ШУМО ДАР САХИФАИ КОШОНАИ ШАХЛО БЕШТАР ЧИ ГУНА МАВОДХОРО ДИДАН МЕХОХЕД?

ШАХРИ МАРДУМ-ШАХРИ ЗАРД

ШАХРИ МАРДУМ ШАХРИ ДАРД,

ШАХРИ МАРДУМ ШАХРИ ЗАРД,

ШАХРИ МАРДУМ ШАХРИ ГАРД, 

ШАХРИ МАРДУМ ШАХРИ САРД

Мой список блогов

Популярные сообщения

четверг, 5 мая 2011 г.

РОЗИ ДУХТАРАКИ НАШЪАМАНД

Рози духтараки нашъаманд...
Симои ин духтараки зебову нозанин пеши чашмам падид меомаданду сатрхо беихтиер руйи когаз пайдо мешуданд. Гуё у чун хамонруза ашки чашмонашро дам ба дам тоза карда охиста охиста роз мегуфт:
-Духтаре будам чун дигарон солиму хушахлок. Падару модарам аз ман шикояте надоштанд. Аз хусну чамоли худодод меболидаму аз давлати падари сарватмандам савлат карда мегаштам, парвои оламу одам надоштам. Хамсабаки худро дуст медоштам. У хам нисбатам самими буду намемонд, ки ба поям хоре халад. Хуллас, зиндагии шохонае доштам, ки он на ба хар кас муяссар мегардад. Вале мани ношукр компания шиниву базму тамошоро ки хеле дуст медоштам, ин неъматхои худовандиро зери по карда аз пайи хавову хаваси дуне рафтам. Хаёл мекардам, ки ин хама шодкомихо човидонист. Фикри фардову номусу иффати духтарии хешро намекардам. Хис хам намекардам, ки пеши дилдодаам обруву эътибори хешро гум карда истодаам. Модарам доимо сарназишам карда мегуфтанд, ки чи кори баде мекуни, дугонаат гунахкор аст. Ба сараш дод мезадаму мегуфтам ки кори шумо ба дугонахои ман набошад. Як шаби чунин компанияхои дугонаам хамсоядухтарашон Собираро ба наздамон барои шиштан чег зад. У хамаро бо сурудхониву раксхои чолибаш хайрон сохт. Баъд фахмидем ки у ракоссаи туйгард будааст. Пас аз истеъмоли шампону коняки армани худро гум кардан гирифтем. Собира хамин замон аз пешбагалаш халтачаеро бароварду ба мо ишора кард:
-Духтархо, як чизи бисер кайфоваре дорам. Агар хохед, шумо хам аз он кадре чашед. Сармасту махмур мо чор нафар хамсабаку дугонахо аз хокаи тираранги хушбу ба бини бурдему чун Собира буй кашидемаш. Ана баъд базми мо дакаданг гашта ба авчаш хесту мо хуштак кашидаю киггос зада ба ракс даромадем. Худро дар кухи баланде тасаввур мекардаму чашмонам бози мекарданд. Гумонам ки факат ин тараф он тараф даваму халос. Аз Собира пурсон шудам, ки гераи вохимааш хамин аст.
У бо ифтихор гуфт:
-Ха , герааш ана хамин аст. Вале дуруг аст ки ба одам зарар дорад. Ягон зараре надорад. Ана ман ду сол боз бо гера сару кор дорам. Баръакс худамро хеле хуб эхсос мекунам. Кайфи аз хама зураш бо бини фух кашидан аст. Хохи, ман ба ту хар даъфаина кашидани онро бо нархи арзон ёфта медихам.
Карибихои субхидам моро хоби ширин бурдааст. Соатхои тахминан 11-и руз бо сари вазнину бо чашмони суп сурху варамида аз хоб бедор шудем. Дилам чизеро сахт мехост. Дигар дугонахоям низ хамин эхсосотро ба сар доштанд. Собира сари чойхури ишора карда гуфт, ки агар ба маблаги 20 сомони чамъ карда дихемаш, ёфта меорад. Бегуфтугу маблаги гуфтаашро чамъ карда додем. Хар бегохи хонаи хобамро аз дарун кулф карда рохати чонамро ба биниам мебурдам. Баъд рохаткунон руйи бистар мехобидам. Акнун мо чор нафар ягон чо чамъ мешудему геракаши мекардем. На дарс ба мо мефориду на хона. Иштихоям худ аз худ гум шуда инчику чанчоли шуда будам. Шабхо зуд зуд сиёхи пахшам мекарду тарсида аз хоб бедор мешудам. Рузе бо сабаби дастрас накардани микдори зарурии дору худ аз худ ангуштони дасту пойхоямро ларза гирифту худро болои фарши хунук партофтам. Бехудона дод мегуфтам аз зурии дарди миёну камар. Гумонам ки устухонхоям шараккос мезананд.
Вакте ба худ омадам. Худро дар беморхона дидам. Болои сарам падару модари нолонаму духтур рост меистанд. Харосону шармзада нигохамро аз эшон гурезонидам. Дигар чойи пинхон кардану дуруг гуфтан набуд. Маро волидайни чигарсухтаам ба беморхонаи наркологи барои табобат овардаанд. Худам хам хурсанд шудам, ки аз ин хама азобу хуморхо халос мешавам, вале хумори героин барои ман аз хисси одамгариву мухаббат, мехри падару модар ва ишку хушии зиндаги болотар буд. Чун оханрабо ба суяш мекашид маро. Хушу хаёлам барои як бор кашидан банд буд. Хаёлам ки бе он мемирам. Агар ягон вакт акли солим маро нидо кунад, ба андеша меомадаму аз тахти дил ба холи худам талх талх мегиристам. Мехостам пеши Худову наздикон тавба кунаму аз ин рохи бенишони баргардам. Вале лахзае боз хамон дардам мегирифту хама хушихои олам фаромушам мегашт. Як бор Асрор хабаргириам омада гуфт, ки Гулнора барои падару модарат хамин лаънатиро накаш. Ва боз хабари шуме расонид. У зан мегирифтааст. Аввал парвое накардам. Вале баъд дарун дарун сухта бо овози баланд гиря кардам. Эхсос намудам, ки дусташ медоштаам. Чи кадар дер дарк кардам, ки у барои ман нихоят азиз будааст. Ба худ мепечидаму аз рашк дод мезадам. Вале чи чораву чи тадбир, ки аз дасти ман дигар чизе намеояд. бахти хешро аз даст додам. Боз барои гаму андухи хешро фаромуш сохтан гера кашидан мехостам. Падару модари бечораам барои ман шуда хонасалот шудаанд. Буду шудашонро барои табобати мани сарсахт сарф карданд. Чанде ба худ омадаму аз пайи хондан шудам. Хар кадамам тахти назорати волидайн буд. Хатогии хешро хеле дер фахмидам, ки аз дустони забониву нони фоидае нест. Вакте ки часади Собираро аз дохили таххонаи бинои истикоматиашон дарёфтанд, маро ду руз таъб гирифт. У аз ломка капидан чон дода буд. Шабхо уро хоб медидам , ки бо дастони хунолуд суям меояд. Рангам кохида аз хусну чамоли пешинаам осоре намондааст. Агар аз пеши хона гузарам, хамсояхо бо ангушт ишора карда мегуяндам:"Ана Гулнораи герчик омада истодааст"
Замин намекафад, ки он замон дароям. Мехохам рафта аз гиребони гайбатчихо гираму адабашонро дихам. Вале гунахкор будани хешро ба хотир оварда хомуш хонаи хобам даромада хуб мегирям. Шабе аз видеомагнитафон филмхои хуччатиро оиди хаёти дузахии нашъамандхо тамошо карда ба хаёл фуру рафтам. Хаёти бегамонаю пурорзуям пеши назарам хувайдо мегаштанду дилсухта вой очачон, чаро маро зоди, мегуфтам, ман аз дарун-дарун сухтани падару модар ва онхо аз азоби духтари чавонашон об шуда рафтем. Онхо ва ман хам ба умеди рузи нек зистан зиндагони мекардем. Аммо ишку фарзанду хонаи обод руз аз руз барои ман бегона мегардад. Танхо ва танхо мурдан мехохам. Оре аз сагвор зистан мурдан авлотар аст. Зиндаги як бор аст, аммо ман баринхо бо дастони худамон аллакай гури хешро кофтаем. Рохи бозгаштро бояд ба зиндаги чуст. Имдодам дихед, эй ХАМВАТАНОН!
ОРЗУХОЯМРО ПЕШ АЗ МАРГАМ БУГИ КАРДА КУШТАМ.


Комментариев нет:

Отправить комментарий