ШУМО ДАР САХИФАИ КОШОНАИ ШАХЛО БЕШТАР ЧИ ГУНА МАВОДХОРО ДИДАН МЕХОХЕД?

ШАХРИ МАРДУМ-ШАХРИ ЗАРД

ШАХРИ МАРДУМ ШАХРИ ДАРД,

ШАХРИ МАРДУМ ШАХРИ ЗАРД,

ШАХРИ МАРДУМ ШАХРИ ГАРД, 

ШАХРИ МАРДУМ ШАХРИ САРД

Мой список блогов

Популярные сообщения

четверг, 5 мая 2011 г.

САДОИ ДИЛ

Садои фариштахо
Эй дили саргаштаву хайрони ман.Чаро ту шайдои оне намешави, ки дустдори хакикии туст. Боз медави аз паси оне, ки будани туро эхсос намекунаду аз мухаббат фарсаххо дур аст. Шояд аз азал чашми ошик кур будааст.

Ба чашмони пурмехри тифли азизам дунёро дидан мехохам.дунё ба назарам саршори мехру садокат ва самимияту вафодори менамояд. Аммо хамин ки аз равзанаи чашми хеш ба дунё менигарам, диламро гургон тала мекунанд, чунки вучуди одамонро лабрези кинаву бадхохи ва тухмату игво мебинам. Ман аз ин гургони дуне бештар метарсам. Зеро даррандахо аз одамони дуруя боинсофтаранд.

Аз ту азизам гурехтан мехохам. Ба дурихои дур, зеро медонам ки гили мардонро аз хиёнат сириштаанд. Намехохам хиёнати ту далели марги ишки мо гардад. Умре бо ёди ширини ту зистан мехохам, эй азизи дил.

Бароят хастиамро фидо кардам. Арзонаш донистиву хоки заминаш карди. имруз аз ишки худ пушаймоанм, вале аз ту фирор карда наметавонам. Охир меваи ишкамон ду дилро якумра пайвастааст.

Агар кисмат маро бо ту намепайваст, шояд имруз дар хаёлоти ман хамчун шахсавори орзухои ман боки мемонди хамсафари бо ту орзухои дили маро новакт ба нести бурд.

Фигон дорад мох аз дурии офтоб. Бехабар аз он ки агар сузиши нурхо уро дар худ дарк намояд, пас умраш фано хохад гашт.Барои хамин он чи ки дастрас аст, доимо азиз хохад монд.

Фарзандро меваи умр гуфтанд. Аммо нагуфтанд, ки мевахо хам мешаванд кирмзадаву пусида.

Вакте ки бахт хукмрон аст дар хонадони мо, тахтро чуё мешавем. Вале вакте ки тахт насиб гашт, аз пайи бахт мегардем. Чаро, чунки зиндаги худ талош аст миёни хобу бедори.

Эй марди орзухои ман, чаро танхо ба хотири рашкат маро аз навиштан махрум месози. Мегуи, ки дигар магу аз ишк. Охир ишкро худованд офарида аст. Пас калами бандаро чи гунах ки он саршор аст аз ишк, мухаббат.

Аз ишки ту хама рузам чун бахор аст, аз рашкат бахорам хазон мегардад. Аз хиёнатат калбам хунчакон мешавад. Пас ту хам шоди ва хам гами мани.

Агар замоне Лайливу Мачнун хушбахт мешуданд, пас дигар хочат набуд ба зистани инсон. Чунки аз шикастхо падид меояд хушиву зистанхо.

Аз рашки ту ба дод омадам ба дод. Магар ту эхсос намекуни ки рашк котили орзухову хавасхост. Аллакай ту худ асри ин деви сиях гаштаи, пас он руз дур нест, ки ту бинои мухаббатамонро аз оташи сузони он сухта валангор намои.

Эй кисмат, дар шигифтам ки ту боз чи туша ва тухфаеро барои ман омода сохта боши?

Аз чашмони бозингари ту гурехтан мехохам. Чунки мехаросам аз он чашме ки бо дил хамкадам нест.

Фарёд аз дасти дил, ки бо акл кахри карду бегона сохт маро ба наздикон. Акси онеро дар худ чой дод, ки ботинаш дарёст.

Миёни варакхои китоби зиндагиам дарёфтам танхо як неъмат, падару модар, дигар хама хеч аст.

Рузи зодрузам ба худ гуфтам: эй инсони гофилмонда, чаро боз ба як соли барбод додаи умрат хурсанди мекуни.

Худованд вакте Занро офарид, дар огуши у Шайтонро панах дод. Барои хамин вакте зан танхо монад, васвасааш бештар мешаваду накшахое мекашад ахриманиву дилшикан.

Дар зиндаги аз ду нафар бархазар бошеду худро канора гиред.Яке аз марди беномус ва дигаре аз зани шаттох. Агар ин ду тоифа ба хонадоне фитад, пас вой бар холи он хонавода.


Ташнаи ишки пок будам. Худованд онро бароям ато кард. Чуёи бахт шудам. Бахтро хам бароям арзони бахшид. Вале боз калбам ноором асту давлату сарват мечуяд. Одами то дами марг ташна будаасту чашмони уро факат хоки сарди кабр сер мекардааст.

худоё, дар вафо касе ба ту баробар нест. Пас, чаро вакте ки бандаеро дар калбе чой медихи, мехру вафоро аз у мегири?

Марг хам дуст дорад некдилонро.Барои хамин аз гулистони зиндаги чида-чида одамони некро мебарад.Афроди касифро хатто марг хам дуст намедорад.



1 комментарий:

  1. casino online【VIP】bet365 casino online
    【6718239.com】bet365 casino online 【6718239.com】bet365 casino online casino 【VIP】bookmaker sign up online 퍼스트 카지노 casino games to 우리카지노 쿠폰 win real money at 퍼스트카지노

    ОтветитьУдалить