ШУМО ДАР САХИФАИ КОШОНАИ ШАХЛО БЕШТАР ЧИ ГУНА МАВОДХОРО ДИДАН МЕХОХЕД?

ШАХРИ МАРДУМ-ШАХРИ ЗАРД

ШАХРИ МАРДУМ ШАХРИ ДАРД,

ШАХРИ МАРДУМ ШАХРИ ЗАРД,

ШАХРИ МАРДУМ ШАХРИ ГАРД, 

ШАХРИ МАРДУМ ШАХРИ САРД

Мой список блогов

Популярные сообщения

четверг, 5 мая 2011 г.

ДАРДРЕЗХАОИ ШАХРИ МАРДУМ

Дардрезахои шахри мардум

МАРГИ "ДАРУНИ ОБ"

Мурод бо Сафар солхои зиед дусти доштанд. Он рузи кисматсуз ба Сафар дустонаш занг зада гуфтанд ки хаво хеле гарм асту биеянд ба оббози раванд. Мурод бо дили нохохам ба хотири дусташ розиги дода ба онхо хамрох шуд. Рох ба рох дилаш маюс шуда аз чизи баде гувохи медод, онхо ба як кули калоне расиданд. Либосхояшонро кашида ба кул худро хаво доданд. Муроду Сафар оббози карда ба як мавзеъи чукуре расиданд. Сафар якбора гутта задани шуда дар об панах шуд.
-Ери дех Мурод............
Мурод аввал ахамият надод, вале назорра кард ки Сафар даруни об дасту почак зада панах шуда истодааст. У зуд саросема барои кумакаш шитофт. Сафарро аз миёнаш дошта аз об баровардани шуд. Аммо Сафар аз гардани у чонсарак шуда сахт дошт. Ин дам об хардуро як гел доду харду ба каъри об даромаданд. Сафар бо Мурод чони ширину чавони худро начот додани мешуданд, аммо азроил бо панчахои азими хеш ба пушти онхо панча заду харду боз ба гурамарги рахсипор шуданд. Дустони дигар ки дуртар оббози мекарданд, чонхавлона ба кумак шитофтанд. Аммо хеле дер шуда буд, дер. Хатто часади онхоро наёфтанд. Хамон руз онхо ба дари кумитаи фавкуллодаи шахри Питер равона шуда ариза навиштанд ки хамдиеронашонро аз об бароранд. аммо дар кумитаи фавкуллоади русияги гуфтанд ки вакт надоранд., ки боз"як точикро" ба кофтукоб дароянд. Рузи дигар зиеда аз 400 нафар мухочирони точик ба назди дари кумитаи мазкур омада гирдихамои карданд. Баъдии ин шуриши точикон ноилоч намояндагони кумита рафта ба чустучуйи часадхо даромаданд. Карибии бегохи часадхои мисли пуффак дам кардаи Муроду Сафарри армониро дарёфтанд. Онхоро бурда дар морг супориданд.
  Шахри мардум шахри армон
Шахри мардум шахри сарсон
Шахри мардум шахри хайрон
Шахри мардум шахри пазмон

  Кидат ва разбор
Дар шахри Питер кисми дигари мухочироне вомехуранд ки чое кор намекунанд, факат ба "ёмбош" машгуланд. Аммо аз пул танкисие намекашанд. Чунки онхо "букка" ба хисоб мераванд. Ин буккахои точики аз як шахр ба шахри дигар сафар карда разборхои пулиро хал мекунанду "доляашонро" мегиранд. Доляашон аз даххазор то понздаххазор долларро фаро мегирад. Ин буккахо хамеша буданд ва хастанд. Масалан чанде пештар як нафар прораби точик аз бачахои мухочир карздори сахт шуду пули шашмохаи мехнатии онхоро надод. Буккаи точик "Шурик" бо хамрохии хамрохонаш шабона ба хонаи ичораи у омада ба кавле разбор карданд. Рузи дигар ин прораб аз чои дигар карз карду пули мехнатии мухочиронро дод.

  Схемаи "Кидат"
Дар Питер мухочирони бехуччат хеле зиёданд. Хатто забони русиро намедонанд. Аммо дасти мехнати доранд ва аз вазнинтарину сиёхтарин кор ру намегардонанд. Аз ин бехукукии онхо кордихандагони рус истифода бурда ба кор мегиранду ройгон мехнати онхоро истифода мебаранд. Масалан Чамшед Каримов шахрванди нохияи Гозималик зиеда аз се сол аст ки бо хуччатхои калбаки дар Питер зиндаги мекунад. Дар сохтмонхо кор мекунад. Дар як ширкати сохтмони як сол кор карду ба гайр аз хурока дигар чизеро надидааст. Кордиханда Константин Петрович хафтаи аввал уву хамрохонашро духазор рубли руси доду бо хамин як соли тамом пули калон ваъда карду дар охир онхоро "депортатсия" мекунам гуён аз дар берун кард. Чун Чамшеду хамрохонаш хучатту асноде надоштанд, дигар надонистанд ки ба кучо барои дифои хукукхояшон мурочиат намоянд. Чунки бо ин хуччатхои калбаки касе ба арзу шикояти эшон эътиборе намедихад. Барои хамин кордихандагони питери схемаи кидатро пешаки тархрези карда баъд чунин мухочирони бесаводро ба кор мегиранд.
 
   

Комментариев нет:

Отправить комментарий