хок шудаги. Агар модар аз ин гумрохии ман огахи ёбад, онгах бе корд мемирад.Апачон, мехохам ки ба хама мухочирони хамсолам мурочиат карда гуям, ки хеч гох мисли ман ба чунин гумрохиву беакли рох надиханд. Вагарна як умр номи худро догдор карда ба дили наздиконашон ранчури меандозанд. Аз руйи ин доги судии ман мегирифтаги якумр додарону хохари ман хама чо боиси таъкиб мегарданд. Пушаймонам, пушаймонам...
Соатхои тахминан 8 и бегох пурсиш ба итмом расиду ман ба хонаи ичораам баргаштам. Бояд хамаи пурсишу посухро тарчима мекардам. Калам ба даст андеша мекардам, ки чаро махз имруз чавонписарони солимакли мо ру ба чунин чиноятхои номакбул даст меандозанд. Магар хамаи мухочирони ба шахри рус омадаро як мафхум мепайвандад:" кор ба хотири пул". Хамин тавр не?
ШАХЛОИ НАЧМИДДИН,ШАХРИ САНКТ-ПЕТЕРБУРГ.



Комментариев нет:

Отправить комментарий