ШУМО ДАР САХИФАИ КОШОНАИ ШАХЛО БЕШТАР ЧИ ГУНА МАВОДХОРО ДИДАН МЕХОХЕД?

ШАХРИ МАРДУМ-ШАХРИ ЗАРД

ШАХРИ МАРДУМ ШАХРИ ДАРД,

ШАХРИ МАРДУМ ШАХРИ ЗАРД,

ШАХРИ МАРДУМ ШАХРИ ГАРД, 

ШАХРИ МАРДУМ ШАХРИ САРД

Мой список блогов

Популярные сообщения

четверг, 5 мая 2011 г.

ДАРДРЕЗАХОИ ШАХРИ РУС...



НАНГУ НОМУСИ ЗАНИ МУХОЧИР
Санифа бо ду писараш аз шахри Вахдат ноилоч баъди шароити оилавиаш номусоид шудан рохи Русияро пеш мегирад. Шавхараш Саид, ки замоне муаалими мекард, хаминчо дар Питер ба мардикори омада буду хамин тавр дигар мукими шахри мардум шуд. Санифа бо умеди дидору дастгирии шавхар рохи шахри Санкт-Петербургро пеш гирифта буд. Аммо баъди омаданаш ба мулки мардум сарсону пушаймон шуд. Чунки шавхар, падари фарзандонаш ба чониби у хатто нимнигохе накард. Санифа бо ду писар ба бозори Сенной рафта ба корхои майда чуйда машгул шуд. Дар дил ният кардааст ки бо писаронаш дар якчояги мехнат карда пули хона чамъ мекунанд. У дигар номи шавхарашро ба дахон намегирад. Мегуяд ки нангу номус карда бо мехнати халол маблаг чамъ мекунад. Шумораи чунин занхои мухочири аз шавхар чудо хеле зиёд шудааст.
 
  Кори "равганин"
Бо шиносе тасодуфан вохурдам. Гуфт ки ду сол аст ки дар Русия дар як кори сердаромад кор мекардааст. Пурсон шудам ки ба чи коре машгул будааст.
-Дар як хонаи сарватманди руси нав ба сифати сагшуй кор мекунам.
-Чи?
-Ха, чи механди, саги сохиби хонаро мешуяму ба сайр мебарам. Хохи туро хам ба ивази 2000 хазор рубли руси ба кор тугри мекунам. Чи мекуни журналистиро.................
-Майлаш....
-Рузашба чанд рубл медихи?
-1000 рубли руси.
-Ура...(аз дил гузаронидам ки майлаш як худро ба сифати сагшуй тасаввур кунам)
Пагохаш ба чойи гуфтагиаш омадам. Саги калони бадвохимаеро бо банди гарданаш ба наздам оварду гуфт ки дар назди хона ба сайр барорамаш. Дар хаётам сагеро нигохубин накарда будам. Бо тарс аз банди саг доштаму ба куча баровардамаш. Саг як ба суям газаболуд нигох карду аррас заду давид. Аз харос дар чоям шах шуда мондам.
Саги сохиби хонаро бегохи бо мухофизонаш кофта ёфта оварданд. Ман бошам хатто хайрухуш накарда аз бахри сагбони баромада гурехта рафтам.

  МАРГИ МАЧБУРИ
 


 


Точиддин писари ягонаи хонадон буду волидайнашро нигохубин мекард. Бо тоб хурдани чархи гардун у хам рохи Русияро пеш гирифт. Дар Русия худованд барор доду у сохиби давлату кори сердаромад гардид. Ном ба номи Точиддини вахдати буд. Чавонмардони точики Питер аз руйи у ифтихор мекарданд. Дар чое ки одам хаст, хамеша хасаду бахили чой дорад. Чи шуду уро бо тухмат дар махбаси душворшароити шахри Санкт-Петербург махкам карданд. Харчанд додгустари бехтаринро киро карда барои хакикат мубориза бурд, натавонист ки аз тухмати нохак пок гардад. Хануз у туйи домоди накарда чодари бо номаш духтаи модар интизори у дар ватан меистод. Махбаси шудани Точиддини пахлавон зуд дар як дам дар зодгохаш пахн шуд. Модару падар беист ба хамкишлокихояшон занг зада саломатии Точиддини ягонаашонро пурсон мешуданд. Аммо хайхоти насибаи одами, ки рузе ба дусти кадрдони Точиддин занг зада хабар расониданд, ки "гуё Точиддини зиндагидуст худро дар махбас ба дор овехтааст".
-На, бовар намекунам-ин дуруг аст мегирист Неъмат. У хеч бовар карда наметавонист ки Точиддин тарсуву ноумед бошад. Медонист ки у барои худро сафед кардан то охирин нукта мубориза мебарад. Худкуши барои Точиддин барин чавонмарди вахдати бегона буд. Аммо....
Вакте ки Неъмат бо даводавихои зиёд часадро гирифта ба ватан бурдани шуд, одамоне пайдо шуданд ки барои мурдаро бурдан зид баромаданд. Чанг барои мурдаи бегунох(рухи гирёну ноумед) кариб як сол идома ёфт. Окибат часади Точиддини гурамарг ба ватан интикол гардид. Вой бар холи нафаре ки дар мулки мардум Азроил домангираш шаваду дур аз наздикон як катра обе нанушида тарки ин дунёи фиреб бикунад....................

Модари мухочири узбек кумак металабад

Таърихи 29уми шоми соли чори тахминан соати 3-и нисфирузи шахрванди чумхурии Узбекистон вилояти Каттакургон Шодиева Аниса Норбоевна тахминан соати 3и нисфирузи ба бозори Сеннойи шахри Питер омада чавонмарди хайрхох Неъмат Бобочоновро пурсон шуд. Ашк гулугираш карда чизе гуфта наметавонист. Писари чавону зиндадилаш Шодиев Отабек , соли таваллудаш 1977 таърихи 27уми июли соли чори соати 8и бегохи якбора нафасаш мегираду мошини ёрии таъчилиро чег мезананд. Аммо хануз мошини ёрии таъчили нарасида Отабек руйи дастони модари 65 солаи сарсонаш чон медихад. Модар бо фигон накл кард ки писараш дами марг факат
"очачон, мурдан намехохам" гуён дунёро бо дили пурармон тарк кардааст. Апаи Аниса баъди вафоти писар ба диасораи чумхурии Узбекистон мурочиат мекунад, аммо касеро аз мурдани ин мухочир парвое набуд. У чанде пеш дар рузномаи "МЕТРО" акси чавонмарди точик Неъмат Бобочоновро бо маводи журналистони русия дида буду ханузам рузнома дар дасташ махфуз буд. Кофта кофта ба бозори Сенной омадааст ки аз Неъмат кумак талабад.
-Ман гайри худо дар ин мулки мардум ёре надорам. Илтимос якумр хизматгори дари хонаатон мешавам, ба ман кумак намоед. Часади писари гурамаргам дар мулки мардум намонад. Барои интиколи часад ба ватан ери дихед.
У пеши пои Неъмат фитода гиряву зори кард. Неъмат Бобочонов уро аз китфонаш бардошту гуфт:
-Модарчон, бархезед аз замин. Хамааш хуб мешавад. Мо кумак мерасонем дар рохи хайру Худо.
Неъмат Бобочонов бо хамрохии дигар чавонмардони точики бонанг имруз часади ин чавонмарди узбеки мухочирро ба ватан гусел карданд.

  ШАХЛОИ НАЧМИДДИН
ШАХРИ САНКТ-ПЕТЕРБУРГ



   


Комментариев нет:

Отправить комментарий