ШУМО ДАР САХИФАИ КОШОНАИ ШАХЛО БЕШТАР ЧИ ГУНА МАВОДХОРО ДИДАН МЕХОХЕД?

ШАХРИ МАРДУМ-ШАХРИ ЗАРД

ШАХРИ МАРДУМ ШАХРИ ДАРД,

ШАХРИ МАРДУМ ШАХРИ ЗАРД,

ШАХРИ МАРДУМ ШАХРИ ГАРД, 

ШАХРИ МАРДУМ ШАХРИ САРД

Мой список блогов

Популярные сообщения

четверг, 5 мая 2011 г.

ВОАСИН СМС МАРГ

Вопасин смсхои Исрамшои дарвози....

Шахрванди Точикистон, водии Дарвоз Ёфтаков Исрамшо Зиёратшоевич, соли таввалудаш 1 январи соли 1988 таърихи 1 уми декабри соли 2010 дар шахри Санкт-Петербург , дар кучаи Богатирская, мавзеъи Старая Деревнья хангоми кори сохтмони аз 15 ум ошена ба 10ум ошёна мефитад баногох. Ин вокеъаи мудхиш тахминан байни соатхои 12-13-и нисфирузи рух медихад. Хангоми Исрамшо фитодан дар гирду атрофаш касе набудааст. Исрамшо бо сар мефитаду хамон чо ба халокат мерасад. Баъди ягон ним соат дустонаш Рустаму Давлат расида меоянд. Онхо сари пошхурдаи дусташонро дида аз тарс дод мезананд. Сохиби бинои сохтмони бо кахр омада мегуяд, ки "уберите труп от сюда по быстрее"
Дустони Исрамшо магзи сари уро чамъ мекунанду ба таги дарахте бурда гур мекунанд. Сипас ба морг телефон карда уро ба он чо мебаранд.
Исрамшо кариб як сол буд, ки дар шахри Питер ба корхои сохтмони банд буд. Он шаби вопасини хаёташ Исрамшо дафтари ёдоштхояшро бароварда аз китоби Лоик мисрахои дилхохашро рубардор карду сипас ба арусшавандааш ки дар Дарвоз интизори у буд, телефон карда кариб ним соат розу ниёз кард. Охирин смс ишкномахояшро навишт:
"Салом азизи дури дури ман! Интизорам шав, рузхои башумор мондааст. Ман меоям дар фасли бахор ва харду як туйи домодиву аруси мекунем. Факат ту зик нашав. Ман ин чо мисли дигар чурахоям харгиз зани рус намегирам.Хайр дар панохи Худочон боши!"
Баъд ба телефонаш пул гузарониду бо падар, сипас бо модарочонаш сухбат кард.Бо модари чашминтизор зиёда аз 1 соат сухбат кард. Модар дам ба дам дуои некаш дода таъкид месохт, ки худро эхтиёт кунад, ки дар ин сарди шамол нахурад. Аз кучо модару писар медонистанд, ки ин лахза сояи марг ба онхо наздик мешавад. Исрамшо бо модар дар тули ин як соати вопасин хеле суханхои дилашро гуфт. Суханхояш сар то по орзу, бобати чи тавр гузаронидани туйи домодиаш буд. Модар дар охири сухбат дуояш доду бори дигар хавотиромез гуфт:
-Бачачон, дилам ким чи хел хавотир. Худакта эхтиёт кун, Худо нигахбонат!
-Майлаш, очачон, ман шуморо дуст медорам....
Исрамшо он шаб то субх бо дустонаш сухбат карда нишаст. Субхи солехон ба кор шитофт бо дустонаш. Агар медонист, ки охирин дидору сухбат бо дустон аст, шояд хеч гох ба кор намерафт, дар хона хоб мерафт. Ачалро фиреб мекард. Аммо..
Магар ачал ба пириву чавони коре дорад? Магар Азроил орзухои касеро мепурсад? Дар морг хангоми акс гирифтанам ба чехраи зебои Исрамшо нигариста аз дил гузаронидам:
-Ачабо, одами зебо хам дар вакти марг зебо мемондааст. Ин кадар абрувони пайвасту нигоххои ормони. Чашмони Исрамшо нимкушода буданд. Рухи ноумедро зиед дидам дар ин шахри гариб. Вале чашмони никушодаи Исрамшо хеч пушида намегардид. Неъмат Бобочонов чашмони уро бо кафи дастонаш пушониду дуои хайр хонда уро кафан намуд. Руйи тобут ду чумла навиштанд:
"Ёфтаков Исрамшо, чумхурии Точикистон"
Дусти чонии Исрамшо ашки чашмонашро пок карда ба ман дафтари ёдоштхои уро доду гуфт:
-Апачон, ин дафтаре буд ки Исрамшо хамеша дар он мисрахои маъкулашро навишта мегирифту ба падару модару арусшавандааш ба воситаи телефон смс менавишт.
Аз Исрамшои гурамарг дар ин шахри гурбат хамаги хамин навиштахои зардгашта боки монду халос.
Шахри мардум шахри лола
Шахри мардум шахри нола

 

Комментариев нет:

Отправить комментарий