ШУМО ДАР САХИФАИ КОШОНАИ ШАХЛО БЕШТАР ЧИ ГУНА МАВОДХОРО ДИДАН МЕХОХЕД?

ШАХРИ МАРДУМ-ШАХРИ ЗАРД

ШАХРИ МАРДУМ ШАХРИ ДАРД,

ШАХРИ МАРДУМ ШАХРИ ЗАРД,

ШАХРИ МАРДУМ ШАХРИ ГАРД, 

ШАХРИ МАРДУМ ШАХРИ САРД

Мой список блогов

Популярные сообщения

четверг, 5 мая 2011 г.

НИКОХ ДАР РУСИЯ БАЙНИ МУХОЧИРОН "МУД" ШУДААСТ,,,,

Мухочират худ як падидаи номатлуб аст. Чунки кисми зиёди мухочирони имруз чавонмардони аз синни 17 то 28 сола мебошанд, ки аз мактабу тарбияи хонавода дур монда куллан метавон гуфт ки "бесавод" мондаанд. Бесаводи бошад бехукукиву бефархангиро тавлид месозад. Тули 7 мохи дар шахри Санкт-Петербург буданам ходисаву вокеахои зиёдеро мушохида намудам. Масалан чавони 18 солаи аз мактабу фарханг дур монда имруз дар Русия ба хотири (бештар вакт) шахрванди, хона, чойи кор, пул бо занхои калонсоли миллаташ рус хонадор шуда дигар фикри ба зодгох баргаштанро намекунанд. Ё чавонони солими точик имруз дар Русия бо духатрони мухочири миллаташон молдавану киргизу узбек зиёд никохи мусулмони баста зиндагии зану шавхариро огоз менамоянд. Хол он ки дар ватан ё зану фарзандони чашмбарох доранд ваё волидайни дилбаумед ки доимо шахписар шудани фарзандро орзу мекунанд. Мисоли реали:
Зулхумор Хасанова , сокини шахри Вахдат бо се писараш ба Русия назди шавхараш омадааст. Шавхари ин зан Амонулло Кодиров зиёда аз 6 сол мешавад ки дар Русия ба мардикори машгул аст. Дар ин муддат ахён ахён ба хона пул фиристодаасту халос. Бо зани миллаташ узбек хонадор шуда сохиби духтарча мебошад. Зулхуморро бо писаронаш омада дугу пуписа мекунад ки зудтар аз пеши чашмонаш гум шаванд. Зулхумор айни замон нангу номус карда дар бозори Сеннойи шахри Питер бо писаронаш ба корхои мувафаккати мевачудокуни машгул аст.
Боз як ходисаи дигар. Анвар аз синни 17 солаги ба Русия меояду хамин тавр тули 4 сол дар инчо мемонад. Бо зани молдаване шинос шуда ба хичобаш медарорад. Охиста охиста ба зан сахт мехр мебандад. Вакте ки бо исрори модару падар ба ватан рафта бо тую тамошо зан медихандаш. Баъди се рузи домоди ба Русия фирор карда меояд. Аз хамин чо ба хона занг зада зани чавону бегунохашро "се талок" мекунад. Дар натича аз хисоби туйи бодабдаба хам карздор мешаваду хам хаёти духтари 18 соларо якумра месузонад.
Мисоли саввум. Дар истгох менишастам. Зани точике бо тифли ширмак ва се навраси дигар омада дар харак нишаст. Ба ман гарм гарм нигох карда гуфт ки точки?
-Оре
-Ман хам аз Точикистонам, аз нохияи Ленин.
-Дар Русия бо ин кудакон чи кор мекуни?
-Шавахрамро кофтани омадам.
-Баъд....кунчкобона суолаш додам.
-Ман худ духтари эшонзодаам.Дар вакташ хануз 16ро пур накарда падару модарам маро ба шавхар доданд. Ман духтари намозхону куръонхон аз хона ба чое набаромада будам. Сохиби се фарзанд шудем. Шавхарам рохи Русияиро пеш гирифт. Соли охирин омаду баъди 9 моху 9 рузаш ман сохиби ин духтарча гаштам. Хабар ёфтам ки инчо бо русе акди никох карда зиндаги дорад. Рашк гулугирам карду рохи Русияро бо фарзандони кучак гирифтам. Хатто барои аз ватан кудаконро гузаронидан дар ончо худро "мать одиночка" гузаронидам. Ба аэрапорт расидаму ба раками телефони мобилии шавхарам занг зада гуфтам ки "ман омадам". У тамоман бовар накард ки ман барин зани фармонфармои сархам ба Русия омада бошам. То ба хонаи ичора расидан у сардона маро дашном медоду мегуфт ки танхо ба хотири хамин кудакон бо ман зиндаги мекунад. Хонаи ичораеро ба ман гирифта доду худ хамон шабаш хатто бо ман наистода ба назди зани русаш рафт. Шаби дароз кудаконамро ба огуш гирифта гиря карда нишастам. Шавхарам дар як хафта як бор хабар мегираду махсулоти хурокаамро меорад. Аз чизе камие надорам. Аммо мехру мухаббати шавхарро гум кардаам.
Зан бо алам аз бахти дуздидааш гиря мекард.
Дар бозори Сеннойи шахри Питер масчиди калоне вокеъ аст. Бахусус рузхои панчшанбеву чумъа чавонписарони точикро бо духтарони гайриточики нимбарахна дидан мумкин аст ки барои никохи мусулмониро ба сомон расонидан ба масчид меоянд. Хатто даруни мошину микроафтобусхо як коса об гирифта чавонписарону чавондухтаронро никох мекунанд. Никох бехтарин аст, чунки аз зино панах медихад. Вале боз омилхое хастанд ки чунин зиедшавиии никохро раъд мекунад.
1.Насли точик омехта гашта анъанаву таомули точики гум мешавад.
2.Дар ватан сафи духтарони бешавхар меафзояд.
3. Мард ки занро ба никохи худ даровард, онгах бояд хамачихата аз чихати моддиву чинси нигохаш бикунад. Аммо имруз мардхо таъмини оиларо тамоман фаромуш карда танхо барои паст кардани нафси шахвонии худ зан мегиранд. Аммо фарзанди тавлидёфта дар ин байн чи гунохе дорад?
Дар ватан дар хар як дехаву нохия аз хар як оила кувваи марди дар Русия хаст. Дигар калимахои "домодам русиян, оянда ба Русия меравам" ба муд даромадааст.
Аз хама бадбахтаринаш ин аст ки сафи модарони кудакони мухочир меафзояд. Кудакони мухочир гоххо мешавад ки дар ин кучахои сарду зарди мулки мардум сарсону саргардон монда зору хор аз хунукиву бесохиби мемиранд. Хафтаи гузашта назди авиакасаи чиптаи хавопаймои чавонзани тахминан 23 солаи тифли кучак ба дастро вохурдам, ки гирёну нолон аз мусофирони ба Точикистон мерафтаги зори мекард ки кудакашро хамрохашон ба Точикистон бубаранд. Хайрон ба наздаш рафтаму матлаб пурсидам.
"Сория ба Русия коркуни меояду тасодуфан бо чавоне аз нохияи Хисор шинос мешавад. Чавон дар Точикистон сохиби зану се фарзанд бошад хам ба Сория ваъдаи зиёд дода уро никох мекунад. Муддати 8 мох зиндаги мекунанд. Ногахони чавонро милисахо боздошт мекунанду барои калбакки будани хуччатхояшон ба ватан депортасия мекунанд. Сория дар Русия бо шиками дамида танхо мемонад. Зани савобчуе уро ба назди момодояе бурда тавлидаш мекунонад. Писар тавлид мекунад. Зани савобчу уро дар хонааш ройгон чой карда аз пайи ёфтани пули рохкиро мешавад. Аммо пул намеёбад. Сория бо азобу машаккат тифлро калон мекунад. Акнун дар 6 мохаги мехохад кудакро ба воситаи ягон кас ба назди модараш фиристаду худ бо мехнати халол кор карда пул чамъ кунад.
-Чаро худат кудакро гирифта ба хона намерави?
-Охир тангае надорам. Дар хона шароити хонаводаамон хеле кашоккона аст. Ин тифлро мефиристам ба як холаи бефарзандам .Пушаймонаму сарсон...............
Дируз боз зани мусалмонеро вохурдам ки гирёну нолон ба масчид омада шикоят кард ки писараш ба Русия омада бо зани миллаташ рус никох карда сохиби ду писарча гардидааст. Аммо зани рус баъди вафоти шавхараш, ки хангоми ообози дар об гарк мешавад, кудаконро ба модараш дода худаш уро бо расму русуми христиани гуру чуб мекунад дур аз расму русуми исломи. Дар гроб андохта чаноза нахонда уро дар кабристони кофарон гур кардаанд.
-Писарам мусулмон ба дунё омаду аз дунё кофар рафт.
Аз чунин никоххои "омехта" магар фарзандони солеху мусулмон ба дунё меоянд?
Магар метавон оилахои солимро ба вучуд овард. Яке аз амалхое ки баъд аз мурдан катъ намегардад, ин фарзанди солех гузоштан мебошад. Кани кафолат ки аз издивочи як мусалмону як католик ё насрони фарзанди солех тавлид меёбад.(дар сурате ки зан ё шавхар исломро кабул намояд, онгах никохи онон кабул мегардад).
Имруз тавре аз мушохидахо бармеояд дар Русия бештари мухочирон "никохи пинхони" мекунанд, ки ин дар ислом харом аст. Чунки хамон никох кабул аст ки кушоду равшан бо будани хешовандони наздик баргузор гардад. Чанде пештар зани молдавание бо чавони точик омада хохиш мекунанд ки онхоро дар масчиди Сенной никохи мусулмони намоянд, вале зан хеч исбот карда натавонист ки аз шавхари якумаш чудо шудааст ё не. Имом аз никох кардани онхо худдори намуд. Аммо рузи дигараш онхо чавони "муллотарошеро" ёфта дар хонаи ичораашон никох карданд. баъди шаш мох шавхари зан аз Молдавия хабар ёфта омаду байни уву чавони точик чанчоли калоне ба вукуъ пайваст.
Аз руйи нишондодхои ислом мард бояд то чанд занеро ки ба никохи худ медарорад, хаматрафа таъмин карда тавонад. Аммо дар Русия никох хеле содаву бе ягон маъракаву одамони худи ба рох монда шудааст. Ё ин ки имруз занеро ба никохи худ медарораду пагохаш уро талок мекунад. Аз хама кори вазнину сиёхро мухочирони точик ба анчом мерасонанд. Хатто моххову соле бекор мемонанду аз бекори ба чиноятхои вазнин даст мезананд. Имруз мебояд дар масчидхои шахрхои Русия домулоимому муллохои донишманд як тартиботи дигарро барои омода будани издивоч мехостагихо фарохам оранд. Хар нафаре ки бо заневу марде никох кардан мехохад аввало бояд масъулияти никохро аз руйи ислом омузад. Баъд онхоро мувофик бо шариат никох намоянд.
Вагарна решаи мустахками точик хамин хел охиста охиста пусиданаш мумкин аст. Мухочират сарнагун месозад фарханг, анъанот, таомул, миллати точикро.
  Илохо, гарк шудем дар бахри исён,
  Умед дорем дуъо аз кулли ихвон
  ШАХЛОИ НАЧМИДДИН
  ШАХРИ САНКТ-ПЕТЕРБУРГ

Комментариев нет:

Отправить комментарий